Издивоҷи осон аз дидгоҳи Қӯрони карим

152

Қӯрони карим қонуни зиндагии инсон аст. Оятҳои он барои танзими барномаҳои зиндагии инсон омадааст ва то қиёмат посухгӯ мебошад аз ин рӯ барои мусалмонон лозим аст, ки зиндагии хӯдро бо ин оёти нӯронӣ мувофиқ кунанд, то ба саодати абадӣ бирасанд ва гирифтори хато ва гумроҳӣ нашаванд.
Яке аз масоиле, ки ҳамарӯза ҷомиа бо он сару кор дорад, масалаи издивоҷи ҷавонон аст. Оё Қурони карим дар ин маврид сухан гуфта аст? Оё амал ва рафтори мо дар ин масъала бо барномаи Қурон карим ва суннати Пайғамбари аъзам (с) мувофиқ аст ё на? Барои посух ба ин суволҳо ва чандин суволи дигар дар ин замина ба суроғи ояти аз Қурон карим ки ҷараёни издивоҷи ҳазрати Мӯсо(а) ро баён мекунад меравем, то иншоаллоҳ барномаи дуруст ва писанди Қурон карим  ва суннати Паёмбари азимушшаън(с) ро бишносем ва ба он амал кунем. Ин шоаллоҳ.
Баъд аз ин ки ҳазрати Мӯсо(а) хӯдро муарифӣ кард ва яке аз духтарони Ҳазрати Шуайб(а) бо зикри далоиле пешнаҳоди истихдоми ҳазрати Мӯсо(а) ро қабул намӯд ҳазрати Шуайб(а) фармӯд:

قالَ إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنْكِحَكَ إِحْدَى ابْنَتَيَّ هاتَيْنِ عَلى أَنْ تَأْجُرَنِي ثَمانِيَ حِجَجٍ فَإِنْ أَتْمَمْتَ عَشْراً فَمِنْ عِنْدِكَ وَ ما أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ سَتَجِدُنِي إِنْ شاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّالِحِينَ

(Ҳазрати Шуайб(а)) гуфт: ман мехоҳам яке аз ин дӯ дӯхтарам ро ба ҳамсарии тӯ дар оварам ба ин шарт ки ҳашт сол барои ман кор кунӣ ва агар онро то даҳ сол зиёд кунӣ, муҳаббате аз ноҳияи тӯст; ман намехоҳам кори сангине бар дӯши тӯ бигзорам ва иншоаллоҳ манро аз солиҳон хоҳӣ ёфт.
Аз ин гуфтугӯ метавон ин паёмҳоро бардошт кард:
1.    Ғаризаи ҷинсиро ҷиддӣ бигирем, ҳатто дар хонаи пайғамбар барои саломатии муҳити хона ва кор, аввал ба амри издивоҷ иқдом ва сипас ба истихдом таваҷҷуҳ мешавад. إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنْكِحَكَ- عَلى أَنْ تَأْجُرَنِي
2.    Пешниҳоди издивоҷ аз тарафи падари духтар монеъе надорад.  إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنْكِحَكَ
3.    Падари духтар пешниҳодаш ро ҷиддӣ ва воқеъи ва қотиъона баён кунад. إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنْكِحَكَ
4.    Падари духтар дар масалаи никоҳ ҳаққи вилоят дорад. إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنْكِحَكَ
5.    Ҳама ҷо риояти навбат миёни духтарон дар амри издивоҷ лозим нест бино барин агар домод дорои шароит пайдо шуд бузургӣ ва кучакӣ духтаронро баҳона накунем. إِحْدَى ابْنَتَيَّ
6.    Ақди дӯто хоҳар дар як замон мамнӯъ аст. إِحْدَى ابْنَتَيَّ
7.    Духтару писар метавонанд дар  ҳангоми хостгорӣ ҳамдигарро бубинанд.
8.    Издивоҷ бо маҳрия ҳамроҳ аст. عَلى أَنْ تَأْجُرَنِي
9.    Лозим нест маҳрия, мол ва сарват бошад.  عَلى أَنْ تَأْجُرَنِي
10.    Лозим нест маҳрия билфеъл бошад, балки метавонад билқувва бошад. عَلى أَنْ تَأْجُرَنِي
11.    Падари духтар ҳангоми суҳбат ва гуфтугӯ дар бораи маҳрия ҳадди ақал мавриди қабӯлро пешниҳод кунад ва додани маҳрияи бештарро дар ихтиёри домод бигзорад.
عَلَی أَنْ تَأْجُرَنِي ثَمانِيَ حِجَجٍ فَإِنْ أَتْمَمْتَ عَشْراً فَمِنْ عِنْدِكَ
12.    Қарордод бояд шаффоф бошад. عَلى أَنْ تَأْجُرَنِي ثَمانِيَ حِجَجٍ فَإِنْ أَتْمَمْتَ عَشْراً فَمِنْ عِنْدِكَ
13.    Корҳои худро рангӯ бӯи Худоӣ ва маънавӣ бидиҳем. ثمانی ححج
14.    Падари духтар дар баргузории маросими издивоҷ ва пардохти маҳрия сахтгирӣ накунад ва ба домод фишор наёрад. ما أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ
15.    Ба маҳрия садоқ гуфта мешавад (صدقاتهن نحله) яъне нишонаи садоқати домод аст интиҳои марзии исботи ин садоқат то марзи машаққат аст. ما أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ
16.    Ба домод ӯмед ва оромиши хотир ро навиду мужда бидиҳед. سَتَجِدُنِي
17.    Бе истимдод аз Худо ва гуфтани иншоаллоҳ барои оянда ваъда надиҳем. سَتَجِدُنِي إِنْ شاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّالِحِينَ
18.    Яке аз роҳҳои солеҳ шудан сахтгирӣ накардан ба коргарон ва зердастон аст. ما أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ- سَتَجِدُنِي إِنْ شاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّالِحِينَ
19.    Осон гирифтан дар амри издивоҷи фарзандон, заминаи солеҳ шуданро барои инсон фароҳам мекунад. ما أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ- سَتَجِدُنِي إِنْ شاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّالِحِينَ
Пас падару модаре, ки ҷавоне дорои шароите пайдо карданд, хӯд пешниҳоди издивоҷи духтарашонро доданд ва бӯзӯргию кӯчакӣ ва риояти навбатро дар мавриди духтар мунтахаб ва надоштани имконоташро баҳона накарданд ва дар таъйини маҳрия ва анҷоми амри издивоҷ ба домод фишор наёварданд ва сахтгирӣ накарданд, инсонҳои солеҳе ҳастанд.
Солеҳ шудӣ чи мешавад?
1.    Ҳамроҳӣ бо солиҳон дуои пайғамбарон аст. و الحقنی بالصالحین
2.    Доштани баракот барои наслҳои баъд.  کان ابوهما صالحا
3.    Тамоми мусалмонон дар намозҳояшон аз Худо, роҳи солеҳонро мехоҳанд. صراط الذین انعمت علیهم- اولئک مع الذین انعم الله علیهم…
4.    Тамоми мусалмонон ҳама рӯза борҳо дар намозҳояшон дуруд ва салом мефиристанд. Дар ташаҳҳуд мехонем السلام علینا و علی عباد الله الصالحین яъне, салом бар мо ва бар падари арӯси бе дарди сар.
Фоидаи салом фиристодан чист?
Салом фиристодан яъне ин ки ман дӯст дорам, ки шумо дар амният бошед( яъне мехоҳем ки тамоми хубиҳо насиби шумо шавад ва аз тамоми бадиҳо маҳфӯз ва дар амон бошед).
Мумкин аст сахтгирӣ дар амри маҳрия ба дӯ сабаб бошад: 1) Падари духтар бо пешниҳоди маҳрияи сангин дунболи манфаъати зиёд аст. 2) Падари духтар бо пешниҳоди маҳрияи сангин ба дунболи рафъи нигаронӣ хӯд аз ояндаи (талоқ) духтараш аст.
Дар ҳоле ки ба баракати дуои мусалмонон ба хотири осонгирӣ падару модар ба ҳардӯ ҳадаф мерасанд бо ин тавзеҳ ки он чи ба салоҳи онҳо ва боиси хӯшбахтии ишон бошад мерасад ва аз бадиҳо дар амон хоҳанд монд.
Посух ба чанд сувол дар бораи ин издивоҷ
А: оё аз назари фиқҳӣ саҳеҳ аст, духтаре ки мехоҳад ба издивоҷи касе дар ояд, дақиқан маълӯм набошад, балки ба ҳангоми иҷрои сиғаи ъақд гуфта шавад яке аз ин дӯ духтар ро ба издивоҷи тӯ дар меоварам.
Маълӯм нест, ки иборати фавқ ба ҳангоми иҷрои сиға гуфта шуда бошад балки зоҳир ин аст, ки гӯфтӯгӯи муқаддимоти ва ба истилоҳ (муқовила) аст то баъд аз мувофиқати Мусо, тарафайн якдигар ро интихоб кунанд ва сиғаи ъақд ҷорӣ шавад.
Б) оё метавон маҳр ро ба сурати маҷҳӯл ва мураддад миён каму зиёд қарор дод?
Аз лаҳни оят ба хӯбӣ бар меояд, ки маҳрияи воқиъӣ ҳаштсол хидмат кардан бӯда аст ва дӯ соли дигар матлабе бӯда аст мавкӯл ба ирода ва майли Мусо.
В) усулан оё метавон кор ва хадамотро маҳрия қарор дод?
Ҳеч далеле бар набуди ҷавози чунин маҳре вуҷуд надорад, балки итлоқоти адиллаи маҳр дар шариати мо низ ҳар чизеро ки арзиш дошта бошад шомил мешавад.
Г) чигӯна метавон бо ҳамсаре ҳамбистар гардид дар ҳоле, ки ҳанӯз замони пардохти маҳрияи ӯ фаро нарасидааст ва ҳатто қудрат бар пардохти ҳамаи он якҷо надорад?
Ин ҳам лузуме надорад, ки тамоми маҳрро якҷо бипардозанд, ҳамин андоза ки тамоми он дар зиммаи шавҳар қарор гирад ва зан молики он шавад кофӣ аст, асли саломат ва истисҳоб низ ҳукм мекунад ки шавҳар зинда мемонад ва тавоноӣ бар адои ин хидматро дорад.
Д) усулан чи гӯна мумкин аст хидмат кардан ба падар, маҳри духтар қарор дода шавад? Магар духтар колое аст, ки ӯро ба он хидмат бифурушанд?
Бидуни шак Ҳазрати Шуайб аз сӯи духтараш дар ин масъала иҳрози ризоят нимуда ва ваколат дошт, ки чунин ъақдеро иҷро кунад ва ба таъбири дигар молики аслӣ дар зиммаи Мӯсо, ҳамон духтари ҳазрати Шуайб(а) бӯд, аммо аз онҷо ки зиндагии ҳамаи онҳо ба сурати муштарак ва дар ниҳояти сафо ва покӣ мегузашту ҷудоӣ дар миёни онҳо вуҷуд надошт( ҳамонгӯна ки ҳам акнӯн дар бисёре аз хонаводаҳои қадимӣ ё рӯстоӣ дида мешавад, ки зиндагии як хонавода комилан ба ҳам омехтааст) ин масъала матраҳ набӯд, ки адои ин дайн чигӯна бояд бошад, хулоса ин ки молики маҳр танҳо духтар аст на падар ва хадамоти Ҳазрати Мӯсо(а) низ дар ҳамин тариқ бӯд.
Ж) маҳрияи духтари Ҳазрати Шуайб(а) маҳрияи нисбатан сангине буда, зеро агар ба ҳисоби имрӯзи кори як коргари маъмулиро дар як моҳ ва яксол муҳосиба кунем ва сипас онро дар адади 8 зарб  намоем маблағи қобили мулоҳизае мешавад.
Аввалан ин издивоҷ як издивоҷи сода набӯд, балки муқаддимае бӯд барои мондани ҳазрати Мӯсо(а) дар мактаби ҳазрати Шуайб(а), ва муқаддимае бӯд барои ин ки ҳазрати Мӯсо(а) як донишгоҳи бӯзӯргро дар ин муддати тӯлонӣ тай мекунад ва Худои мутаол  медонад, ки дар ин муддат ҳазрати Мӯсо(а) чиҳо аз (пири Мадян) ҳазрати Шуайб(а) фаро гирифт. Аз ин гузашта агар ҳазрати Мӯсо(а) ин  муддатро барои ҳазрати Шуайб(а)  кор мекард, дар иваз ҳазрати Шуайб(а) низ тамоми зиндагии Ӯ ва ҳамсарашро аз ҳамин тариқ ва аз ҳамин роҳ, таъмин менамӯд, бинобар ин агар ҳазинаи ҳазрати Мӯсо(а) ва ҳамсарашро аз музди ин кор кам кунем, маблағи зиёде нахоҳад монд ва тасдиқ ҳам хоҳем кард маҳри сода ва сабуке бӯдааст!
Ҳеч кас дақиқан намедонад дар ин даҳ сол бар ҳазрати Мӯсо(а) чи гузашт, аммо бидӯни шак, ин даҳ сол аз беҳтарин солҳои умри ҳазрати Мӯсо(а) бӯд, солҳои гуворо, ширину оромбахш солҳои созандагӣ ва омодагӣ барои як маъмурияти бузург.
Дар ҳақиқат зарӯрат дошт, ки ҳазрати Мӯсо(алайҳиссалом) як даврони даҳсоларо дар ғурбат ва дар канори як пайғамбари бӯзӯрг, ҳамчун ҳазрти Шуайб(а) бигузаронад ва чупонӣ кунад, то агар хӯи кохнишинӣ ба фикр ва ҷони ӯ асар гузоштааст ба куллӣ шустушу шавад, ҳазрат Мӯсо(а) бояд дар канори кӯҳнишинон бошад, аз дардҳои онҳо огоҳ гардад ва барои мубориза бо кохнишинон омода шавад.
Аз сӯи дигар, ҳазрати Мӯсо(а) бояд замони тӯлонӣ барои тафаккур дар асрори офариниш аз хӯдсозӣ дар ихтиёр дошта бошад, куҷо беҳтар аз биёбони Мадян? Ва куҷо беҳтар аз хонаи ҳазрати Шуайб(а) бӯд?
Маъмӯрияти як (пайғамбари улулъазм) сода нест, ки ба осонӣ битавон уҳдадори он шуд, балки метавон гуфт маъмӯрияти ҳазрати Мӯсо(а) баъд аз пайғамбари ислом дар миёни пайғамбарон аз як назар аз ҳама сангинтар бӯд, мубориза бо бузургтарин ҷабборон рӯи замин кардан ва ба асорати қавми бузурге поён бахшидан ва осори фарҳанги асоратро аз рӯҳи онҳо шустушӯ додан кори осоне нест.
Бадеҳи аст ҳазрати Мӯсо(а) ба ин қонеъ нест, ки то поёни умр чупонӣ кунад-  ҳар чанд маҳзари ҳазрати Шуайб(а) барои Ӯ бисёр муғтанам бӯд –  Ӯ бояд ба ёрӣ қавми хӯд биштобад, ки дар занҷири асорат гирифторанд ва дар ҷаҳлу нодони ва бехабарӣ ғута варанд.
Ӯ бояд ба бе адолатиҳо дар Миср поён бахшад, бутҳоро бишканад, тоғутиёнро залил, ва мазлӯмонро ба ёрии Худои мутаол, азиз кунад ва як эҳсоси дарунӣ ҳазрати Мӯсо (а) ро ба ин сафар ташвиқ мекард.

                                                                                                                                                                                                             Фозили Ҳисорӣ

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.