Ҳафт дарси зиндагӣ

43

Ҳафт дарс барои зиндагӣ

Қавонини муваффақияти Бройон Трейси

1 – Зиндагии шумо ҳангоме беҳтар мешавад, ки шумо беҳтар шавед.

2 – Муҳим нест, аз куҷо омадаед, нуктаи асосӣ ин аст, ки ба куҷо хоҳед рафт.

3 – Мизони озодии шумо бастагӣ ба теъдоди интихобҳоятон дорад.

4 – Ҳар коре, ки арзиши хуб анҷом шуданро дошта бошад, дар ибтидо арзиши бад анҷом шуданро дорад.

(Ба ин маъно, ки агар коре, ки бояд хуб анҷом бишавад, эроде надорад, ки дар ибтидо бо нақсу мушкилоте ба ҳамроҳ бошад, муҳим ин аст, ки дар охир ва дар ниҳоят, он кор ба сурати матлуб анҷом хоҳад гирифт).

5 – Даруни ҳар масъала ё мушкиле, ки таҷриба мекунед, ҳастаи суд ё манфиате вуҷуд дорад, ки аз он мушкил ё масъала боарзиштар аст.

(Ҳаргоҳ дар масири ҳадафамон, бо масъала ва мушкиле бархурд мекунем, дар он масъала суд ва манфиате вуҷуд дорад, ки барои мо арзишмандтар ва арзиш дорад, ки мо ба хотири он манфиат, талош кунем).

6 – Барои ҳар ҳадафе, ки муайян мекунед метавонед ҳар чиро ки лозим аст, биомӯзед.

(Барои расидан ба ҳадаф, бояд чизҳои лозимро ёд бигирем).

7 – Танҳо маҳдудиятҳои эҷодшуда дар мавриди он чӣ метавонед бошед ва анҷом диҳед, онҳоест, ки бо зеҳнатон барои худ халқ мекунед.

(Инсон ба ҳама чиз тавоност, аммо хеле вақтҳо дар зеҳни худаш монеаҳоеро дар роҳи ҳадафи худ эҷод мекунад; бинобар ин, танҳо маҳдудият – зеҳни худи мост, ки моро аз расидан ба ҳадаф бозмедорад).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.