Ашхоси ростгу солимтаранд!

74

Ин таҳқиқот бо истифода аз гуруҳсанҷии ҳуҷайраҳо рӯи довталабони чинӣ анҷом шуд ва нишон дод мағз пас аз гуфтани ҳақиқат подоши ризоятбахше дарёфт мекунад ва сабаб мешавад,то шахс ҳисси беҳтаре дошта бошад.

Ба гузориши маҷаллаи Ничер (Nature) натоиҷи таҳқиқоти муҳаққиқони донишгоҳи Торронто нишон медиҳад, ки гуфтани ҳақиқат дар мағзи сар ҳисси беҳтаре эҷод мекунад ва ашхоси ростгу солимтар боқӣ мнмонанд.

Дар мағзи инсон бахше ба номи системаи подош (Reward system) вуҷуд дорад. Ҳангоме ки қишри мағзи сар як муҳаррики марбут ба подош дарёфт мекунад, ин сигналро аз пардаи мағз ба қисмати миёнӣ ирсол мекунад ва фаъолияти ин бахши мобайнӣ, ки VTA ном дорад, афзоиш меёбад. Бахши мобайнӣ пас аз дарёфти сигнали подош шуруъ ба тарашшӯҳи дофамин ё озод кардани гармон мекунад.

Дофамин модаи кимиёии интиқолдиҳандаи асабӣ аст, ки дар муҳрадорон ва бемуҳрагон вуҷуд дорад. Дофамин моддаи ҳаётӣ барои мағзи сар аст ва бисёре аз бемориҳои системаи асабӣ монанди паркинсон ба иллати коҳиши ин модаи кимиёӣ буруз мекунад.

Дар идомаи таҳқиқот омада аст, ки дуруғ гуфтан ва фиреб додан сабаби афзоиши фаъолиятҳои зарарноки мағзи сар ва истифода аз манбаъҳои асабӣ мешавад.Илова бар ин дуруғгуӣ сабаби афзоиши зарабони қалб(задани дил) ва эҷоди халал дар амалкарди системаи гардиши хун мешавад . Бурузи изтироб ва заъфи системаи эминии бадан яке дигар аз асарҳои бевосита ва мустақими дуруғгуӣ аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.