Ташкили оила

156

Ташвиқ ба ташкили оила

 Аҳамияти ташкили оила

1.Паёмбари Худо (с): Дар Ислом, ҳеҷ биное сохта нашудааст, ки назди Худои Таоло, маҳбубтар аз бинои издивоҷ бошад.

  1. Паёмбари Худо (с): Дар чаҳор ҳангом, дарҳои раҳмати осмон кушода мешавад: … ва дар ҳангоми издивоҷ кардан.
  2. Паёмбари Худо (с): Ҳар кас бар дини ман ва оини Довуд ва Сулаймон ва Иброҳим аст, агар тавони издивоҷ кардан дорад, бояд издивоҷ кунад.
  3. Паёмбари Худо (с): Ҳар кас оини маро дўст дорад, бояд аз суннати ман пайравӣ кунад ва аз ҷумлаи суннати ман, издивоҷ кардан аст.
  4. Паёмбари Худо (с): Издивоҷ кунед, зеро ман дар фардои қиёмат, ба афзунии шумо бар дигар умматҳо менозам, ҳатто ба ҷанини сиқтшудае, ки бо ҳолати қаҳру нороҳатӣ бар дари биҳишт меояд ва ба ў гуфта мешавад: «Ба биҳишт дарой!» ва ў мегўяд: «На. Намедароям, то падару модарам пеш аз ман дароянд».
  5. Паёмбари Худо (с): Издивоҷ кардан, аз суннати ман аст. Пас ҳар кас ба суннати ман амал накунад, аз ман нест. Издивоҷ кунед, зеро ман ба афзунии шумо бар дигар умматҳо меболам.
  6. Паёмбари Худо (с): Издивоҷ кардан, суннати ман аст. Пас ҳар кас аз суннати ман рўй бартобад, аз ман нест.

8.Имом Алӣ (а): Издивоҷ кунед, зеро Паёмбари Худо (с) фармуд: Ҳар кас дўст дорад, ки аз суннати ман пайравӣ кунад, бидонад, ки издивоҷ кардан, аз суннати ман аст.

Идома дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.