Эҷодкорӣ ва халлоқияти зеҳнии кӯдакон

96

Эҷодкорӣ ва халлоқияти кӯдакон

Парвариши халлоқият ва эҷодкорӣ дар кӯдакон

Оё тезҳушӣ ва эҷодкориро мешавад дар кӯдак ба вуҷуд овард, ё на?

Чӣ гуна неруи тахайюлии кӯдакро афзоиш диҳем?

Парвариши халлоқияти зеҳнӣ, эҷодкорӣ ва неруи тахайюлӣ, чӣ манфиате барои кӯдаки мо дорад?

Кӯдак бо доштани зеҳни халлоқ ва эҷодкор метавонад ҳангоми рӯбарӯ шудан бо мушкилот аз роҳҳои гуногуне барои ҳали мушкил истифода кунад.

Кӯдаке, ки зеҳни эҷодкор ва халлоқ ва офаринанда дорад, метавонад арзиш эҷод кунад, ба ин маъно, ки осори арзишманде ба вуҷуд биёварад.

Халлоқият ва эҷодкориро кӣ метавонад даркӯдак эҷод кунад?

Муҳимтарин омил дар парвариши халлоқияти кӯдакон, волидайни ӯ, худи падару модарон ҳастанд.

Халлоқияти зеҳнӣ чӣ гуна эҷод мешавад?

Тафаккури халлоқ ё зеҳни офаринанда ва эҷодкор ба маънои маҷмӯае аз иттилоот аст, ки боиси ба вуҷуд омадани як фикри ҷадид мешавад.

Ба иборати дигар, халлоқият афкоре аст, ки дар зеҳн мечархад, бидуни он ки зеҳнро ба ин водор кунем.

Халлоқият ва эҷодкорӣ ба ин маъност, ки идеяҳои сардаргумро бо ҳам таркиб кунем ва шакли ҷадиде аз онҳо бисозем.

Тамоми ихтироот ва кашфиёти башар, ҳосили зеҳни халлоқ ва пас аз он, натиҷаи нубуғи фикрӣ ва зеҳнии инсон аст.

Муҳимтарин омил дар парвариши зеҳни халлоқи кӯдакон, падару модарон ҳастанд.

Лозим аст, ки падару модарҳо бо огоҳӣ ва сабурона, дар хидмати фарзандон бошанд ва роҳҳои дурусте, ки метавонанд ба парвариши халлоқияти кӯдак метавонад муассир бошад, бо кӯмаки як мутахассис тадвин кунанд.

Дар идомаи сӯҳбат, ба нукта дар ин бора ишора хоҳем намуд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.