Дар интихоби ҳамсар ҳамшаънро аҳамият диҳед

201

Қуръони Карим баёнгари ин ҳақиқат аст ва мефармояд: Мардони мӯъмин бо занони мӯъмина ва занони мӯъмина бо мардони мӯъмин, бояд издивоҷ намоянд. Дар «қонуни виросат» ҳам ин масъала мавриди аҳамият қарор гирифтааст, зеро «ген»-ҳои як зани мӯъмина бо «сперма»-и як марди мунофиқ бо ҳам омезанд, ниме имон ва ниме нифоқ аст. Албатта гоҳе авсофи нифоқ ё имони волидайн, яке бар дигарӣ ғолиб меояд ва мумкин аст кайфияти моҳияти кӯдак тамоман ба як тараф мутаҳаввил гардад. Қуръони Карим дар мавриди ҳамкуфву ҳамшаън дар издивоҷ таъкид намуда, мефармояд:

اَلْخَبِيثٰتُ لِلْخَبِيثِينَ وَٱلْخَبِيثُونَ لِلْخَبِيثٰتِ وَٱلطَّيِّبٰتُ لِلطَّيِّبِينَ وَٱلطَّيِّبُونَ لِلطَّيِّبٰتِ أُوْلٰئِكَ مُبَرَّمُونَ مِمَّا يَقُولُونَ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَ رِزْقٌ كَرِيمٌ

Занони нопок аз они мардони нопоканд ва мардони нопок низ ба занони нопок тааллуқ доранд. Ва занони пок аз они мардони поканд ва мардони пок аз они занони поканд. Инҳо аз нисбатҳои норавое, ки (нопокон) ба онон медиҳанд поку мубарро ҳастанд ва барои онон омурзиши илоҳӣ ва рӯзии пурарзише аст.

Бинобар ин, агар занони мӯъмина бо мардони мӯъмин ва ҷавонони поксиришт бо духтарони мӯъминаву покдоман издивоҷ намоянд, наслҳои онон поку муназзаҳ аз нисбатҳои нораво ва сарзанишҳову дашномҳои дигарон хоҳад буд. Издивоҷи ҳамшаън дар эҷоди фарзанди солеҳ ва тарбияти саҳеҳ ва таъйини салоҳиятҳо таъсири басазое дорад. Агар масъалаи ҳамшаънӣ риоят шавад, ба маротиб ба хостаҳои машрӯъи худ роҳ меёбанд ва наслҳо ба покӣ, покизагӣ ва наҷобату асолат гароиши бештаре пайдо мекунанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.