Бадомӯзиҳои ҷангу ҷидоли волидайн

103

Инки падару модарҳо , гоҳе авқот боҳм мухолифат ва гоҳе ҳам баҳс микунанд, як масъала одӣ аст. Онҳо мумкин аст роҷеъ ба пул , корҳои хона ё инки вақташонро читавр боҳам бигузаронанд, мухолифат кунанд. Гоҳе дар бораи масоили муҳим, ки дар робита ба хонавода аст ва албатта хеле вақтҳо ҳам ба хотири масоили камаҳаммият мисли инки ғизо чи бошад ё кӣ ба харид биравад, мумкин аст мухолифате пеш биёяд. Касоне, ки муддати зиёде бо ҳам зиндагӣ мекунанд ба таври табиӣ, гоҳе боҳам мухолифат ё баҳс мекунанд.

Баъзе вақтҳо волидайн боҳам мухолифат мекунанд вале бо оромиш боҳам ҳарф мезананд ва ҳар ду ба ҳам фурсати шунидан ва гуфтанро медиҳанд. Гоҳе ҳам мухолифаташонро бо ҷанҷол ва дод задан ба ҳам нишон медиҳанд. Бештар кудакон аз ин ҷанҷолҳо хеле нигарон мешаванд. Садоҳои баланд ва калимаҳои номеҳрубони волидайн боиси мешавад, ки онҳо эҳсоси тарс ё ғамгинӣ пайдо кунанд. Ҳатто вақте, ки волидайн бо ҳам қаҳр мекунанд ва аслан ҳарф намезананд ҳам, метавонад барои кудакон озордиҳанда бошад. Гоҳе кудакон фикр мекунанд, ки дар ҷанги волидайн айб аз онҳост, масалан вақтҳое, ки ба хотири мавзӯе, ки ба кудакон робита дорад. Дар ин вақтҳо эҳсоси гуноҳ ва камбудӣ дар кудакон эҷод мешавад. Аммо ин муҳим аст, ки кудакон бидонанд, ки дар рафторҳои волидайнашон ҳеҷ вақт муқассир нестанд.

 Маънои ҷанҷоли волидайн чист?

Бештари вақтҳо, кудакон ба ин фикр мекунанд, ки мақсади падару модарашон аз даъво чист? Мумкин аст бо худашон фикр кунанд, ки волидайни онҳо ҳамдигарро дӯст надоранд ва ҳатто мумкин аст, ки фикр кунанд, ки маънои даъвои онҳо ин аст, ки мехоҳанд ҳамдигарро талоқ бидиҳанд. Аммо даъвои падару модарҳо маъмулан ин маъноҳоро надорад. Ин муҳим аст, ки кудакон бидонанд, ки бузургтарҳо ҳам гоҳе дуруст мисли худи кудакон, боҳам даъво мекунанд ва дар мавқеи даъво мумкин аст, ки ҳарфҳое зада шавад, ки воқеан манзури онҳо набошад. Баъзе рӯзҳо бузургтарҳо хаста ва камҳавсала мешаванд ва шояд аз дасти касе асабонӣ бошанд, ин вақтҳо мумкин аст дар хона баҳс ва нороҳатӣ ва ё шояд даъво пеш биёяд.

Эҳсоси кудакон дар мавқеи даъвои падару модарҳо чист?

Шунидани садои баланд ё калимаҳои номеҳрубон аз волидайн, маъмулан кудаконро ғамгин мекунад. Дидани нороҳатӣ ва ғамгинии падару модар ва инки наметавонанд асабонияти худашонро контрол кунанд, боис мешавад кудакон битарсанд ё эҳсоси танҳоӣ кунанд. Мавқеи даъва, кудакон мумкин аст бештар нигарони яке аз волидайн бошанд, ки бештар ғамгин шуда ё ҳатто бештар сараш фарёд кашида шудааст. Ё мумкин аст яке аз волидайн, онқадар хашмгин шуда бошад, ки эҳсоси хатаре пеш биёяд.

Гоҳе ҳам падару модари асабонӣ бо фарзандашон ҳам, асабонӣ мешаванд. Баъзе вақтҳо, кудакон аз даъвои бузургтарҳо дилдард мегиранд ё гиря мекунанд. Ё хобашон намебарад ё мактаб рафтан барояшон душвор мешавад. Яке аз корҳои муҳим ин аст, ки ин эҳсосро бо худи волидайн дар миён бигузоранд то онҳо ба кумаки кудакон биёянд. Шояд бузургтарҳо аслан ҳавосашон набошад, ки кудакон тарсидаанд ва ё ба онҳо иллати баҳсро тавзеҳ бидиҳанд ва эҳсоси манфии кудаконро бартараф кунанд.

Вақте даъвои бузургтарҳо зиёд тӯл бикашад ё зиёд такрор бишавад, чӣ кор бояд кард?

Ҳар чанд, ки гоҳе падару модарҳо мумкин аст боҳам мухолифат кунанд вале инки сари ҳам дод ва фарёд кунанд ё ҳарфҳои хеле номеҳрубон бигӯянд ва хулоса ба ҳамдигар беиҳтиромӣ кунанд, аслан кори дурусте нест. Гоҳе вақтҳо, даъвои бузургтарҳо мумкин аст бо хушунат ва тела додан ё шикастани чизҳои мухталиф ё худоинокарда, задани ҳамдигар ҳамроҳ бишавад, ки ин корҳо ҳам, ҳаргиз ва ба ҳеҷ сурат корҳои дурусте нест. Дар ин вақтҳо, волидайн эҳтиёҷ доранд, ки касе ба онҳо биёмӯзад, ки читавр асабонияташонро контрол кунанд!

Шояд кудакон бо яке аз бузургтарҳое, ки ба ӯ эътимод доранд мисли амак, падакалон ё муаллим, дар бораи инки дар хона даъвоҳои зиёд ё хатарнок, иттифоқ меафтад ва инки мумкин аст касе осеб бибинад, сӯҳбат кунанд ва аз ӯ бихоҳанд ба хонаводаи онҳо кумак кунад. Ҳарчанд, ки ин кор ниёз ба замон ва тамрин дорад, вале аъзои хонаводаро ба зиндагии оромтаре наздик мекунад.

Инки волидайн гоҳе боҳам мухолифат кунанд, ироде надорад?

Мухолифат, ба шарти онки обрӯмандона бошад, ба афрод кумак мекунд то эҳсосоти худро ба ҳам бигӯянд ва ҷилави пур шудан ва мунфаҷир шуданро мегирад. Муҳимм аст, ки аъзои хонавода битавонанд боҳам дар бораи эҳсоси худ гуфтугӯ намоянд, ҳатто мавқеъ мухолифат. Кори хубе, ки мухолифат барои одамҳо мекунад ин аст, ки маъмулан боис мешавад, ки якдигарро беҳтар дарк кунанд ва эҳсоси наздики бештаре пайдо кунанд.

Волидайн ҳам дуруст мисли кудакон мухолифат мекунанд ва баъд боҳам оштӣ мекунанд ва саранҷом ҳама дубора эҳсоси хубе хоҳанд дошт. Ҳеҷ хонаводае бе ишкол нест ва билохира як нақсе пеш меояд. Ҳатто дар хушҳолтарин хонаҳо ҳам, масъала вуҷуд дорад ва бузургтарҳо гоҳе боҳам баҳс мекунанд. Маъмулан, ҳамаи аъзои хонавода кумак мекунанд то зиндагӣ барои бақия, ширинтар бишавад. Пас, мухолифат, қисмате аз як зиндагӣ аст бо кумак, муҳаббат ва фаҳмидани ҳамдигар, хонавода метавонад бештар мушкилотро бар тараф кунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.