Танбеҳи бадании кӯдакон

138

Яке аз масоили муҳим ва печидаи тарбиятии, ки аксари падарону модарон дар он дучори тардиданд, чигунагии бархурд бо корҳои нодурусти кӯдакон аст, ба тавре ки бештари вақтҳо волидайн мутаҳайир мемонанд, ки дар муқобили хатоҳо ва каҷравиҳои фарзандонашон ва рӯйбартофтани онон аз тавсияҳо ва роҳнамоиҳо чи вокунише нишон диҳанд.

Агар дар муқобили корҳои зишт ва нописанди онон сукут кунанд, кӯдакон бар хатоҳои худ афзуда ва ҷасорати бештаре пайдо мекунанд ва агар аксуламал нишон дода ва фарзандонро танбеҳ кунанд чи басо, ки мушкилоти дигаре ҳам биёфаринанд.

Ҳол ба мавориди ҷавози танбеҳ, ҳудуди танбеҳ ва… мепардозем.

Мавориди ҷавози танбеҳ:

1‐ Барои пешгирӣ аз инҳироф:

Аз имоми Содиқ(а) дар бораи кӯдаке, ки ба марҳалаи ҷавонӣ расад ва масеҳиятро бар гузинад, –дар ҳоле ки яке аз падару модараш ё ҳарду мусалмон буда бошанд‒ фармуд:

“Ҷавон ба ҳоли худ раҳо намешавад, балки барои қабули Ислом ӯро танбеҳи баданӣ мекунанд”.

2‑ Барои тарбият:

Расули Худо(с) дар бахше аз тавсияҳои худ ба ҳазрати Алӣ(а) фармуд:

“Барои таъдиб ва тарбият беш аз се зарба (ба кӯдак) назан”.

Ҳамчунон ки дар ин ривоёт мулоҳиза мешавад, танҳо дар мавориди хоссе ки барои кӯдак сарнавиштсоз аст ‒ва на барои ҳар амале, ки аз фарзанд сар мезанад ва аҳёнан мавриди ризои волидайн нест‒ иҷоза дода шуда, ки волидайн аз шеваи танбеҳ истифода кунанд.

Ҳудуди танбеҳи баданӣ

Аз ривоёти гузашта равшан шуд, ки задани фарзандон дар мавориде ‒ҳатто барои таълиму тарбият‒ монее надорад, аммо бояд дид, ки ҳудуди танбеҳи баданӣ, то куҷост? Ва падар ё модар, то чӣ миқдор ва бо чӣ василае метавонанд кӯдакро танбеҳ кунанд? Оё онон муҷоз ҳастанд, ки бо чуб ё шаллоқ, ваҳшиёна кӯдакро ба истилоҳи худ адаб ва дар ҳақиқат шиканҷа кунанд ва бадани ононро кабуд ва захмӣ намоянд?

Оё волидайн иҷоза доранд дар ҳар синне кӯдакро танбеҳи баданӣ кунанд?

Оё метавонанд ҳар гоҳ ки аз нофармонии фарзандонашон ба хашм омаданд, девонавор ба ҷони кӯдакони маъсум бияфтанд ва илова бар дашном ва носазогӯӣ, ононро ба боди кутак бигиранд? Бетардид посух манфист ва чунин тасаввуре, ки бархе волидайни ноогоҳ дар бораи таълиму тарбияти фарзанди худ доранд, ба куллӣ ғалат ва бе асос аст. Ривоёте, ки аз Паёмбар(с) ва Аҳли байт(а) расида, ҳадду марзи танбеҳро комилан равшан мекунад.

Танбеҳи муҷоз шароити хоссе дорад, ки бо дар назар гирифтани онҳо мебинем ин асл, як асли ҳакимона аст, на шеваи хушунатомезе барои ҷуброни нотавониҳои волидайн дар тарбият ва ҳидояти кӯдакон. Танбеҳи бадании кӯдакон пеш аз даҳ солагӣ, муҷоз нест ва миқдори задан низ комилан маҳдуд аст ва агар беш аз он бошад ё мунҷар ба сурхӣ ва кабудӣ ё нақси узви кӯдак гардад, кайфар дорад.

 Ҳамод ибни Усмон мегӯяд:

“Аз имоми Содиқ(а) дар бораи таъдиб ва задани кӯдак ва бандаи зархарид, пурсидам? Ҳазрат фармуд: Панҷ ё шаш зарба бештар назан ва дар ҳамин андоза низ нармиш нишон деҳ”.

  1. Беш аз се зарба задан қисос дорад. Аз ҷумла васиятҳои Паёмбар(с) ба ҳазрати Алӣ(а) ин буд, ки фармуд:

“Барои таълим беш аз се зарба назан, зеро агар чунин кардӣ рӯзи қиёмат қисос хоҳӣ шуд”.

  1. Алӣ(а) ба кӯдаконе, ки навиштаҳои худро назди он ҳазрат оварда буданд ‒то беҳтаринашонро баргузинад‒ фармуд:

“Ба муаллими худ бигӯед, ки агар барои таълим, беш аз се зарба ба шумо бизанад, аз ӯ қисос хоҳад шуд”.

  1. Марде хидмати Паёмбар(с) расид ва арз кард:

“Хонаводаам нофармонӣ мекунанд чӣ гуна онҳоро танбеҳ кунам?

Ҳазрат(с) фармуд: Онҳоро бибахш. Дар мартабаи дуввум ва севвум ҳамин суолро такрор кард. Ҳазрат фармуд: Агар тасмим гирифтӣ танбеҳ кунӣ мувозиб бош кайфари ту аз ҷурми онҳо бештар набошад, ва аз задан бар сурат низ худдорӣ кун”.

Бинобар ин падару модар дар сурате, ки дар тарбияти кӯдак ночор шуданд аз танбеҳи баданӣ истифода намоянд бояд ба ҳадди ақал ва ахаф иктифо кунанд. Агар кутак задани бо даст муфид бошад аз чуб истифода накунанд, агар истифода аз чуб таъсир дорад аз шаллоқ ва… истифода накунанд. Дар теъдоди заработ низ ба ҳадди ақал иктифо намоянд.

Дар шиддати заработ низ ба миқдори зарурат иктифо кунанд.

Равишҳои танбеҳ

Танбеҳ мумкин аст ба суратҳои гуногун анҷом гирад ва мунҳасир ба кутак задан нест, зеро туршрӯӣ ва ахм низ навъе танбеҳ аст. Ҳам чунон ки маҳрум кардани кӯдакон аз баъзе умур хушоянд ва пурҷозиба низ танбеҳи дигарест, аммо дар танбеҳи ҷисмонӣ низ мурод тавассул ба шеваҳои хашин ва ваҳшиёна ва зарба задан бо чубу шаллоқу ғайра нест.

Бинобар ин ба падару модарҳо ва мураббиёни азиз тавсия мешавад, ки:

Аввалан: Танбеҳ ва ба вижа танбеҳи баданиро ба унвони шеваи умумӣ ва асли аввалияи бархурд бо хатоҳои кӯдакон ба кор нагиранд.

Сониян: Бар аъсоб ва эҳсосоти худ мусаллат бошанд ва дар сурати лузум аз танбеҳ истифода кунанд, то ҷилави каҷравии кӯдакро бигиранд, на ин ки хашми худро бар кӯдак холӣ кунанд.

Солисан: Ба ҳадди ақалли танбеҳ иктифо кунанд ва аз он фаротар нараванд.

Робиъан: Барои танбеҳи кӯдак аз ҳар василае истифода накунанд. Ҳамчунин бар сурат ва мавозеи осебпазири кӯдак назананд ва аз шиддати амал ва танбиҳоти хашин ҷиддан парҳез кунанд.

Қаҳр, беҳтарин роҳи ҳал

Беҳтарин роҳи ҳалле, ки метавон дар ин масъалаи муҳим ва печида ироа кард ва аз дарсҳои тарбиятии Ислом ва Аҳли байт(а) аст, ин аст, ки ҳатто агар ниёзе ба танбеҳи фарзандон бошад, онҳоро назананд. Онон ғунчаҳои биҳиштӣ ҳастанд, ки зиндагиро ширин кардаанд, дар чунин мавоқее бо онҳо қаҳр кунед, зеро ин амал дар рӯҳияи кӯдак таъсири басазое дорад ва кӯдак эҳсос мекунад, бо қаҳркардани падар ё модар аз ӯ, гӯӣ тамоми дарҳо ба рӯяш баста мешавад ва ҳеҷ роҳе ҷуз дасткашидан аз корҳои хилофи худ надорад, пас мекушад аз корҳои зишти худ даст бардорад ва аз падару модар ё мураббӣ ҳам пузиш мехоҳад, аммо набояд қаҳркардан хеле тул бикашад, вагарна бозтобҳои манфии дигаре дарбар хоҳад дошт.

Имом Содиқ(а) ба яке аз ёрони худ, ки аз дасти фарзандаш ба сутуҳ омадабуд ва шикоят мекард фармуд:

[لاَ تَضْرِبْهُ وَ اْهْجُرْهُ وَ لاَ تُطِلْ] “Ӯро назан, балки бо ӯ қаҳр кун, аммо хеле тӯл накашад”.

Равиши дурӣ аз танбеҳ (эҳтиром ва такрими фарзандон)

Фарзандон дар ҳар синне, ки бошанд барои худ шахсият ва эҳтиром қоиланд, дӯст доранд ба шахсияти онон таваҷҷӯҳ шавад ва мавриди эҳтиром ва такрим қарор гиранд. Аз ин рӯ, сазовор аст, ки падару модар ба ин гироиши фитрӣ таваҷҷӯҳ кунанд ва рӯҳияи кӯдакро бо иззати нафс ва эътимоди ба нафс, тарбият ва таҳким кунанд. Дар меҳмониҳо ва дидорҳои хонаводагӣ ва умумӣ, ононро ҳамонанди дигарон гиромӣ бидоранд ва ба шеваи хирадмандона таҳсин кунанд ва аз ҳар гуна таҳқир ва тамасхур ба рух кашидани айбҳо ва лағзишҳои фарзандони хеш бипарҳезанд ва ҳатто дар муҳити даруни хона низ ин нуктаро аз ёд набаранд.

Рӯҳи кӯдак чун гул бисёр зариф ва ҳассос аст ва мумкин аст бо кӯчактарин ҳаракати ноҳанҷор пажмурда шавад. Бархе аз падарону модарон ба ғалат тасаввур мекунанд, ки чун падару модар шудаанд, пас ҳакқи ҳар гуна эъмоли назари ҷобирона ва султаҷуёна бар фарзандони худ доранд ва метавонанд бо онон ба ҳар гуна, ки бихоҳанд рафтор кунанд. Дар сурате ки дар ин миён ҳадду марзҳои борике аст ва мавозини шаръӣ ва тарбиятӣ ва ахлоқии дақиқе вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад агар падару модар ҳукумате бар фарзандони худ доранд, ҳукуматест, ки хайр ва салоҳи ҳамаи аъзои таҳти пушиши онро дар бар мегирад ва чизе ҷуз ҳокимияти ишқу муҳаббату маърифат ва тарбияти волои инсонӣ нест.

Гуфтор ва кирдори Аҳли байт(а) дар бораи фарзандони худ, бузургтарин ва зарифтарин дарсҳои тарбиятиро ба мо таълим медиҳанд. Ин ки чӣ гуна ба шахсияти фарзандони хеш азамат бахшем ва бо дамидани ҳисси худёбӣ ва худбоварӣ дар вуҷуди онҳо, хатти сайри такомули онҳо ва худбоварӣ миёни ҷомеъа ва пайвандҳои иҷтимоъӣ, рӯшан ва устувор гардонем.

Паёмбари бузургвори Ислом(с) мефармоянд:

[أَكْرِمُوا أَوْلَادَكُمْ وَ أَحْسِنُوا آدَابَهُمْ يُغْفَرْ لَكُمْ] “Фарзандони худро эҳтиром кунед, ва одобашонро некӯ гардонед, ки мавриди раҳмат ва бахшиш қарор хоҳед гирифт”.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.