Ахлоқи некӯи Паёмбари Акрам(с)

240

Ахлоқи некӯи Паёмбари Акрам(с)

Дар бораи хислатҳо ва вижагиҳои ҳеч паёмбаре ва ҳатто ҳеч шахсияте, ба он андоза, ки дар бораи Паёмбари ислом(с) навиштаанд, навишта нашудааст. Асҳоб, ба қадре дар забт ва китобати хислатҳо ва рафторҳои он ҳазрат(с) ҳарис буданд, ки ҳатто чӣ гуна нишастан ва чӣ гуна бархостан ва чӣ гуна хӯрдан ва ошомидани он ҳазрат(с) ва ҳатто чӣ гуна ва ба чӣ кайфияте хобидани ӯро забту сабт кардаанд.

Дар бораи шамоил ва вижагиҳои он ҳазрат(с) садҳо китоб навишта шуда, ки шояд яке аз беҳтарини онҳо китоби “Шамоил”-и Имом Тирмизӣ бошад.

Имом Абӯҳомид Ғаззолӣ бо такя бар ривоёт ва ахбори саҳеҳа дар китобаш овардааст:

“Расули Худо бурдбортарин, шуҷоътарин, одилтарин ва боиффатарини мардум буд, то ҷое ки дасти муборакаш ҳаргиз ба дасти ҳеч зане, ки аз зердастонаш ва ё аз ҳамсарони ӯ ва ё аз маҳрамони вай набошад нарасида.

Ӯ саховатмандтарини мардум буд, то ҷое ки ҳеч динор ва ё дирҳаме ҳатто як шаб ҳам дар назди ӯ боқӣ намемонд. Агар миқдоре аз пул дар пеши ӯ изофа меомад ва касеро пайдо намекард, ки онро барояш бибахшад ва шабона фаро мерасид, ба манзили хеш барнамегашт то ин ки мӯҳтоҷеро пайдо карда ва онро ба ӯ бидиҳад.

Аз он чӣ Худо насибаш гардонида фақат қути солонаи худ ба монанди миқдоре аз хурмо ва гандум бардошта, боқимондаро дар роҳи Худо сарф мекард.

Ҳеҷ касе аз он ҷаноб(с) чизе наметалабид, магар ин ки онро барояш фароҳам мекард”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.