Омӯзиши калимоти хубу муносиб ба кӯдакон

48

Омӯзиши калимоти хубу муносиб ба кӯдакон

Тарбияти кӯдаки боадаб

Доштани рафторҳои муаддабона бо дигарон на танҳо боиси мӯҳтарам шудани афрод мешавад, балки бачаҳои меҳрубонтаре хоҳем дошт.

Лутфан, ташаккур, раҳмат аз аввалин калимотест, ки падару модарон ба фарзандони худ меомӯзанд.

Аммо кӯдак ҳарчӣ калонтар мешавад, аз ин ибораҳо камтару камтар истифода мекунад.

Ин ибораҳои сода кӯмак мекунад, ки афрод эҳсос кунанд, аз онҳо қадрдонӣ мешавад. Агарчӣ касе ба хотири анҷоми вазиффаш ҳам ба шумо кӯмаке кунад ва мушкили шуморо ҳал кунад, шумо бояд изҳори сипосгузорӣ ва адаби худро нишон диҳед. Бо ин ҳол, ҳангоми истифодаи кӯдакон аз ин ибороти сода, лабханде аз сари тааҷҷуб мезанем. Гӯё интизори дидани кӯдаки боадабро надорем.

Иҷоза надиҳед адаб чизи аҷибе ба назар бирасад. Балки насле аз кӯдаконро парвариш диҳем, ки рафторҳои муаддабонаи худро барои шароити кучаку бузург лозим медонанд ва бо ҳама ва дар ҳама ҷо, беҳтарин ва муаддабонатарин рафторҳоро аз худ нишон медиҳанд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.