Аҳамияти тарбияти кӯдак

169

Кӯдак, яке аз афроде аст, ки таҳти тарбияти падар ва модари худ қарор мегирад ва бисёре аз рӯҳиёти фарҳангӣ ва иҷтимоии ӯ бо назорат пайгирии мудовими онҳо ҳосил мешавад.

Ин хонавода аст, ки ӯро солеҳ ё фосид бор меоварад, ва омили шаклгирии боварҳои кӯдак, шахсият ва масоили рӯҳӣ ва равонии ӯ ва маҳдуда таъсиргузории онҳо мешавад. Ў дин, шарофат, эътимод ба нафс, сидқу сафо, навъ дӯстӣ, ҳамдили бо дигарон, эҳтиром ба қонун, эҳсоси мсъулият ва таовунро аз падар ва модар меомӯзд.

Кӯдак ҳамонгуна, ки аз назар ҷисм, осебпазир аст ва дар баробари камтарин ва кӯчактарин ҳодисае вокуниш, нишон дода бемор мешавад, аз назар ахлоқӣ ва равони ҳам ба ҳамон андоза ё бештар, осебпазир аст.

Ў бисёре аз ҳолот ва рафторҳои фардӣ ва иҷтимоии худро аз бузургтарҳо тақлид мекунад ва дар назм, эҳтиром ба қонун, пойбандӣ ба мазҳаб, адаб, хушунат, бебанду борӣ, носозгорӣ ва … аз атрофиёни худ шакл мегирад.

Агар волидайн ва мураббиёни мо ҳамонқадр, ки ба шикастагии даст ва по ё нороҳатии чашм ва гӯши фарзанди худ аҳамият дода ва сармоягузорӣ мекунанд, барои тарбияти рӯҳӣ ва ахлоқии ӯ сармоягузори мекарданд ва аз дурӯғгӯӣ, беадабӣ ва беалоқагии ӯ ба мазҳаб ва дигар бемориҳои равони ранҷ мебурданд, ва барои дармони онҳо ба аҳлаш муроҷиа мекарданд, ҷавонони мо дар сатҳи болое аз ахлоқ ва тарбият қарор доштанд, зеро таъсирпазирии кӯдак аз иқдомот ва роҳнамоиҳои мураббиён бисёр зудтар аст.

Амири муъминон Алӣ алайҳиссалом барои фарзандаш имом Ҳасани Муҷтабо(алайҳиссалом) чунин навишт:

Зеҳни кӯдак ҳамонанди замини холӣ аст, ки ҳар базре дар он қарор дода шавад, мепазирад ва самар медиҳад. Пас ман пеш аз онки зеҳни ту, ба воситаи чизҳои дигар (дӯстон ва муҳит ва …) шакл гирад ва сахт шавад, ва фикрат машғул ва саргарм гардад, иқдом ба тарбият ту намудм.

Он ҳазрат дар ин каломи ҳакимона, рисолати тарбияти падар ва модарро ёдовар шудаанд. Падар ва модар бояд қабл аз инки кӯдак, таҳти таъсири муҳит ва шароит он қарор гирад, фарзандшонро дарёбанд ва бо бар овардан ниёзҳои рӯҳӣ ва отифи ӯ ва ҷиҳат додан ба онҳо, ӯро дар масири мустақими Илоҳӣ қарор диҳанд.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.