Нақши зан дар истиҳкоми хонавода

142

Нақшҳое, ки зан бо иҷрои он дар зиндагӣ метавонад сабаби мустаҳкам шудани хонавода ва эҷоди рӯҳ ва равон дар оила шавад иборатанд аз:
1. Эҳтиром ва такрими шавҳар
Зан бояд диққат дошта бошад, ки эҳтироми ӯ нисбат ба шавҳар ҳам як ниёзи равонӣ ва омили алоқаву муҳаббати бештари шавҳар нисбат ба ӯст. Ба ҷойи дар назар гирифтани хусусиятҳои манфӣ, беҳтар аст вижагиҳои мусбатро дар назар бигирем ва ба онҳо таваҷҷуҳ кунем. Бинобар ин аз масхара кардан, маталак гуфтан, сарзаниш кардан ва ба рух кашидани якдигар бояд дури кард. Ингуна рафторҳои нодуруст сабаби зиёд шудани муқовиматҳои равонӣ дар тарафи муқобил мешавад ва идомаи зиндагии заношуӣ ва иртиботро сахт мекунад.
Вақте ки шавҳар дар хона бо бадахлоқиҳои ҳамсараш рубару мешавад аз тарафе дар беруни хона бо ишвагарӣ ва нози занҳои бераҳа рубару мешавад ва бо ханда ва шухӣ ва дилбари шавҳарро ҷазб мекунанд ошкор аст, ки мард ҳар чанд бо имон бошад, билохара рӯзе дар баробари деви қавии шаҳват ва ҳавои нафс аз по меафтад ва таслими ҳавоҳои нафсонии занҳои шайтонсифат мешавад. Онвақт аст бо ғарқ шудан дар гуноҳ ва фасод, оромиши рӯҳ ва беҳдошти равон дар оила ва ҷомеа аз ҳам мепошад.
Он вақт аст, ки бояд ба занҳо бигуем, ки худкардаро тадбир нест.
2. Ҳамдилӣ ва ҳамроҳи бо шавҳар
Зан бояд масъала ва мушкилоте, ки шавҳар дар идораи зиндагӣ дар пеши руи худ дорад бо ӯ ҳамдили кунад ва ин ҳамдилиро ба суратҳои гуногун ошкор намояд. Эҳсоси ҳамдилие ки шавҳар дар ҳамсари худ мебинад, ғайрат барои муқобила бо сахтиҳо ва нерӯи равонии ӯро афзойиш медиҳад.
Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд:

“ایاک و الجزع فانه یقطع الامل و یضعف العمل و یورث الهم”

“Аз беқарорӣ ва бе сабрӣ сахт парҳез кун, чун бе сабрӣ ва надоштани тоқат, корҳоро ноқис мегардонад ва ғаму ғусса ба вуҷуд меояд”.
Дар айниҳол нороҳат шудан ва ғам хурдан усулан як ҳолати эҳсосӣ ва табиӣ аст. Ҳарчанд пур эҳсостар бошад дар баробари масоил, мавонеъ ва мавзуоти нигаронкунанда бештар аксуламал нишон медиҳад. Бо кобуси сиёҳии ғам ва ғусса даст ба гиребон мегардад. Лизо бо сабр ва таҳаммули бештар метавон оромишро дар хонавода барқарор намуд.
3. Шокир будан ва қаноатпешагӣ
Зан дар баробари ҳамроҳии бо шавҳар барои беҳбуди вазъи зиндагӣ руҳияи шукргузорӣ, қаноат, ва сипосгузорӣ аз ончи дар зиндагӣ ҳосил шуда  дошта бошад дар бинои хонаводаи самим ва мустаҳкам бисёр боасар хоҳад буд. Ҳазрати Алӣ(к) дар мавриди покдоманӣ ва қаноат мефармояд:

“علی عقل الرجل بالعفة و القناعة”

“Покдоманӣ ва қаноат далел бар ақли инсон аст.”
4. Парҳез аз айбҷуии шавҳар
Зан ва шавҳар дар айниҳоле, ки бояд айбҳо ва норасоиҳои якдигарро шиносои карда ба якдигар тазаккур диҳанд ва барои рафъи онҳо талоши муштарак дошта бошанд. Бояд муроқиб бошанд руҳияи айбҷӯӣ нисбат ба якдигарро пайдо накунанд.
5. Иффат ва чашмпушӣ аз ғайр
Иффати зан ҳифзи худ дар муқобили афроди номаҳрам ва вафодории комил нисбат ба шавҳар аст. Дар зиндагии хонаводагӣ камоли руҳии шавҳар ғайрат ва камоли руҳии зан, иффати ӯст. Ин ду сифат дар канори якдигар хонаводаро дар дарун ба сӯи ваҳдати руҳӣ самимият ва ишқ байни зану шавҳар суқ медиҳад ва аз олудагиҳои ахлоқии хонавода ва ҷомеа ҷилавгирӣ мекунад.
6. Мудирият ва тадбири умури хона
Мудирият ва идораи оила бештар ба уҳдаи зан аст. Ин мудирият ҳам дар ҷанбаи отифӣ ва равонӣ аст ва ҳам дар идораи умури ҷории манзил, ҳарчанд шавҳар дар ду ҷанба бояд шарик ва саҳим бошад, лекин тадбири асосиро зан ба уҳда гирад. Лизо бояд барои эҷоди фазои муносиби отифӣ ва равонӣ ва низ эҷоди муҳити зебо ва нишотбахш дар хона  зан барномарезӣ кунад ва ҳатто дар сурати ниёз, омузишҳои лозимро бубинад, то беҳтар битавонад дар хона як мудири хуб ва муваффақ бошад. Барномарезӣ ва назм дар зиндагӣ метавонад бахши муҳимме аз ихтилолот, ошуфтагиҳо ва нигарониҳоеро, ки аъсоб ва бадани инсонро олуда ва фарсуда месозад пешгирӣ ба амал оварад.
Зиндагии муштарак бидуни вуҷуди арзишҳо ва ҳадафҳои боло қобили истимрор нест. Ду ҳамсар дар зиндагӣ бояд аз иззати нафс ва эҳтиром бархурдор бошанд, марду зани ҷавон дар сурате метавонанд чунин руъёиро дар робита бо якдигар дар пеш гиранд, ки худ бузургманиш ва дорои иззати нафс бошанд ва ё ҳамзамон онро дар худ тақвият намоянд ва бо барномаи дуруст зиндагии худро идора кунанд.
Имом Ҳасан(рз) мефармояд: “вақтҳои рӯзонаи худро ба чаҳор бахш ихтисос диҳед:”
Бахшеро барои хилват ва розу ниёз бо Худо ихтисос диҳед.
Бахшеро барои таъмини зиндагӣ ба кор ва фаолият бипардозед.
Бахшеро барои муошират ва рафту омад бо бародарон ва дустон дошта бошед.
Бахшеро барои истироҳат ва тафриҳҳоти солим дошта, то аз нишот ва нерӯе, ки аз ин ру ба даст меоваред битавонед дар бахшҳои дигари ибодат ва тиҷотат ва муошират тамаркузи аъсоб ва муваффақият каст кунед.”
Бор илоҳо!  Ба мо тавфиқ деҳ ки ҳаргиз дар зиндагии худ аз марзи еътидол берун наравем ва за ҳаргуна зиёдарави бипарҳезем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.