Нигоҳе ба равишҳои тарбияти кўдак

220

Нигоҳе ба равишҳои тарбияти кўдак

Бархе донишмандон бар асоси наҳваи тарбияти кўдак, чаҳор сармашқи тарбиятӣ ироа кардаанд. Бо мутолиаи манобеи исломӣ, метавон сармашқи панҷумеро ироа намуд. Дар идома ин панҷ сармашқро баррасӣ мекунем.

1 – Сармашқи тарбиятии мубтанӣ бар сахтгирӣ

Ин сармашқи тарбиятӣ, ки бештар дар миёни насли гузашта ҷараён дошт, кўдаконе тарбият мекард, ки чун муҳаббат намедиданд, аз назари отифию равонӣ дучори изтироб ва танишу афсурдагӣ ва гоҳе худкушӣ мешуданд, аммо ба ҷиҳати сахтгирӣ пурталошу масъулиятпазир буданд. Волидан ба ин ҷиҳат ба фарзандони худ муҳаббат намекарданд, ки онҳо ба истилоҳ лус нашаванд ва мўътақид буданд, ки таърифу тамҷид мўҷиби лус шудани онҳо мешавад.

2 – Сармашқи тарбиятии мубтанӣ бар муҳаббат ва адами қотеият

Дар ин сармашқ, ки дар вокуниш ба сармашқи аввал шакл гирифт, фарзандони лус, заиф-ун-нафс, вобаста, пуртаваққўъ ва аз лиҳози отифӣ кўдаксифат тарбият мешаванд, дар баробари мушкилот муқовиму сабур нестанд ва дар зиндагии хонаводагию иҷтимоияшон ба шиддат дучори мушкил мешаванд, ҳарчанд аз лиҳози отифӣ камтар эҳсоси камбуд мекунанд. Дар ин сармашқ, волидайн мўътақиданд, ки ҳақ ҳамеша бо фарзандон аст. Кўдак ҳарчи мехоҳад, бояд дар ихтиёраш гузошт ва набояд гузошт, ки нороҳат шавад.

3 – Сармашқи мубтанӣ бар адами муҳаббат ва адами қотеият

Ин сармашқи тарбиятӣ кўдаконе тарбият мекунад, ки чун муҳаббат намебинанд, аз назари отифӣ дучори ихтилол ҳастанд ва чун қотеият дар бораи онон вуҷуд надорад, мубтало ба базаҳкорию хилофкорӣ мешаванд

4 – Сармашқи тарбиятии мубтанӣ бар муҳаббату қотеият

Дар ин сармашқи тарбиятӣ, кўдакон ҳам аз лиҳози отифӣ ирзо мешаванд ва ҳам сахткўшу сабур ва масъулиятпазир тарбият мешаванд.

Донишмандон ин сармашқро беҳтарин сармашқи тарбияти кўдак медонанд. (Муваффақият дар тарбияти фарзандон, саҳ.61).

Аммо назари Ислом дар ин бора чист?

Дар омўзаҳои дин мабоҳиси бисёр ва парокандае дар ин бора вуҷуд дорад, аммо муҳим ин аст, низоми ҳоким бар онҳоро бишносем ва сармашқи тарбиятие аз онҳо ба даст оварем. Ба назар мерасад сармашқе, ки аз маҷмўи мутуни Қуръону ҳадис ба даст меояд, сармашқе аст, ки дар сармашқи панҷум аз он сухан хоҳем гуфт.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.