Таъини аҳдоф

62

Таъини аҳдоф

Барои расидан ба орзуҳо ва расидан ба муваффақият ва комёбиҳои бештар, муҳимтарин чизе, ки бояд анҷом диҳем, таъини аҳдоф аст.

Бояд бдонем, ҳадафамон чист ва дар ростои расидан ба он ҳаракат намоем.

Вақте намедонем, чӣ ҳадафе дорем, аз навиштан барои ёфтани масири дуруст, бояд истифода кунем.

Агар намедонем, чӣ мехоҳем, навиштанро бояд шурӯъ кунем.

Навиштан маънои худро месозад. Чаро формула кардани як ҳадаф ва ба забон овардани чизе, ки мехоҳед, он қадар сахт аст?

Оё аз хостаи қалбиатон итминон надоред, ё фикр мекунед, лоиқи он нестед, ё метарсед, ки ҳарис ба назар биёед?

Ҳамаи инҳо мумкин аст бошад, аммо равоншиносон назаре дигаре дар бораи ин мушкил доранд.

Ҳамаи инсонҳо аз чизҳои осмонӣ метарсанд. Дархости чизҳои боварнакарданӣ қудрати аҷибе ба инсон медиҳад. Бештари афрод, кам ё зиёд дар курсиҳои радифи ақиби зиндагии худ зиндагӣ мекунанд, аммо ҳаракати доимӣ ба сӯи нур, рӯи саҳна ё нури осмонӣ рӯи саҳна вуҷуд надорад.

Ҳатто вақте ба самти нур кашида мешавед, шуморо метарсонанд ва аз он парҳез мекунед. Ҳамеша шоҳиди ин саҳна ҳастед, ки мардум рӯъёҳо ва орзуҳояшонро ба ҳадди ақал коҳиш медиҳанд.

Замири нимаҳушёр бо шаклҳои мухталиф бо мо ҳарф мезанад. Дар мавриди хеле аз афрод ин иттифоқ бо навиштани як намоишнома ва тамошои иҷрои он рӯй медиҳад. Замири нимаҳушёр шахсиятеро меофарад, ки оинаи орзуҳои фард аст.

Пас, навиштани орзуҳо ва рӯъёҳо масъалаи аслии мобояд бошад.

Навиштан дар сооти бомдод равиши фавқулодае барои ошкор кардани орзуҳост. Соатро рӯи понздаҳ дақиқа зудтар аз замоне, ки мехоҳед бедор шавед, танзим кунед ва ба маҳзи бедор шудан, ба навиштан шурӯъ кунед.

Хеле аз афроди муваффақ, аҳдоф ва усули худро ҳар рӯз менависанд, то онҳоро рӯи рафтори худ ҳак кунанд, ин кор бар зиндагиашон таъсир мегузорад. Навиштани субҳгоҳӣ монанди мисвок задан ва шустани чеҳра аст. Ин корро монанди як одати рӯзона анҷом диҳед, ин кор шуморо  барои рӯзе, ки дар пеш доред, омода ва ҳушёр мекунад.

Навиштан дар бораи орзуҳо ва натиҷа, сабаб мешавад, ки тамаркузи худро ҳифз кунед, ҳатто замоне ки тамаркуз надоред, ё фикр мекунед, ки тамаркуз надоред.

Каломи мактуб боис мешавад, тасвир пойдор ва устувор боқӣ бимонад, монанди чароғи ҳамеша рӯшани фонуси дарёӣ. Ва роҳи шуморо барои расидан ба орзуҳо ва ҳадафҳо рӯшан нигаҳ дорад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.