Ташвиқи кӯдакон

43

Ташвиқи кӯдакон

Чаро бояд кӯдаконро ташвиқ кунем?

Ташвиқи кӯдак чӣ фоидае дар тарбияти ӯ дорад?

Дар мавриди ташвиқи кӯдакон чӣ медонед?

Яке аз беҳтарин роҳҳои тарбияти муассири кӯдакон, ташвиқи онҳост.

Дар мавриди таъсири ташвиқ бар кӯдакон чӣ медонед?

Ҳар падару модаре дар паи роҳҳои муассиру таъсирбахш ва натиҷабахш барои тарбияти фарзандашон ҳастанд. Бинобар ин ҳар падару модаре барои он ки ба ҳадафашон бирасанд, аз беҳтарин равишҳои фарзандпарварӣ ва тарбиятӣ, ки ба зеҳнашон мерасад, истифода мекунанд, аммо ҳамин волидайн агар аз таъсири методҳои тарбиятии худ огоҳии бештаре дошта бошанд, бисёре аз бархурдҳо ва рафторҳояшонро амалӣ намекарданд, ё бисёре аз рафторҳои дигареро ҷойгузини он равишҳо мекарданд.

Подош ва ташвиқи кӯдакон ҳатман муассир аст, аммо подош ва ташвиқҳои ғайриусулӣ таъсири манфӣ бар кӯдакон гузошта ва аз ҳадафҳои тарбиятӣ волидайнро дур месозад.

Пас барои он ки битавонед рафторҳои ғалати фарзандонро ислоҳ кунед лозим аст, ки каме зербинонатар ба равишҳои ташвиқ ва танбеҳи кӯдаки худ таваҷҷӯҳ кунед.

Дар идомаи матлаб саъй мекунем дар бораи паёмадҳои ташвиқи кӯдакон бештар ошно шавем.

Баҳси аввал: Чаро бояд кӯдаки худро ташвиқ кунем?

Кӯдакон зотан ба дарёфти подош ва ташвиқ ниёз доранд, чаро ки ин кор ба онҳо ангезаи лозим барои анҷоми корҳояшонро медиҳад.

Дар ҳақиқат, онҳо барои анҷоми корҳои рӯзонаи худ ё дастёбӣ ба аҳдофи хос, дар ҳар марҳала аз рушд, назири роҳ рафтан, хӯрок хӯрдан, нишастан, рафтан ба мактаб ва ғайра, ба доштани ангеза ва дарёфти ташвиқ ниёз доранд.

Ин агеза дар осонтар шудани анҷоми ин корҳо, ба онҳо кӯмак мекунад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.