Чигуна дурӯғ нагӯем

93

Муддате аст, ки хоста ё нохоста дурӯғ мегӯям хеле диққат мекунам, ки дурӯғ нагӯям, аммо намешавад ва баъд аз инки ин иттифоқ меафтад хеле пушаймон мешавам, хоҳиш дорам маро роҳнимоӣ кунед, ки чигуна аз ин буҳрон халос шавам.

Барои инки мо ба тарки рафторе муваффақ шавем лозим аст ибтидо ҳадафи худро маҳкам кунем ва бидонем ба чӣ ангезае мехоҳем ин рафторро дар худ аз байн барем. Барои истеҳкоми ҳадаф ба мутолиа ва ҷустуҷӯ ва таҳқиқ ниёз дорем, то осори ухравии ин гуноҳро бишносем. Дар баъзе аз суханони имомон (а) аз дурӯғ ба унвони гуноҳе, ки сабаби нозил шудани бало, монеи иҷобати дуо ва сабаби марги зудрс мешавад, ном бурда шудааст.

Барои тарки ин одати бад саъй кунед одат кунед ибтидо тааммуле дошта ва сипас сӯҳбат кунед. Ин равияро ҳамеша ва дар ҳар иқдом ва рафторе ҳифз кунед ҳатто дар иртибот бо хонавода ё дӯстон ё иртибототи корӣ ва ғайра.

Сӯҳбат кардани зиёд ба ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳ ҳам яке аз далелҳои дурӯғгӯӣ аст, касе, ки бисёр ҳарф мезанад ва барои пайдо кардани матлаб ба дурӯғ мутавассил мешавад. Камгӯӣ ва ростгӯӣ ба эътибори иҷтимоии фард дар назди дигарон ме‎афзояд.

Ҳар шаб пеш аз хоб амалкарди рӯзонаи худро арзёбӣ кунед. Теъдоди дурӯғҳои худро дар ҷадвали махсусе ва дар рӯзи марбута аломат бизанед. Бо худ қарор бигузоред, ки масалан дар баробари ду дурӯғ ва бештар дар рӯз худро танбиҳ кунед; аасалан рӯза бигиред, ё худро аз чизи дӯстдоштанӣ маҳрум кунед; ва агар бар тибқи тааҳҳуди худ амал кардед, худро тамҷид ва ташвеқ намоед.

Бипазиред, ки бо тарки дурӯғ мумкин аст дар замонҳое дар зоҳир зиён бубинед. Боз таъкид мекунам дар зоҳир, аммо вақте таъм ва маззаи тарки ин гуноҳро чашидед дигар мавориди қаблро хусрону зиён ба ҳисоб намеоваред. Бо пазириши ин душворӣ метавонед роҳаттар шуҷоати дурӯғ нагуфтанро пайдо кунед.

Илова бар заъфҳои дарунӣ, мумкин аст авомили берунӣ ҳам ба кумаки ангезаҳои дарунӣ омада ва инсонро ба инҳироф аз масири садоқат бикашонанд. Омилҳое, ки инсонро ба дурӯғ гуфтани рӯзмарра одат медиҳад иборатанд аз; дурӯғ гуфтанҳои мукаррари падару модар ва бузургтарҳо дар хонавода, дӯстӣ бо афроди дурӯғгӯ, муҳити иҷтимоии носолим ва эъмоли бархе аз барномаҳои расонаҳо мисли рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, телевизион ва интернет, ки ҳар кадом бояд ҷудогона баррасӣ шаванд. Вале бо тамоми ин аҳвол, инсон мавҷуде аст мухтор ва озод, ки тавони раҳонидани худ аз тамоми бандҳои дарунӣ ва беруниро дорад. Ӯ метавонад беш аз дигарон ва пеш аз дигарон дар зиндагии худ нақш дошта бошад. Инсон қодир аст бо таваккул бар Худо ва иродаи худ маҳори зиндагии худро ба даст гирад ва худ қаҳрамони зиндагӣ бошад.

Дӯстони худро мавриди арзёбӣ қарор диҳед. Муошират бо афрод рафтори онҳоро дар мо эҷод мекунад. Инсонҳо шабеҳ ба ҳамнишинони худ мешаванд, пас агар дӯстоне доред, ки қубҳи бархе аз рафторҳо барои онҳо аз байн рафтааст, иртиботи худро бо онҳо камтар ё қатъ кунед.

Эътимод ба нафси худро боло баред. Дар бисёре аз маворид дурӯғ ба далели эҳсос худкамбинӣ ва ҳақорати дарунӣ шакл мегирад, дар ҳоле ки агар эътимод ба нафс дошта бошем метавонем ҳақиқатро бо шуҷоат ва бидуни тарс баён кунем.

Паймонҳои кӯтоҳмуддат бандед. Бо худ тааҳҳуд кунед, ки барои муддатзамони кӯтоҳе муроқиби забонатон бошед. Замонро бисёр кӯтоҳ бигиред. Ба унвон мисол бигӯед ман мехоҳам то зӯҳри имрӯз дурӯғ нагӯям. Вақте замонро кӯтоҳ интихоб мекунед, эҳсос мекунед, ки метавонед худатон ва забонатонро контрол кунед ва муваффақ шавед.

Дар муроқибати ҷиддӣ бошед. Вақте бо худ аҳд бастед, ки то фалон мавқеъ дурӯғ нагӯед, ҳоло бояд шурӯъ ба муроқибат кунед. Ҳавосатонро комилан ҷамъ кунед. Бисёр ҷиддӣ бошед. Ҳатто агар қасди шӯхӣ ва мизоҳ доред набояд дурӯғ бигӯед. Дурӯғ таҳти ҳар шароите бад аст ва шӯхию ҷиддӣ ҳам надорад. Ҳаминтавр муроқиб бошед дар муоширатҳои рӯзона, содиқу ростгӯ бошед; масалан агар аз дидани касе воқеан хушҳол нашудаед, аз сар одатҳо нагӯед, ки хеле хушҳол шудам.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.