Кӯдаки иҷтимоӣ

40

Кӯдаки иҷтимоӣ

Чӣ гуна кӯдакамро иҷтимоӣ тарбият кунам?

Иҷтимоӣ будан ба чӣ маъност?

Иҷтимоӣ будан чӣ фоидаҳое дорад?

Иҷтимоӣ будан ба ин маъност, ки фарзанди мо ҷомеапазир бошад. Яъне бо ҳамсинну солони худаш иртибот барқарор карда тавонад, барои худаш дӯст интихоб карда тавонад ва дар ҷомеа, дар байни ҳамсолонаш ва бузрургтар аз худаш битавонад роҳат ҳарфашро бизанад ва хостаҳояшро баён кунад. Бинобар ин, иҷтимоӣ будан ва ё ҷомеапазир будан марҳалаи муҳимме дар рушди кӯдак мебошад.

Хонавода аввалин иҷтмоъ, аввалин ҷомеае аст, ки кӯдак бо он иртибот мегирад ва барқарории иртибот бо модар ва падар аввалин ниёзи иҷтимоии кӯдак дониста мешавад.

Инсонҳо ба сурати гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба дунё меоянд ва тамоми зиндагии худро ба унвони баъше аз як ҷомеа сипарӣ мекунанд. Ба ҳамин хотир ҷомеапазир будан ва иҷтимоӣ буданро наметавон аз шахс ҷудо кард.

Кӯдак ҳам узве аз ҷомеа аст ва бо барқарории иртибот дар шаклҳои гуногун бо падару модари худ эҳсоси амнияту хушҳолӣ мекунад.

Бо идома додани ин кор, сатҳи равобити иҷтимоии кӯдак дар оғӯши хонавода густариш пайдо мекунад ва ҷомеа, хешовандон ва дӯстонро низ дарбар мегирад.

Вақте падару модар нисбат ба мавзӯи иҷтимоӣ шудани кӯдак шинохт ва огоҳӣ пайдо мекунанд, масъала осонтар мешавад.

Дар ин навишта ба ҳамин манзур ба муаррифии масоили иҷтимоӣ шудани кӯдак пардохта мешавад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.