Таҷаллии ахлоқ дар ривоёти исломӣ

38

Таҷаллии ахлоқ дар ривоёти исломӣ

Дар ин навишта, чанд маврид аз фармудаҳои ахлоқӣ ва ҷумалоти ҳакимона, ки аз Имом Муҳаммади Боқир(а) нақл шудааст, пешкаши мухотабон мегардонем.

1 – “Ҳилму бурдборӣ либоси олим аст, пас ту худро аз он урён мадор”.

2 – “Кибру бузургнамоӣ маркабест, ки савори худро ба сӯи оташ мекашонад”.

3 – “Ҳамоно Худованд инсони бурдборро дӯст медорад”.

4 – “Бо росткирдорию садоқат худро барои Худованд биорой”.

5 – “Дар кори худ, фақат бо касоне машварат кун, ки аз Худо метарсанд”.

6 – “Сабр ду навъ аст: сабр бар бало, ки некӯву зебост ва бартарин он, сабру худдорӣ ва парҳез аз ҳаромҳои илоҳӣ аст”.

7 – “Ҳеч ибодате дар назди Худованд, бартар аз тарки шаҳавоти шикам ва фарҷ нест”.

8 – “Банда гуноҳ мекунад ва ба саби он, рӯзӣ аз ӯ гирифта мешавад”.

9 – “Худованд касеро, ки дар миёни ҷамъ шӯхӣ кунад, дӯст медорад, ба шарти он ки носазо нагӯяд”.

10 – “Ҳарис ба дунё, монанди кирми абрешам аст, ки ҳар чӣ бештар даври худаш метанад, хориҷ шудан аз пилла бар ӯ сахттар мешавад, то ин ки аз ғусса мемирад”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.