Таъкид бар издивоҷ ва ташкили хонавода

30

Таъкид бар издивоҷ ва ташкили хонавода

Таъкид бар издивоҷ ва ташкили хонавода, дар аҳодиси набавӣ(с)

Паёмбари Акрам(с) бар издивоҷ ва ташкили хонавода таъкидоти фаровоне доштаанд, ки дар поён, ба чанд намуна аз фармоишоти эшон бар ин масъала ишора мекунем.

Паёмбари Худо (с): Дар Ислом, ҳеҷ биное сохта нашудааст, ки назди Худои Таоло, маҳбубтар аз бинои издивоҷ бошад.

Паёмбари Худо (с): Дар чаҳор ҳангом, дарҳои раҳмати осмон кушода мешавад: …ва дар ҳангоми издивоҷ кардан.

Паёмбари Худо (с): Ҳар кас бар дини ман ва оини Довуд ва Сулаймон ва Иброҳим аст, агар тавони издивоҷ кардан дорад, бояд издивоҷ кунад.

Паёмбари Худо (с): Ҳар кас оини маро дўст дорад, бояд аз суннати ман пайравӣ кунад ва аз ҷумлаи суннати ман, издивоҷ кардан аст.

Паёмбари Худо (с): Издивоҷ кунед, зеро ман дар фардои қиёмат, ба афзунии шумо бар дигар умматҳо менозам, ҳатто ба ҷанини сиқтшудае, ки бо ҳолати қаҳру нороҳатӣ бар дари биҳишт меояд ва ба ў гуфта мешавад: «Ба биҳишт дарой!» ва ў мегўяд: «На. Намедароям, то падару модарам пеш аз ман дароянд».

Имом Алӣ (а): Издивоҷ кунед, зеро Паёмбари Худо (с) фармуд: Ҳар кас дўст дорад, ки аз суннати ман пайравӣ кунад, бидонад, ки издивоҷ кардан, аз суннати ман аст.

Паёмбари Худо (с): Занони беҳамсарро ҳамсар диҳед, зеро бо ин кор, Худои Мутаол ахлоқи ононро некў мегардонаду рўзияшонро васеъ мекунад ва бар муруввати онон меафзояд.

Хонаводаи намуна

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.