Саховату бахшандагии кӯдакон

69

Саховату бахшандагии кӯдакон

Чӣ гуна бахшандагиро ба кӯдакам омӯзиш диҳам?

Омӯзиши бахшандагӣ ба кӯдакон аз кадом син ва ба чӣ равише анҷом мешавад?

Саховату бахшандагӣ сифатест, ки ҳамаи мо падару модарон мехоҳем, фарзандамон аз мо ва ё аз атрофиёнаш ёд бигирад. Аммо гоҳе вақтҳо, ин сифати хуби ахлоқӣ, мумкин аст, он гуна ки мо мехоҳем, дар кӯдакамон парвариш наёбад.

Саховату бахшандагӣ дар кӯдакон, бо тақсими васоили шахсӣ бо дигар ҳамсинну солҳояшон оғоз мешавад.

Омӯзиши бахшандагӣ ва саховатмандӣ ба кӯдак яке аз масоилест, ки зеҳни бисёре аз падару модаронро ба худ машғул сохтааст. Кӯдакони панҷ-шашсола ба хубӣ дар марҳалаи иҷтимоӣ шудан қарор доранд. Дӯстиҳо дар ин син аҳамият пайдо мекунад ва фаъолиятҳои гурӯҳӣ ва бозиҳои гурӯҳӣ дар ин син яке аз саргармиҳои мавриди алоқаи кӯдакон аст. Дар ин даврон, кӯдаки шумо даврони саховатмандонае хоҳад дошт. Кӯдакон дар ин даврон, ҳангоми бозӣ бо белчаву мошинчаашон навбат мегиранд, ё кулчаҳои худро бо дӯсташон тақсим мекунанд.

Албатта ин иқдомот ҳамеша мувофиқи хостаи шумо рух намедиҳад, ки комилан табиист ва набояд шуморо нигарон кунад. Кӯдакони панҷ-шашсола (зери синни мактабӣ) ҳанӯз аввал ба фикри худашон ҳастанд ва сипас дар бораи дӯстонашон фикр мекунанд. Онҳо ҳамчунон арзиши зиёде барои доштаҳои шахсиашон қоил ҳастанд. Бинобар ин, ба роҳатӣ онҳоро бо дӯстонашон тақсим намекунанд.

Роҳҳои омӯзиши саховату бахшандагӣ ба кӯдакон

1 – Кӯдакон ин корро довталабона анҷом медиҳанд ва вазифаи шумо ин аст, ки довталабона будани рафтори кӯдаки худро дар ин марҳала нишон диҳед.

2 – Намунае аз худхоҳиро баён кунед.

3 – Арзиши пулро ба кӯдаки худ биомӯзед.

4 – Бо кӯмаки китобҳо ва достону ҳикоёт, бахшандагиро ба кӯдак биомӯзед.

5 – Саъй кунед ба дигарон кӯмак кунед.

Ин як идеяи олӣ барои муаррифии бахшандагӣ ва саховат ба фарзанди шумост. Вақте касе кори хубе барои шумо анҷом дод, шумо нохудогоҳ лабханд рӯи лабонатон менишинад. Шояд аввалаш ин кор барои фарзандатон қобили дарк набошад, вале агар чеҳраи меҳрубони дигарон мавқеи кӯмак карданатонро бинад, дар зеҳнаш сабт мешавад.

Омӯзиши бахшандагӣ ба кӯдакон дар муҳити мактаб ва боғчаи бачагон

1 – Тақдиру ташаккур аз кӯдакон дар муҳити боғча ва мактаб.

2 – Дар мактабу боғча барои сулҳ ва корҳои башардӯстона пул ҷамъ кунед.

3 – Вуруд ба корҳои хайрия.

4 – Суханронии кӯдакон дар бораи касоне, ки ба онҳо бахшандагӣ омӯхт.

5 – Мушорикати кӯдакон дар зебосозии мактабу боғча.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.