Муоширати писандида

64

Муоширати писандида

Ҳуқуқи падару модар

Аз ҷумла ҳуқуқи падару модар, муоширати хубу некӯ ва писандида бо онҳост.

Доштани рафтори шоиста ва писандида бо дигарон мавриди ситоиш ва нишонаи каромат ва адаби одамӣ аст. Аммо дар мавриди падару модар чунин муносибат аҳамияти махсус дорад ва бояд бо меҳрубонӣ ва дилсӯзии бештаре анҷом гирад ба гунае, ки нигоҳи мо бояд ба онон бо чашме пур аз раҳмату муҳаббат бошад. Сухани мо бо онон бо забони саршор аз латофату адаб ва рафтори мо бо онон, бояд саросар хузӯъ ва тавозӯъ бошад. Худованд мефармояд: ”Ва болҳои тавозӯи хешро аз муҳаббату лутф, дар баробари онон фуруд ор!”

Ҳатто агар падару модар мушрик бошанд, вазифаи фарзанд рафтори писандида бо онон мебошад. Дар Қуръон мехонем: ”Ва ҳаргоҳ он ду (падару модар) талош карданд, ки ту (бар асоси) он чӣ огоҳӣ ба он надорӣ, ба ман ширк биварзӣ, аз эшон итоат макун, вале бо он ду бо шоистагӣ рафтор кун”.

Аз сӯи дигар, дар ҳангоми пирӣ, ниёзи падару модар ба фарзандон бештар аст ва дархостҳо ва интизороти фаровоне доранд, аз инрӯ Худованди Мутаол супориши махсусе дар бораи ин даврон кардааст ва фарзандонро аз камтарин изҳори нороҳатию хашму тундӣ, барҳазар доштааст: ”Ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳардуи онҳо назди ту ба синни пирӣ расанд, камтарин беэҳтиромӣ ба онҳо раво мадор ва ба сари онҳо фарёд мазан ва гуфтори латифу бузургворона ба онҳо дошта бош”.

Некӣ ва расидагии фарзандон ба падару модар, нишонаи қадршиносии онон ва бозтоби хидматҳои падару модар дар даврони кӯдакии фарзандон мебошад.

Дар мавриди чигунагии эҳсон ва инфоқ ба падару модар, ду нуктаи муҳим қобили таваҷҷӯҳ аст:

Нахуст он ки фарзандон қабл аз дархости падару модар, ниёзҳои ононро бароварда кунанд то эҳтироми онон ба таври комил ҳифз шавад.

Дуввум он ки ҳамон гуна, ки падару модар дар оғӯши худ фарзандонро парвариш доданд ва бевосита тарбият ва рушду назофати кӯдаконро ба ӯҳда доштанд, фарзандон низ шоиста аст аз наздик ва ба дасти худ эҳсон ва инфоқ ба падару модарро анҷом диҳанд. Худованд бо ибораи гуё ва бе қайду шарт мефармояд: ”Ва ба падару модар некӣ кунед”, ки чунин рафтори писандидае баракоти фаровоне дар дунё ва охират барои фарзанд хоҳад дошт, махсусан ҳангоме ки фарзанд ба қудрат расида бошад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.