Иди Саиди Қурбон муборак бод!

235

Рӯзи шанбе даҳуми зилҳиҷҷаи 1443 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 09-07 2023  Иди Саиди Қурбон ё Иди Аз Зуҳо аз идҳои бузурги мусулмонон аст.

Бар пайкари олами вуҷуд ҷон омад

Сад шукр, ки имтиҳон ба поён омад

Аз лутфи Худованди Халилур Раҳмон

Як иди бузург ба номи Қурбон омад.

Дар Иди Саиди Қурбон ҳоҷине, ки ба зиёрати Хонаи Худо рафтаанд, ба дастури Худованд ва барои ризоӣ Ӯ қурбонӣ мекунанд ва хотираи Паёмбари бузурги илоҳӣ, ҳазрати Иброҳим (а)-ро зинда ва гиромӣ медоранд.

Иди Қурбон аст, эй ёрон, гулафшонӣ кунед

Дар минои дил вуқуф аз ҳаҷҷи руҳонӣ кунед

То наяфтодаст ҷон дар панҷаи гурги ҳаво

Гӯсфанди нафсро гиреду қурбонӣ кунед.

Худованд барои озмудани имону ихлос ба ҳазрати Иброҳим (а) маъмурият дод, ки фарзандаш ҳазрати Исмоил (а)-ро дар роҳи Худо қурбонӣ кунад. Ҳазрати Иброҳим (а) бо вуҷӯди душвории ин кор, ба фармони илоҳӣ гардан ниҳод ва барои иҷрои ин маъмурият муҳайё шуд, аммо ҳарчӣ талош кард, корд гулӯи ҳазрати Исмоил (а)-ро набурид. Дар айни ҳол ба ҳазрати Иброҳим (а) хитоб шуд аз имтиҳони илоҳӣ сарбаланд берун омадааст ва онгоҳ гӯсфанде фиристода шуд то вай онро ба ҷои ҳазрати Исмоил (а), қурбонӣ кунад.

Иди Қурбон – иди фидокорӣ, аз худгузаштагӣ, ғалаба бар ҳавои нафс ва таслим дар баробари фармони Худованд аст.

Иди Қурбон омаду дар Макка ҳаҷҷи акбар аст

Идро табрик кардан суннати пайғамбар аст

Мусалмонони ҷаҳон рӯзи даҳуми зилҳаҷҷаро ба унвони як иди бузург ва пуршукӯҳи исломӣ гиромӣ медоранд ва аз он дарси ихлос ва бандагӣ ба даргоҳи Худованди бузургро меомӯзанд.

Сомонаи “Хонавода” фаро расидани Иди Саиди Қурбонро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ба хусус мардуми мусулмони Тоҷикистон ва ҳамаи тоҷикони ҷаҳон табрик ва таҳният мегӯяд!

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.