Супоришҳои як модар ба духтараш

53

Супоришҳои як модар ба духтараш

Ончӣ дар зер меояд насиҳат ва супориши як зан ба зани дигар аст. Ин зан модарест, ки пояҳои асосии зиндагии муштараки зану шавҳариро ба духтараш меомўзад.

Умми Аёс зане буд, ки дар Ҳиҷоз зиндагӣ мекард. Ӯ бо равиши саҳеҳ зиндагӣ карда ва таҷрибаҳои  дурусти зиндагии муваффақи худро ба духтараш нақл намуд, то ў ҳам зиндагии хубу босафо ва  муваффақе дошта бошад ва дар ҳақиқат мехост, ўро барои зиндагии ояндааш омода намояд.

Духтари ин зан бисёр зебо буд ва марде ба номи Ҳорис ибни Амр, ки раиси қабила буд, ҷамоли ўро дида ва ошиқу шефтааш шуд ва тасмим гирифт бо ў издивоҷ кунад. Шахсеро ба хостгорӣ фиристод ва ў мадҳу таърифи бисёр аз духтар намуд.

Ақди издивоҷ ҷорӣ шуд ва вақти бурдани духтар ба хонаи шавҳар фаро расид.

Дар ин ҳангом модар ба духтараш гуфт:

Азизам, ту духтари боадабу тарбиятшудае ҳастӣ ва ниёзе ба насиҳат надорӣ, вале бидон, ки агар зане ба ҷиҳати сарвати хонаводагиаш аз шавҳар кардан бениёз буд, ба дурустӣ, ки ман бениёзтарини онҳо будам, аммо бидон, ки занон барои мардон офарида шудаанд, ҳамон тавре ки мардон низ барои занон офарида шудаанд.

Духтари азизам, даҳ матлабро ба ту гўшзад мекунам, то ёдгоре аз ман барои ту бошад ва захирае барои зиндагии хуби ояндаат ба ҳисоб ояд.

Матлаби аввал ин аст, ки бо шавҳарат ба таври хуб зиндагӣ кун ва аз ў розӣ бош.

Дуввум, қаноатро дар зиндагӣ пешаи худ соз, ҳарфашро бишнав ва фармонашро итоат кун.

Духтари азизам, матлаби севвум ин ки дар назди ў худро ороста кун ва мабодо, ки ў лаҳзае сару сурат ва вазъи туро зишту нораво бинад.

Чорум, аз хушбуӣ истифода кун ва ҷуз бўи хубу муаттар аз ту ба машомаш нарасад.

Дар вақти хоб ва хўроки ў таъхир наандоз, хўрокро ба мавқеъ омода соз ва басоти хоби ўро дар вақти муайян фароҳам овар, зеро гуруснагӣ инсонро нороҳат мекунад ва нахобидан боиси хашму ғазаби ў мешавад.

Духтарам, матлаби ҳафтум, ки мехоҳам ба ту ёдовар шавам, ин аст, ки моли ўро ҳифз кун.

Роҳнамоии ҳаштуми ман ба ту ин аст, ки риояти ҳоли наздикон, хонавода ва атрофиёнашро бинамо ва эҳтироми онҳоро ба ҷо овар.

Нўҳум дар ҳеҷ чиз ўро нофармонӣ макун, ки агар фармонашро итоат накунӣ, синаашро ба танг овардаӣ ва хашми ўро бар худ харидаӣ ва ҳаргиз асрори ўро фош нанамо, ки агар рози ўро фош кунӣ, аз макри ў дар амон нахоҳӣ буд.

Ва дар охир, дар мавқеи шодии ў ҳаргиз ғамгин набош ва дар ғаму ғуссааш ҳаргиз изҳори шодӣ макун.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.