Сарнавишти инсон ва моли дунё

45

Сарнавишти инсон ва моли дунё

Алӣ(а) ба фарзандаш Имоми Муҷтабо (алайҳис-салом) хитоб кард: Чизе аз дунёи ҳаром баъд аз сарат боқӣ нагузор, зеро ончӣ аз ту мемонад насиби яке аз ду тан хоҳад шуд ё шахсест, ки онро дар тоати Худо ба кор гирад, пас саодатманд мешавад ба чизе, ки туро ба ҳалокат афкандааст. Ва ё шахсе, ки онро дар нофармонии Худо ба кор гирад, пас ҳалок мешавад ба он чӣ ки ту ҷамъоварӣ кардӣ, пас ту дар гуноҳ ўро ёрӣ кардаӣ, ки ҳеҷ як аз ин ду нафар сазовори он нестанд то бар худ муқаддам дорӣ.

Ин ҳикмат ба гунаи дигаре низ нақл шудааст: Пас аз ситоиши Парвардигор! Ончӣ акнун аз дунё дар дасти ту аст, пеш аз ту дар дасти дигарон буд ва пас аз ту низ ба дасти дигарон хоҳад расид ва ҳамоно ту барои ду нафар мол хоҳӣ андўхт ё шахсе, ки амволи ҷамъшудаи туро дар тоати Худо ба кор гирад, пас бо он чизе, ки туро ба ҳалокат афканд, саодатманд мешавад ё касе, ки онро дар гуноҳ ба кор андозад, пас аз амволи ҷамъшудаи ту ҳалок хоҳад шуд, ки ҳеҷ як аз ин ду нафар сазовор нестанд, ки бар худ муқаддамашон бидорӣ ва бори онҳоро бар дўш бикашӣ. Пас барои гузаштагон раҳмати илоҳӣ ва барои бозмондагон рўзии Худоро умедвор бош.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 416)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.