Ҷойгоҳи масҷид дар тарбияти ҷомеа

133

Масҷид нақши муҳимме дар ҳаёти динӣ ва ҳатто дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмии инсонҳо дорад, аммо дар муқобили он, калисо, ки нақши онро дар таълиму тарбият дар канори нақши масҷид дар таълиму тарбият дастабандӣ намудаем ба тартиб баён хоҳем кард.
Адои вазифаи махлуқ ба Холиқ
Дар ин масъала, инсонҳо ба унвони як махлуқ аз махлуқоти Худованд, чи мусулмон ва чи масеҳӣ, дар масҷид ва калисо адои вазифаи бандагӣ мекунанд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба паёмбарони фиристодашуда аз ҷониби Худои Таборак ва Таоло ҳамроҳи китоб, ки охирини онҳо ҳазрати Муҳаммад(с) мебошанд ва Худои Таборак ва Таоло дар кутуби пешин ба омадани ӯ башорат додааст, лизо бандагии худро бояд бар асоси қавонини ин Паёмбари Охируззамон адо намоянд, на бар асоси қавонине, ки аз байн рафта ё насх шуда ё ба фаромӯшӣ супурда шуда ва ё ба дурӯғ ҷаъл шудааст.
Огоҳ шудан аз амру наҳйи Худованд
Яке аз нақшҳои масҷид дар ҷомеа ин аст, ки инсонҳоро аз авомир ва навоҳии Худо огоҳ месозад. Фарқе, ки калисо дар ин замина бо масҷид дорад, дар ин аст, ки дар калисо ин авомир ва навоҳӣ аз осебҳои зиёде бархӯрдор аст, чун худ онро вазъ намудаанд, на аз истидлол бархӯрдор аст ва на аз ақлоният.
Нависандагон бар ин амр низ таъкид намуда, мегӯянд: “Ақлоният, мустадал будани ақоиди исломӣ, ҷомеияти қавонини зиндагии инсоният ва маънавиятгароии дини Ислом ва низ ихлоси Паёмбар(с) ва пешвоёни Ислом, сабаби аслӣ дар пазириши озодонаи ин дин аз сӯи ҷавомеи шарқӣ ва ғарбӣ буд, (ва ба ин ҷиҳат) вуруди Ислом ба Аврупо ва Андeлус ва марзҳои Фаронса, дастгоҳи поп ва калисоро ба ваҳшат андохт”.
Таълиму тарбияти динӣ ва нақши он дар ҷомеа
Аммо нақши масҷид дар ҳаёти иҷтимоӣ, ки худ аз коноли дин таъмин мегардад, яъне нақше, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ мегузорад, худ вобаста аст ба нақше, ки дар ҳаёти динӣ зикр намудем, масалан таълим ва тарбият, ки яке аз муҳимтарин нақшҳои масҷид дар ҳаёти динист, бо фарогирии тадриҷии он метавон дар иҷтимоъ хуб зиндагӣ кард ва иҷтимоъро ба таври шоиста сохт, ки дар натиҷа чунин паёмҳоеро дар пай дорад:

Иттиҳод ва баробарӣ
Марсел дар китоби (Humanisme de L, Islam) дар бахши “Ислом дар ҷаҳони имрӯз”, дар ин бора менависад: Масҷид омили неруманд дар ҳамбастагӣ ва иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон аст ва аҳамияти иҷтимоӣ ва фарҳангии онро аз ин бобат наметавон нодида гирифт, бахусус дар рӯзгори муосир, ки мусулмонон шавқу шӯри садри Исломро дубора аз худ нишон медиҳанд, масоҷид ба сурати марокизи тарбияти рӯҳонӣ ва пойгоҳи ҷунбиши уммати мусулмон нисбат ба ситамгарон ва султаҷӯён даромадааст. Андак-андак масоҷид мавқеияти солҳои нахустини зуҳури Исломро ба даст овардаанд. Таъсиси китобхонаҳо ва толори иҷтимоот дар даруни масоҷид ин ҳақиқатро ошкор месозад, ки масоҷид дар Ислом ба он гуна ки баъзе пиндоштаанд, мунҳасиран барои адои фаризаи намоз нест ва яқинан яке аз марокизи сиёсӣ ва фарҳангии муҳимми Ислом аст. Иқомаи намози ҷумъа василаест барои гирдиҳамоии мусулмонон дар тарҳи масоили муҳимми иҷтимоӣ ва баҳсу гуфтугӯ дар боби камбудҳои рафоҳӣ; назири беҳдошт, хона ва маскан, тасмимгириҳои сиёсӣ, масоили тахассусӣ ва ғайри он. Дар ҳақиқат, барпоии намози ҷумъа, ба кор гирифтани ибодати Худованд аст, дар роҳи хидмат ба уммат. Гирдиҳамоии ҷумъа, ба вижа дар солҳои охир, дар мамолики озодшуда тавассути Ислом, таъсир ва короии бисёре доштааст.
Шикастани кина, қаҳр, адоват ва душманӣ
Вақте дар як иҷтимоъ ё дар як хонавода афроде бо якдигар қаҳранд ва нисбат ба якдигар кина дар дил доранд ё ҳамсоя бо ҳамсоя адоват ва душманӣ дорад, вақте ин афрод ба масоҷид рӯй меоваранд дар марҳалаи аввал  масҷид онҳоро канори ҳам мегӯзорад ва шона ба шонаи ҳам часпонда дар канори ҳам саф мекашанд ва намоз мегӯзоранд ва баъд аз итмоми намоз ба якдигар даст дода мусофиҳа мекунанд, то тамоми кинаҳоро аз дил бишӯянд. Ислом ба ин афрод  гӯшзад мекунад, ки кори онҳо қабеҳ ва зиштаст ва ҳар кас беш аз се рӯз қаҳр бошад, ба манзалаи касест, ки аз дин хориҷ шудааст.
Ҳалли мушкилоти зиндагӣ:
Мушкилоти зиндагӣ аз қабили издивоҷ, талоқ, даъвоҳои байни хонаводаҳо, робита байни падару модар, робита байни фарзанду падар, робита байни ду ҳамсар ва робитаи ҳамсоягон дар масҷид бо шунидани паёмҳои Ислом ва инзор ва табширҳое, ки дар масҷид сурат мегирад, ҳар мусулмоне дар риояти он саъю кӯшиш мекунад то мушкилоти зиндагии худро бартараф кунад.
Иқтисод доштан дар зиндагӣ:
Аз ду лиҳоз метавон ба ин таваҷҷӯҳ кард, ҳам аз лиҳози моддӣ ва ҳам аз лиҳози маънавӣ, аз лиҳози маънавӣ, яъне инсонро дар зиндагӣ аз худхоҳӣ ва танҳо гардиву танҳоӣ берун меоварад  ва дохили иҷтимоъ ва ҳамроҳи иҷтимоъ мекунад. Дар кул, инсонро шахси иҷтимоӣ ба бор меоварад.
Аммо аз лиҳози моддӣ, инсонро аз фақр, тангдастӣ ва новбудии амвол ва харҷу хароҷоти беҷо ва исроф дар масраф берун меоварад, масалан барои инсон анҷоми ду чизро хеле муҳим ва воҷиб медонад, ки ҳам ба нафъи худи шахс аст ва ҳам ба нафъи иҷтимоъ, ки он пардохти садақа ва закот мебошад, фақат бар аҳлаш, на бар олим ва ҳокими золим ва дарборӣ ва ғ. ки ҳар шахс агар дар пардохти инҳо кӯтоҳӣ накунад Худованд бениёзӣ ва дурӣ аз фақрро барои онҳо тазмин намудааст.
Бо хабарӣ аз аҳволи якдигар:
Мусулмонон вақте дар масҷид якҷо ҷамъ мешаванд, табиист, ки аз аҳволи якдигар пурсуҷӯ мекунанд, аз маризӣ ва мушкилоти зиндагии якдигар огоҳ мешаванд ва ба дидори якдигар мераванд ва ба якдигар кӯмак мекунанд.  Агар вазъи зиндагии яке аз онҳо сахттар бошад бо ҳам машварат мекунанд то он мушкилиро ҳал намоянд.
Муътадил зистан (на зиёдаравӣ ва на кӯтоҳӣ):
Паёме, ки масҷид ба инсонҳо медиҳад, на гушанишинӣ дар кунҷи хона, ки кору кӯшиш ва зану фарзандро тарк кунем ва  на фақат ба ибодати намозу рӯза бипайвандем  ва на инқадар ба дунё ва ободии он машғул шавем, ки ибодат ва бандагӣ тарк шавад.
Таърихи барҷой монда аз масеҳият нишон медиҳад, ки рӯҳбоният ба сурати кунунӣ дар қуруни аввали масеҳият вуҷуд надоштааст ва пайдоиши он, баъд аз қарни сеюми мелодӣ, ҳангоми зуҳури империяи Рим ба номи “Дисюс” ва муборизаи шадиди ӯ бо пайравони Масеҳ(а) будааст. Онҳо бар асари шикаст аз ин империяи хунхор ба кӯҳу биёбонҳо паноҳ бурданд .
“Уилям Дюрант”-и масеҳӣ, мегӯяд: Пайвастани роҳибаҳо (занони торики дунё) ба роҳибони масеҳӣ, аз қарни чаҳоруми мелодӣ шурӯъ шуд ва рӯз ба рӯз кори руҳбоният боло гирифт ва дар қарни даҳуми мелодӣ ба авҷи худ расид.
Қуръони Карим низ дар ин замина мефармояд: “ Рӯҳбониятеро, ки ибдоъ карда буданд, мо бар онон муқаррар надошта будем…”  . Ба ҳамин далел Ислом онро ба шиддат маҳкум кардааст.
Паёмбари Ислом(с) ҳам мефармоянд “Рӯҳбоният дар Ислом нест”.  Аммо паёме, ки калисо ба инсонҳо медиҳад рӯҳбоният ва тарки дунё  ва ҳатто дурӣ аз лаззатҳои шаръӣ, монанди издивоҷ ва ғ. аст.
Тақвияткунандаи рӯҳияи иҷтимоӣ:
Масҷид бо эҷоди ошноӣ ва пайванд миёни мӯъмин бо нухбагон ва солеҳон ва низ фуқаро бо ағниё ва сарватмандони ҷомеа, бастари муносиб барои парвариш ва тарбияти рӯҳӣ ва иҷтимоии инсонро фароҳам мекунад. Дар мактаби тарбиятии Ислом, “гӯшагирӣ” ва “ҷамъгурезӣ” бемории рӯҳӣ шинохта мешавад, дар ҳоле ки иҷтимоӣ будан ва ҷамъгароӣ (дар ҳадди маъқули он) нишонаи саломати рӯҳу равони инсон ва таодули фикрии ӯ ба ҳисоб меояд. Масҷид бо фарохони пайвастаи мусулмонон ба ҷамъ, рӯҳи ҷамъгароӣ, инъитоф ва назмпазириро дар онон тақвият мекунад. Афзун бар он чи гузашт, масҷид бештари вақтҳо ҷойгоҳи тарҳи мушкилот ва мабоҳиси иҷтимоист ва ба таври табиӣ бо ҳузур дар чунин маконе, рӯҳи тааҳҳуд ва дардмандӣ дар фард эҷод мешавад. Ончи акнун ба унвони “маъбад” дар дигар адён матраҳ аст, иртиботи амиқ ва решадор бо ҷомеа ва масоили иҷтимоӣ надорад, аммо масҷид бо масоили асосӣ ва бунёдини ҷомеа, ниҳоди муассир ва дорои ҷойгоҳ аст.
Таълими сиёсати саҳеҳ ва дуруст:
Барои касоне ки мегӯянд дин аз сиёсат ҷудост  ва масҷидро ҳам дар ин ки ҷузъи дин аст изофа мекунанд, ки асосан дар тафаккури роиҷи калисо ҳукумат ва сиёсат аз дин ҷудост, зеро:
а. Масеҳият фоқиди шариат ва дастуруламали ҷомеъ ва мунсаҷим дар бораи ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии башар аст ва таолими масеҳият дар бораи муносиботи иҷтимоӣ аз ҳадди чанд дастуруламали ахлоқӣ таҷовуз намекунад.
б. Порае аз таолими калисо дар тӯли таърих андешаи ҷудоии дин аз сиёсатро дар ҷаҳони масеҳият таблиғ кардааст ва ин ақида ба баъзе аз мусулмонон ҳам сироят кардааст.
Вале масҷид, на танҳо сиёсатро аз худ дур намекунад, балки барои ин аст, ки сиёсатҳоро дуруст кунад ва бар ин асос ҷомеаро бар мабнои сиёсати ростин бисозад, на бар мабнои сиёсати дурӯғине, ки акнун дар ҷаҳон ҳоким аст.
Масҷид бар хилофи калисо аввалин интихоб барои шурӯи таълиму тарбият.
Фарзандони Ислом аз замони Паёмбари Акрам(с) то имрӯз, алифбои илму донишро дар масҷид шурӯъ ба омӯхтан мекунанд ва одоб ва тарбияти инсониро низ дар масҷид касб менамоянд, лизо масҷид аввалин ҷоест, ки инсонро ба сӯи илму дониш ва инсонгуна зистан мекашонад. Аксари уламои Ислом, ки агар муруре бар зиндагии онҳо кунем, мебинем аз масоҷид ба мақомҳои баланди илмӣ ва ахлоқӣ расиданд ва аз таълиму тарбияте, ки дар масоҷид буда аз замони Расули Акрам(с) то ба имрӯз ба ирс бурдаанд ва ин барои ҳама рӯшан аст, аммо дар калисо чунин нест.
Агар мо фақат таълими фарзандонро мунҳасир кунем ба мактабҳо ва мадориси мавҷуд, ки аз синни ҳафтсолагӣ шурӯъ ба рафтуомад дар он мекунанд, ғайр аз дарси дунявӣ, ки дар он ҷо меомӯзанд , аввалан улуми исломӣ ва динии худро касб нахоҳанд кард, сониян аз одоб ва тарбияти исломӣ дур хоҳанд шуд, чун онҳо фақат тамаркузашон рӯи ҳамон дарс ва илми хос аст, на чизи дигар, ки ҳадафи аслист, монанди тарбияти саҳеҳ ва солим, ки яке аз самараҳои он таъмини оромиш барои худи онҳо ва падару модар ва низ афроди ҷомеа дар ояндааст. Лизо метавон гӯфт, ки масоҷид манбаи аввалии таълиму тарбияти уламои Ислом будааст.
Оё масҷид омили бесаводӣ ва ақабмондагии ҷавонон аст?
Баъзеҳо масоҷидро омили бесавод мондан ва ақабмондагии ҷавонон медонанд ва ҷавононро аз рафтан ба масоҷид манъ мекунанд.
Дар ҷавоб бояд гӯфт: Худи онҳо ин вазъиятро бар сари ҷавонони мусулмон оварданд, ки мо ин ҷо ба таври хулоса, бархе авомилеро, ки бар ақаб мондани ҷавонон ва бесаводии онҳо аз тарафи бархе ҳукуматҳо таъсиргӯзор буда ном мебарем.
1.    Бесаводии ҳукуматдорон.
2.    Фаромӯш кардани дину оин ва фарҳанги худ.
3.    Адами тавоноӣ бар идораи саҳеҳи кишвар.
4.    Дар хафақон қарор додани мусулмонон ва салби имконот аз онҳо.
5.    Фақр
6.    Нуфузи бегонагон
7.    Тарси ҳокимон аз ҳадафи масҷид
Ҳадафи аслии масҷид ва калисо:
Таълиму тарбият ҳам дар масоҷид аст ва ҳам дар калисо, аммо бо ҳам тафовути бузурге дорад, яъне ҳадафе, ки дар калисо дунбол мешавад муқобили ҳадафест, ки дар масоҷид дунбол мешавад.
Ҳадаф дар масоҷид, таъмини ниёзҳои башарият ва раҳнамуд кардани онҳо ба роҳи саодат ва хушбахтист, аммо ҳадаф дар калисо, фақат таъмини ниёзҳои худи онҳост ва ба хотири ҳасад ва кинаест, ки нисбат ба мусулмонон аз қадим дар дил доранд.
Албатта ногуфта намонад, ки масеҳият баъзе аз аҳдоферо, ки дар калисо дунбол мекунандро ба Ислом ва масоҷиди мусулмонон низ сироят додаанд ва баъд аз ҷангҳо ва ғоратҳои мухталифе, ки алайҳи мусулмонон анҷом доданд ва уламо ва донишмандони исломро ба қатл расонданд ва бузургтарин китобхонаҳои ононро ба ғорат бурданд ва низ ба оташ кашиданд ва масоҷиди мусулмононро вайрон карданд ва баъд шурӯъ карданд ба изофа кардан ва таълим додани ақоид ва матолиби хурофии худ, ки дар натиҷа дар баъзе ҷойҳо, афроде ба номи олим, ки дар воқеъ олими дарбориянд, ки ақоиди фосид ва матолиби хурофиро дар худ парваронда ва мехоҳанд аз ин тариқ  маоши зиндагии худро таъмин кунанд ва ҷайби мардумро бизананд ва Исломро бадном мекарданд ва ҳам мардумро гумроҳ “мо чи бихоҳем ё нахоҳем истишроқ таъсири мусбат ё манфии худашро бар андешаи мусулмонон гузоштааст”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.