Пул

214

 

Яке аз масоили иқтисодӣ пул аст. То он замоне, ки инсонҳо чандон дар соҳаи равобити иҷтимоӣ ва робитаҳои иқтисодӣ рушд надоштанд, ниёзҳои худро бо табодули ҷинсҳо бароварда мекарданд. Аммо баъд аз рушди хариду фурӯш ва мубодилаи ниёзҳои ҳаётӣ ва иҷтимоӣ ва ниёзмандиҳои тарафайн ва ҳаминтавр тақсими кору тахассусҳо дар асари рушди саноат ва пешрафти ҷомеа, ин равиш бо мушкилот дучор гашт ва бар ин расиданд, ки як шайъ ва чизи хоссеро бо арзишгузории хосси худаш барои мубодилаи ниёзмандиҳо истифода кунанд. Ин чиз, ки воситаи хариду фурӯш гашт, ё арзиши зоти ҳамчун тилло ва нуқра дошт ва ё арзиши қарордодӣ ва эътиборӣ ҳамчун пулҳои имрӯзӣ. Албатта дар ҳамин масъала ҳам баҳс аст, ки оё арзиши тилло зотӣ аст ва ё эътиборӣ (дигарон ба ӯ додаанд) ва аз ҷиҳати он ки воситаи харид қарор гирифта ва мавриди ниёзи инсонҳо дар ҳар замон аст ва ё ба сабаби сабукии он ва ин ки фосидшаванда нест ва метавонад дар хазона ҳифз шавад, бо арзиш шудааст? ва ё сабабҳои дигаре ҳамчун қарордод сабаби арзиши он гаштааст? Дар масъалаи ин ки дар кадом даврон пул эҷод ва мавриди муомила қарор гирифтааст гуфторҳое аст, ки дар оянда матраҳ хоҳад шуд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.