Қонуни муваффақият

39

Қонуни муваффақият

Қавонини муваффақияти Бройон Трейси

Формули 1000 дарсад

Асоси формули ҳазор дарсад, қоидаи беҳбуди қадам ба қадам аст. Ин қоида мегӯяд: қадами бузург бардоштан мушкил аст, аммо қадамҳои кучактар бардоштан осонтар аст. Агар шумо доиман ба мутолиа, ёдгирӣ ва ба такмили маҳоратҳо, шаффоф кардани ҳадафҳо, таъйини авлавиятҳо ва заруртаринҳо, беҳтару возеҳтар ва бо тамаркуз рӯи вазоифи арзишманди худ бипардозед, метавонед баҳраварии куллӣ ва короии худро ҳар рӯз ва барои муддати замони номаҳдуде ба мизони як даҳӯми дарсад афзоиш диҳед ва ин беҳбуд панҷ рӯз дар ҳафта идома пайдо кунад ва дар поёни ҳафта мизони афзоиши баҳраварии шумо дар поёни 4 ҳафта 2 дарсад хоҳад буд.

Пас аз гузашти 52 ҳафта, мизони афзоиши баҳраварӣ ба 26 дарсад хоҳад расид. Агар шумо ба ёдгирии равиш ва коро будани худ идома диҳед, зарфи муддати даҳ сол, мизони баҳраварии шумо 1000 (ҳазор) дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Мароҳили ҳафтгонаи формули ҳазор дарсад

1 – Ду соат пеш аз шурӯи кор аз хоб бедор шавед ва ба муддати як соат дар риштаи худ мутолиа кунед. Ин замон ки онро замони тиллоӣ номидаанд, оҳанги боқимондаи рӯзро таъйин мекунад. Рӯзномаро канор гузоред. Шаст дақиқаи аввали рӯзро сарфи худатон ва зеҳнатон кунед.

Аввалин соати рӯз ҷиҳатдиҳандаи бақияи он рӯз аст.

2 – Ҳар рӯз пеш аз шурӯи кор ҳадафҳои аслии худро аз нав бинависед ва онҳоро мурур кунед.

Ҷумлаҳоро ба замони ҳол бинависед, дуруст монанди ин ки ба ҳадафҳоятон расидаед.

3 – Барои корҳои ҳар рӯзаатон аз шаби қабл барномарезӣ кунед ва феҳраствор бинависед. Бо ин кор зеҳни нохудогоҳи шумо дар ҳоле ки хоб ҳастед, рӯи ин феҳраст кор мекунад. Ҳангоми бедор шудан, идеяҳое хоҳед дошт, ки ба шумо дар дастёбӣ ба ҳадафҳои рӯзонаатон кӯмак мекунад.

4 – Нисбат ба замон ва вақт боаҳамият бошед. Аз вақт ва замон хуб истифода кунед. Кореро интихоб кунед, ки бештарин таъсири мусбатро дар зиндагии шуғлӣ ҳам дошта бошад.

5 – Ба барномаҳои омӯзандаи савтӣ гӯш диҳед.

6 – Пас аз тарҳи таҷриба кори амалии худро мавриди таҷзияву таҳлил қарор диҳед ва аз худ бипурсед, ки чӣ кореро дуруст анҷом додам ва чӣ кореро бояд ба сурати дигар анҷом медодам. Ин суол боис мешавад, шумо аз ҳар коре, ки мекунед, биомӯзед ва рушд кунед.

7 – Бо ҳар муштарии эҳтимолӣ ё муштарии воқеӣ тавре рафтор кунед, ки гӯё маблағи бисёр зиёде аз маҳсулот ва хадамоти ширкати шуморо харидорӣ карда ва қарор аст дубора чунин кунад. Ҳамин тавр бо афроди хонавода монанди боарзиштарини мардуми ҷаҳон рафтор кунед, зеро воқеият ҳамин аст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.