Кӯдаки эҷодкор ва халлоқ

267

Халлоқият ва эҷодкории кӯдакон

Сармашқ ва улгуи халлоқияти фарзандатон бошед

Падару модар барои фарзандон сармашқ ва улгуе ҳастанд. Агар кӯдак волидайнро дар ҳоли сохтан ё таъмир кардани чизе бубинад, ӯ ҳам ёд мегирад ва аз шумо тақлид мекунад.

Ба корҳои эҷодкорона ва халлоқонаи кӯдаки худ фикр кунед ва барои кӯдак тавзеҳ диҳед ва аз ӯ бихоҳед ин корҳоро анҷом диҳад.

Ба кӯдакон ҳаққи интихоб диҳед то барои мустақил фикр кардан, омода бишаванд ва тарсе надошта бошанд. Бигзоред навъи хӯрок, либос, бозичаҳо ва бозиҳоро худашон интихоб кунанд.

Албатта эҷоди маҳдудият барои интихобҳо лозим аст ва ин гуна ҳам нест, ки кӯдакон ҳар коре, ки дилашон бихоҳад анҷом диҳанд.

Агар кӯдаки шумо ҳама чизро бо ҳам бихоҳад, чанд ҳаққи интихоб ба ӯ медиҳед ва аз ӯ мехоҳед, аз байни инҳо интихоб кунад. Агар хост дар ошхона бозӣ кунад, всоили маҳдуде дар ихтиёри ӯ мегузоред ва ошхонаро ба шакли як утоқи сеҳромез ё озмоишгоҳ ороиш медиҳед.

Аксари кӯдакон дар синни панҷ то шашсолагӣ дунёи худро доранд. Қувваи тахайюл яке аз тавоноиҳои кӯдак аст, ки доштани он бисёр неъмати хубест. Бо дӯстони хаёлии ӯ сӯҳбат кунед, ҳатто вақте дӯсти хаёлии ӯ ҳузур надорад, дар мавридаш бо фарзандатон сӯҳбат кунед ва суроғашро бигиред.

Дар дунёи тахайюлии кӯдак қарор бигиред ва то замоне ки иштибоҳи хатарноке накардааст, ё осебе кӯдакро таҳдид намекунад, ӯро ҳамроҳӣ кунед. Бо ин корҳо зеҳни халлоқ ва эҷодкоронаи кӯдакро парвариш медиҳед.

Зеҳни халлоқ ва эҷодкор ба кӯдаки шумо кумак мекунад, ҳангоми рӯбарӯ шудан бо мушкилот, аз роҳҳои гуногуне истифода кунад ва ба роҳи ҳалли муносиб бирасад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.