Ташвиқи муассири кӯдак чӣ гуна аст?

43

Ташвиқи муассири кӯдак чӣ гуна аст?

Чӣ гуна кӯдакамонро ташвиқ кунем?

Агар ташвиқи кӯдак нодуруст анҷом шавад, натиҷаи баръакс хоҳад дод. Яке аз иштибоҳоти волидайн ин аст, ки аз равишҳои нодуруст ва ғайримуассир барои ташвиқи кӯдакон истифода мекунанд.

Хуб, чӣ кор кунем ки ташвиқи кӯдакамон муассир ва муфид бошад?

Ташвиқи муассир ҳангоме анҷом мегирад, ки дар замони муносиб сурат гирад. Барои он ки бештарин таъсиргузориро дошта бошед, ба ҷои натиҷаи кор, бар мизони талош ва фаъолиятҳои фарзандатон бештар таваҷҷӯҳ кунед ва бо ташвиқҳои каломиатон онҳоро тақвият намоед.

Барои мисол агар кӯдак барои рақобат бо ҳамсолони худ талош мекунад, метавонед ба ӯ бигӯед, ки мо ба талошҳои ту ифтихор мекунем ва ҳар натиҷае, ки ба даст оварӣ, барои мо арзишманд аст.

Бо ташвиқи дуруст ва бамавқеи кӯдакатон таъсири мусбате бар саломати равонии фарзандатон мегузоред.

Аз ҷумла таъсироти муассири ташвиқи кӯдакон метавон ба мавориди зер ишора кард:

– Бештар барои худ арзиш қоил хоҳад буд, хударзишмандӣ дар ниҳоят кӯдакро ба иззати нафси болотар мерасонад.

– Тақвияти иззати нафс, иззати нафси боло дар ниҳоят руҳияи афродро шодтар нигаҳ медорад ва эҳтимоли муваффақиятр дар ҳавзаҳои мухталифи зиндагӣ афзоиш медиҳад.

– Афзоиши талош ва давом ёфтани рафторҳои хушоянд дар фарзанд.

– Афзоиши ангезаҳои дарунӣ.

Саломатии равони муносиб дар ниҳоят аз рух додани ихтилолоти мухталиф, монанди афсурдагӣ ва анвои ихтилолоти изтиробӣ пешгирӣ хоҳад кард.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.