Ба кӯдак эҳтиром бигзоред

76

Ба кӯдак эҳтиром бигзоред

Нукоти тарбиятии фарзандон

Риоят кардани масоили ҳассос ва нозук дар тарбияти кӯдак аҳамияти бисёр болое дорад ва дар рушду шукуфоии онҳо таъсиргузор хоҳад буд.

Дар ҳақиқат, тарбияти фарзанд ва чигунагии рафтори мо бо ӯ дар кӯдакӣ, асоси шаклгирии шахсияти фарзандон дар оянда мебошад.

Чигунагии рафтори мо – волидайн, падару модарон бо фарзандонамон дар даврони кӯдакӣ нақши бисёр муҳимме дар парвариши эътимод ба нафсу худбоварии ӯ хоҳад дошт. Ӯ бояд ба худаш бовар дошта бошад, ба тавоноиҳояш бояд бовар дошта бошад ва барои шахсияти худаш эҳтиром ва иззат қоил бишавад.

Фарзандон дар давронҳои мухталифи кӯдакӣ, ниёз ба эҳтиром доранд. Рафторҳое назири сарзанишгарӣ, таҳқиру танбеҳи номуносиб ниёз ба эҳтиромро дар кӯдакӣ ноком карда ва боиси зарба дидани эътимод ба нафс ва худбоварии ӯ мешавад.

Пас, бояд талош кунем, ки аз ҳамон ибтидо дар гуфтугӯ бо кӯдакамон адабиёти мӯҳтарамона ба кор барем, муносибатамон бо ӯ мӯҳтарамона бошад ва ҳаргиз ин тавр гумон накунем, ки кӯдак тавҳину беэҳтиромиро ҷиддӣ намегирад.

Рафторҳои содае монанди салом кардан ба фарзандон дар ибтидои вуруд ба хона ва садо задани ӯ бо сифоти писандида, метавонад таъсири бисёр бузурге дар павариши иззати нафси кӯдак бигузорад.

Ҳангоме ки кӯдак мутаваҷҷеҳи эҳтироми падару модар (ва мураббию муаллим) нисбат ба худаш шуд, бештар ба ҳарфҳои шумо гӯш медиҳад ва ӯ низ талош мекунад, барои шумо ва атрофиён эҳтиром бигузорад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.