Фарқияти шири модар барои духтар ва писар

69

Пажуҳишҳои муҳаққиқони донишгоҳи Гарвард дар Амрико нишон медиҳад, ки бадани модарон ба таври табиӣ шири мутафовитеро барои писар ё духтар тавлид мекунад.

Ҳамчунин мутолиоти анҷомшуда дар инсонҳо , маймунҳо ва дигар пистондорон тафовутҳоеро дар муҳтавои шири модар ва миқдори тавлиди он нишон дода аст.Ин мутолиа нишон дод шире ки модар барои навзоди писар тавлид мекунад саршор аз равған ва протеин аст, ки энергия ва неруи бештаре дорад.Аммо замоне, ки модар навзоди духтар ба дунё меоварад, миқдори шири модар бештар мешавад.

Кати Хайд аз донишгоҳи Гарвард, ки раёсати ин мутолиаро бар уҳда дошт , гуфт : Фарзияҳои зиёде барои тавзеҳи ин раванд матраҳ шуда аст; барои мисол дар миёни маймунҳои ризевс , маймуни мода гароиш ба тавлиди калсии бештаре дар шираш барои навзодони мода дорад . Вай афзуд : Ин ба модарон имкон медиҳад шири бештаре ба духтаронашон бидиҳанд, ки кумак мекунад онҳо тезтар рушду нуму кунанд ва зудтар ба булуғ ва тавлиди насл бирасанд.

Муҳаққиқ Кати Хайд хотирнишон кард : Ин дар ҳоле аст ки маймунҳои нар ниёз надоранд, ки ба суръати маймунҳои мода ба булуғи ҷинсӣ бирасанд, зеро танҳо маҳдудияти онҳо барои тавлиди насл ба теъдоди маймунҳои мода бастагӣ дорад. Хайд гуфт : Ҳануз намедонем чаро дар инсон модарон ширҳои мутафовуте барои навзодони худ бар асоси ҷинси онҳо тавлид мекунанд.Нишонаҳое вуҷуд дорад дар ин хусус,ки ин ҷараён аз вақте,ки бача ҳануз дар шиками модар аст, рух медиҳад.

Пай бурдан ба тафовутҳо ва фарқиятҳо дар шири модар ва таъсири он бар рушди кудак метавонад ба беҳбуди тавлиди шири хушк барои кудаконе, ки модаронашон қодир ба шир додан ба онҳо нестанд, кумак кунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.