Далели пӯшондани мӯи сар барои занон

236

 

Чаро пӯшондани мӯи сар фақат барои занон супориш шудааст?

Дар мавриди пӯшиш ва мизони он дар мавриди марду зан бояд гуфт: асли пӯшиши бадан, ҳам барои мард ва ҳам барои зан, дар мавриди баъзе аз қисматҳои бадан воҷиб аст, вале миқдори пӯшиш барои занон ва қисматҳое аз бадан, ки лозим аст тавассути онҳо пӯшида гардад, дар Ислом бештар аст.

 Иллати масъала

Бо таваҷҷӯҳ ба вежагиҳои ғаризии мардону занон ба равшанӣ митавон фаҳмид, ки мардон бештар аз занон талаби ҷинси мухолиф доранд ва бо чашмони худ дар таъқиби зану зебоиҳои ӯ ҳастанд. Ин нукта аз назари шахсӣ ва дарунӣ ва бо таваҷҷӯҳ ба сифоти занону мардон ва ба ҷиҳати муқоисаи оморӣ, амри мусаллам ва яқинӣ аст.

Дар муқобил хоҳишҳои зан пеш аз онки мутаваҷҷеҳи ҷустуҷӯи зебоиҳои ҷинси мухолиф бошад, ба думболи худнамоӣ ва ироаи зебоиҳои худ ва рубудан дили мардон аст. Аз ҳамин рӯ тавсияи Худо дар дараҷаи аввал ба мардон он аст, ки муроқиби нигоҳи худ бошанд ва дар мавриди занон низ авлавияти аввал ҳифзи пӯшиш аст.

Дар ин байн аз он ҷоки зебоиҳои сару сурат дар ҳар инсон аввалин манзар дар муқобили дигарон ва бо дидани сару сурат гароиш ва сипас интихоб шакл мигирад, пӯшиши бонувон имтиёзи вежа пайдо мекунд ва ин барои ҷилавгирӣ аз ривоҷи фасод дар ҷомеа аст.

Ба ҳар ҳол бояд таваҷҷӯҳ кард, ки ин ҷаҳон сарои озмун аст ва ҳамонгуна, ки чашм пӯшидан аз зебоиҳои занон барои мардон бисёр сахт аст, худдорӣ аз ироаи зебоиҳо ва худнмоӣ барои занҳо низ кори мушкил аст ва Худованд ҳар касро ба шакли хоссе мавриди имтиҳону озмоиш қарор медиҳад.

Таваҷҷӯҳи хос ба занон

Ҳифзу муроқибати бештар аз як чиз нишонаи арзиши бештар он аст. Агар Худованд ба занон фармон додааст, ки аз зебоиҳои худ муроқибат намоянд ва дастури пӯшиши сару гарданро додааст, маълум мешавад ин бахш, чизи арзишманд аст, ки хоҳону толиб дорад, аммо метавонад мавриди дастбурди роҳзанон қарор гирад ва ё ҳамчун абзори ношоист барои баҳра бардорӣ ва судпарастӣ ва колои таблиғотӣ дарояд. Табиӣ аст, ки дастур ба пӯшиш, тавсия ба арзиш гузоштани занон ба худ ва муроқибат аз гавҳари арзишманд ва арзиш додан ба занон аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.