Арзиши илму ҳикмат

62

Арзиши илму ҳикмат

Илму ҳикмат дар ривоёт

Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писаракам! Илму ҳикмат биёмўз, то шарофат ёбӣ. Зеро ҳикмат инсонро ба дин раҳнамун мешавад ва бардаро бар озод шараф медиҳад ва ниёзмандро бар тавонгар рафъат мебахшад ва кўчакро бар бузург муқаддам медорад ва фақирро дар ҷойгоҳи подшоҳон менишонад ва бар шарофати шариф ва сарварии сарвар ва азамати ғанӣ меафзояд.

Ва чӣ гуна одамизод гумон дорад, ки кори дину дунёяш беҳикмат фароҳам мегардад, дар ҳоле ки Худои азза ва ҷалла кори дунёву охиратро ҷуз бо ҳикмат муҳайё намесозад?! Ва масали ҳикмати бидуни тоат, монанди ҷисми беҷон ё хоки беоб аст ва ҷисми беҷону хоки беоб ва ҳикмати бетоат, ҳеҷ фоидае надоранд. (Аълом-уд-дин).

Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писаракам! Ҳикмат даҳ хосият дорад:

Дилҳои мурдаро зинда мекунад

Бенаворо дар ҷои подшоҳон менишонад

Ба фурўмоягон шарофат мебахшад

Бардагонро озод месозад

Ба ғариб паноҳ медиҳад

Ниёзмандро тавонгар месозад

Бар шарофати шариф ва сарварии сарвар меафзояд.

Аз мол беҳтар асту мояи амон аз тарс аст

Сипаре дар ҷанг асту матоест, ки суд мекунад

Ҳангоме ки тарс инсонро меларзонад, шафоаткунанда аст ва ҳангоме ки яқин ба инсон мерасад, роҳнамост ва ҳангоме ки пўшоке касро намепўшонад, пўшонанда аст. (Ал-мавоиз-ул-ададия).

Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писаракам! Ҳикматро бо худ дошта бош, то бо он каромат ёбӣ ва онро азиз бидон, то бо он иззат ёбӣ ва сарвари ахлоқи ҳакимона, таслим дар баробари дини Худои азза ва ҷалла аст. (Ароис-ул-маҷолис).

Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писаракам! Агар мобайни ту ва илм, дарёе аз оташ бошад, ки туро месўзонад ва дарёе аз об бошад, ки туро ғарқ мекунад, барои расидан ба илм он дуро бишкоф, то илмро ба даст оварӣ ва биёмўзӣ, зеро дар омўхтани илм раҳнамоию иззати инсон аст ва низ нишонаи имону пояи аркони дин ва ризояти Худои Раҳмон. (Ал-фирдавс ба нақл аз Абдуллоҳ ибни Аббос).

Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писаракам! Он чиро ки намедонӣ, аз доноён биёмўз ва он чиро ки медонӣ, ба мардум биёмўз, то дар малакут аз ту ёд гардад. (Иршод-ул-қулуб).

Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писаракам! Ҳикмат, бенавоёнро дар ҷойгоҳи подшоҳон менишонад. (Ал-бидоя ван-ниҳоя ба нақл аз Сарий ибни Яҳё).

Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писаракам! Бо олимон ҳамнишин бошу бо зону задан дар миёни онҳо, ҷояшонро танг кун, зеро Худои азза ва ҷалла бо нури ҳикмат дилҳоро зинда мекунад, ҳамон тавр ки заминро бо борони фаровони осмон ҳаёт мебахшад. (Равзат-ул-воизин).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.