Муҳаббат ва афву гузашт дар миёни ҳамсарон

99

“Ва яке аз нишонаҳои Илоҳӣ инаст, ки аз нафсу ҷинси худатон ҳамсаронеро офарид то ин ки оромиш пайдо кунед бар он ва муҳаббату меҳрубониро дар байни шумо қарор дод, ҳамоно ин аз нишонаҳо ва оятҳое аст барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд”. (Рум/21)

Ростӣ, меҳру муҳаббат яке аз сутунҳои асосии оила мебошад. Вақте ҷавонписар ва ҷавондухтаре бо ҳам издивоҷ мекунанд ва бо ҳам як ханаводаи ҷадиду мустақиллеро ташкил медиҳанд, нахустин чизе, ки онҳоро дар канори ҳамдигар гирд меоварад, ки ин ду ҳамеша ва то охири ҳаёт бо ҳам зиндагӣ кунанд, ҳамоно меҳру муҳаббат аст. Он меҳру муҳаббате, ки Худованд онро яке аз оятҳову нишонаҳои худ шуморидааст. Розаш ҳам ин аст, ки ҳар кадом аз марду зан ба танҳоӣ мавҷуде ноқис ҳастанд. Ин нақс аз он ҷиҳат аст, ки барои бақои наслу тавлиди мисл ва ташкили зиндагӣ, ҳарду ба якдигар наёзманду мӯҳтоҷанд. Издивоҷи машрӯъ ва қонунӣ бартараф кунандаи нақси тарафайн ва сабаби комил шудани вуҷуди онон мегардад. Ба илова аз назари саломатии ҷисму ҷон ва баҳрабардории саҳеҳ аз неъматҳои зиндагӣ, издивоҷ барои ҳар зану марде зарурат дорад.

 Вале аз он ҷо, ки ҳаёти рӯзмарраи мо баландию пастиҳои зиёд ва мушкилоти фаровоне дорад, гоҳе дида мешавад, байни зану шавҳаре, ки бо пайванди издивоҷ ба ин амри муҳим қиём кардаанд, ноадолатиҳову нобаробариҳо, ноҷавонмардиҳову хиёнатҳо эҷод шуда ва чӣ басо ин чизҳо сабаб мешаванд, ки як хонаводаи навташкил натавонад ба зиндагии худ идома диҳад. Дар ин ҷо аст, ки бояд ҳар кадом аз зану шавҳар аз вазоифу масулияти худ огоҳ бошанд ва дар он диққату таваҷҷӯҳ дошта бошанд.

Расули Акрам (с) роҷеъ ба масъулияту вазифашиносӣ мефармояд: “Ҳамаи шумо ба саҳми худ сарпарасту нигаҳбон ҳастед ва ҳамагӣ нисбат ба он чи ӯҳдадор шудаед, масъулед. Зимомдору имом масъули миллат, мард масъули хонавода, зан масъули умури манзилу фарзандон аст ва ҳар кас ба андозаи раёсате, ки дорад масъул ва ба анҷоми вазоифе, ки Худованд ба ӯҳдааш гузошта муваззаф аст”.

Ҳазрати Алӣ (а) дар рӯзҳои аввали издивоҷ ба иттифоқи ҳамсари гиромиаш Ҳазрати Фотима (а) ба ҳузури Паёмбар (с) омаданд ва аз он ҳазрат дархост карданд, ки миқдори вазоифи ҳар якро муайян созанд. Расули Акрам (с) тамоми корҳои беруни хонаро ба ӯҳдаи Алӣ (а) гузоштанд ва идораи тамоми умури дохилии манзилро ҷузъи вазоифи духтарашон Фотима (а) муқаррар фармуданд.

Мардону занон метавонанд бо рафтори саҳеҳу оқилонаи худ, асоси зиндагонии саодатмандонаеро поягузорӣ кунанд. Аз аъмоле, ки ба саодати онон латма мезанад, иҷтиноб намоянд. Гоҳе корҳои майдаву камаҳамият сабаби афзоиши меҳру муҳаббат мешавад, ҳамон тавре ки гоҳе корҳои ночизе сабаби тафриқа ва ҷудоӣ мегардад.

Паёмбари Ислом (с) мефармояд:

“Шоиста аст, ки зан чароғи хонаро равшан кунад ва хӯрокро омода созад ва чун шавҳараш ба хона омад, то наздики дари хона аз ӯ истиқбол намояд ва ба ӯ хушомад гӯяд ва бо овардани обу дастмол ба шавҳари худ дар шустани дасташ кӯмак кунад ва бе сабаб аз анҷоми хостаҳои ӯ сарпечӣ нанамояд”.

Паёмбари Акрам(с) дар ҷои дигар хитоб бар мардон мефармояд:

“Ҳар марде, ки барои худ ҳамсаре ихтиёр кард, бояд дар эҳтиром намудану гиромӣ доштани ӯ бикӯшад”.
Қуръони Карим ба мардҳо ёдоварӣ карда дастур дода аст, ки бо ҳамсарони худ бо некию меҳрубонӣ муошират кунед ва аз беадолатию хушунат бипарҳезед.

То ин ҷо равшан шуд, ки аввалин ва муҳимтарин амре, ки бояд ҳар зану шавҳаре ба он тавҷҷӯҳ дошта бошанд, ин аст, ки ҳар кадоми онҳо аз ҳуқуқ ва вазоифе, ки дар қиболи якдигар ва дар муҳити хонавода доранд, бохабар бошанд. Вале фақат огоҳӣ доштан аз ин чизҳо оё метавонад хушбахтӣ ва саодатмандии як хонаводаро таъмин кунад ё на? Равшан аст, ки инсонҳо дар анҷоми масъулият ва вазоифи худ аз хатою иштибоҳ дар амон нестанд ва ҳар лаҳза мумкин аст аз вазифаҳои худ ғофил шаванд ё фаромӯш кунанд. Махсусан он арӯсу домоде, ки нахустин марҳалаҳои зиндагиро аз сар мегузаронанд ва ҳанӯз пухта нашудаву аз баландию пастиҳои ҳаёти муштарак бехабаранд. Инҷост, ки агар афву гузашти тарафайн бар шинохти ҳуқуқу вазоифи якдигар замима нагардад, асоси зиндагии саодатмандонаи оила суст хоҳад шуд. Пас бояд илова бар ин ки зану шавҳар аз ҳуқуқ ва вазоифи худ дар баробари ҳамдигар огоҳ мешаванд, бояд дар зиндагӣ авфу гузашт дошта бошанд.

Худованди Субҳон мефармояд:

“Оё намехоҳед Парвардигори олам аз бадиҳои шумо бигзарад ва бадиҳои шуморо рӯзи қиёмат нодида гирад? Пас бояд сифати афву гузашт дар зиндагии шумо ҳукмфармо бошад.”

Агар афв, гузашт ва мардонагӣ дар муҳити оила ҳукмфармо бошад, оила устувор ва фазои он рӯҳбахшу гарм мешавад. Балки агар ин сифат дар зиндагии мо набошад, муҳити хона сард мешавад ва муҳаббати самимӣ аз байн меравад. Сифати афву гузашт ин хусусиятро дорад, ки кинаҳо ва бадбиниҳоро аз дилҳо дур мекунад.

Расули Акрам(с) мефармояд:

“Афву гузашт дошта бошед, то кинаю бадбиниҳо аз байнатон дур шавад.”

Аз ин ҷиҳат агар хоҳем, ки зиндагии мо пур аз меҳру муҳаббат бошад, зан бояд гузашт дошта бошад, мард мардонагию азхудгузаштагӣ…

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.