Сафед кардани дандон бо ин меваҳо

247

Меваҳое монанди себ, сабзӣ ё зардҷома ва карафс (сельдерей) ба далели доштани бофти зич ва шакле, ки дар ҳангоми хоидан сатҳи сояндаи табии зиёде дар тамос бо сатҳҳои дандон қарор мегирад метавонад, то ҳудуде боиси пок кардани дандон ва то ҳадди камтаре боиси ҷирмзудоӣ ва сафедии дандон шавад.

Ба гузориши Фарҳангниюсс доктор Пуя Мутарҷимӣ ҷарроҳ-дандонпизишк гуфт: Меваҳое монанди себ, сабзӣ ё зардҷома ва карафс ба далели доштани бофти мутароким ва шакле, ки дар ҳангоми газидан ва хоидани онҳо сояндаи табии зиёде дар тамос бо сатҳҳои дандон қарор мегирад, метавонад то ҳудуде боиси пок кардани дандон ва то ҳадди камтаре боиси ҷирм(микробҳои сахтшуда дар дандон)зудоӣ ва сафедии дандон шавад. Вале аз онҳо наметавон ба унвони як сафедкунандаи тамомайёр истифода кард.

Вай идома дод: Дар сода, ки формулаи кимиёии CACO3 дар тамос бо об ва бузоқ(оби даҳон)  H2CO3 эҷод мекунад, ин кислота бо ҷирмҳо ва чарбиҳои руйи дандон вокуниш анҷом дода ва боиси ҷирмзудоӣ мегардад.

Аз ин ру ин таркиб дар формулатсияи бисёре аз хамирҳо(пастаҳо)и сафедкунандаи дандонҳо истифода мегардад.

Мутарҷимӣ хотирнишон кард: Истифода аз сода ба танҳоӣ тавсия намешавад, ки ин ба иллати асари соишӣ руйи мино(эмал)и дандон аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.