Ислоҳи худ – ислоҳи нафс

30

Ислоҳи худ – ислоҳи нафс

Дуое аз Саҳифаи Саҷҷодия

“Худоё, кори душворе чун ислоҳи нафсамро бар ӯҳдаи ман ниҳодаӣ, коре, ки худат аз ман ба он (кор) тавонотарӣ ва тавоноият бар он кор ва бар ман, беш аз тавоноии ман аст. Пас чизе, ки туро аз ман хушнуд мекунад, ба ман ато кун ва хушнудиятро дар ҳоли тандурустиам, аз ман дарёфт намо”. (Фарозе аз Саҳифаи Саҷҷодия).

Имом Зайнулобидин дар ин дуо ба ин матлаб ишора фармудаанд, ки чӣ андоза ислоҳи худ ва ислоҳи нафс душвор аст. Зеро инсон мавҷуди заифу нотавонест, ки дар майдони бисёр васее аз кӯшишҳои ғароизу шаҳавот ва хостаҳову майлҳои нафсонӣ ва дар баробари ҷаззобиятҳои пурқудрати зарқу барқи зоҳирии дунё ва зару зевари дунёӣ қарор дорад ва муҳимтарин хостаи ӯ саломатии бадан, сарвату мол, хушгузаронӣ, хӯрдану нӯшидан ва дастёбӣ ба лаззатҳои моддист. Бо ин ҳол, инсон аз ҷониби Парвардигор муваззаф аст, ки худро аз олуда шудан ба ғаризаҳо ва шаҳватҳо ва хостаҳои номашрӯи ботинӣ ҳифз кунад, худро аз ҷозибаҳои ғайриилоҳӣ ва умури моддӣ пок нигаҳ дорад ва худро ба ҳасаноти малакутӣ ва сафои аршӣ ва ахлоқи илоҳӣ биорояд ва ба баёни дигар, худро ва нафси хешро ислоҳ кунад.

Дар миёни мавҷи дарё тахтабандам карда дӯст

Боз мегӯяд, ки доман тар макун, ҳушёр бош.

Худованд ба инсон шаҳвату ғариза ва майл иноят кардааст ва вайро бо дунё ва зарқу барқи он рӯбарӯ намудааст ва ҳолати лаззатталабӣ дар одамӣ ниҳодааст, вайро бо қудрати ирода ва ихтиёр ва ҳавосси панҷгонаи зоҳирӣ оростааст, он гоҳ дастури қатъӣ медиҳад, ки дар масъалаи ғаризаҳо ва шаҳватҳо ва умури моддӣ худро маҳдуд ба ҳудуди илоҳӣ кун ва муқаррароти қуръонӣ ва қавонин иисломиро риоят кун ва то рӯзи хуруҷ аз дунё мувозиб бош ва оинаи нафсро бо тири гуноҳ ва санги маъсият нашикан ва домани вуҷудатро ба ҳаром олуда макун. Инсон бо ҳамаи ин матлаб, ба ростӣ ҳақ дорад, ки ба ҳазрати Имом Зайнулобидин иқтидо намояд ва ба даргоҳи ҳазрати Ҳақ ниёишу дуо кунад, ки Худоё, ту маро ба ислоҳи нафс амр фармудӣ, ки худат ба анҷоми он аз ман донотару тавонотарӣ ва тавоноии ту бар ин кор, аз ман бештар аст ва ман аз ту мадад мехоҳам, пас чизе, ки туро аз ман хушнуд мекунад, ба ман ато кун ва хушнудиятро дар ҳоли тандурустиам, аз ман дарёфт намо.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.