Чанд асли ҳоким бар равобити заношуӣ

69

 

1-Дар як робита, ҳар як аз ду тараф, ки камтар ошиқ бошад, бештарин контролро бар робита дорад.

2-Равобити муваффақ бо ёфтани як фарди муносиб ва шоиста оғоз намешаванд, балки бо муносиб ва шоиста будани худи фард оғоз мешаванд.

3-Фарде, ки дар оянда маҷзуби вай мешавем, умдатан бар пояи чизе аст, ки мо дар робита гузаштаи худ қодир ба ҳал, канор омадан ва ё дастёбӣ ба он набудаем.

4-Танҳоӣ ва иззати нафси поин ду омили бисёр таъсиргузор мебошанд, ки бисёреро бар он медорад, ки дар як робитаи носолим ворид гарданд. Чароки ин афрод тасаввур мекунанд як робитаи носолим беҳтар аз надоштани робита ва танҳоӣ аст.

5-Пул, қудрат, секс, мазҳаб, сиёсат, масрафи сигор ва спирт, бастагон ва хонавода аз ҷумла мабоҳисе мебошанд, ки матраҳ карданашон ҷанҷолофарин буда ва маъмулан ба кашмакаш ва мушоҷира меанҷоманд.

6-Занон умдатан маҷзуби мардоне мешаванд, ки қадре аз лиҳози эҳсосӣ ғайри қобили дастрас, тудор ва худдор мебошанд, чароки онҳо ғайри қобили пешбинӣ буда, занонро ба чолиш кашонда, ва бо ниёзманд ҷилва додани беандозаи худ занонро таҳти фишор қарор намедиҳанд. Мардони хеле муаддаб ва дилпазир иттилоотро хеле зуд фош месозанд, ва ингуна минамоянд, ки “инки ту чӣ кор мекунӣ ва чигуна рафтор мекунӣ, барои ман аҳамият надорад, ман мисли пештарҳо дар канори ту ҳастам.”

7-Афрод ба таври нохудогоҳ вобастаи фарде мешаванд, ки ниёзҳои эҳсосии ононро ирзо мекунад.

8-Афрод ҷазби касоне мешаванд, ки дараҷоте аз истиқлоли эҳсосӣ ва фикриро аз худ буруз медиҳанд. Истиқлоли молӣ ва маишатӣ низ ба ҳамин минвол. Дар кулл ҳар қадар вобастагии шумо ба дигарон дар ҳар заминае камтар бошад назди дигарон аз эҳтиром, мақбӯлият ва маҳбубияти бештаре бархурдор хоҳед буд.

9-Афрод хоҳони чизе мебошанд, ки наметавонанд дошта бошанд. Бинобар ин худро комилан дар ихтиёри касе қарор надиҳед. Дар ҳамон ибтидои ошноӣ тамоми иттилооит шахсӣ, дониш, истеъдодҳо ва ишқи худро барои шарикатон ошкор насозед. Тамоми вақти худро ба шарикитон ихтисос надиҳед.

10-Инсонҳо тасмимоти огоҳонаи худро бар асоси эҳсосоти нохудогоҳи худ мегиранд, сипас тасмимоти худро бо истидлолҳои хушоянд тавҷеҳ мекунанд.

11-Шефтагӣ ва ошиқӣ як навъ вобастагӣ аст. Бинобар ин барои инки фардеро шефтаи худ созед, кушиш кунед ниёзҳои эҳсосӣ ва маънавии вайро бароварда созед, то вайро вобастаи хеш кунед.

12-Ба хотир дошта бошед мардум аз инсонҳое, ки эътимод ба нафс надоранд, вобаста, мураддад, бе барнома, ғайри моҷароҷӯ ва тарсу гурезонанд.

13-Рафтори дигарон ба ростӣ бозтоби навъи тафаккури шумо нисбат ба онон аст.

14-Эҷоди эътимод дар робита лозимааш онст, ки шумо ба шарикатон иҷозаи бархурдорӣ аз озодиро бидиҳед.

15-Ба ёд дошта бошед, ки корҳое, ки анҷомашон намедиҳед ба ҳамон андозаи корҳое, ки анҷомашон медиҳед, дорои аҳамият ва таъсиргузор мебошанд.

16-Равобит як навъ фароянд ҳастанд ва на як маҳсул. Зиндагӣ як синфи дарсии бузург аст, ва равобит муаллимони он. Мо зинда ҳастем то пайваста биёмӯзем, ишқ биварзем, шод бошем ва ба дигарон хидмат кунем. Ҳар таҷрибае, ки пушти сар мегузорем фурсате аст то беш аз пеш пазириши худ ва дигаронро тамрин кунем, ҳисси шӯхтабъии худро ҳифз карда ва доманаи хирад ва дониши худро густариш диҳем. Ҳадаф аз издивоҷ фақат расидан ба натиҷа ниҳоӣ ва ё самараи зиндагӣ нест, балки ҳадаф аз издивоҷ беҳбуди фароянди наҳваи рафтори мо бо дигарон, ёдгирӣ, рушд ва расидан ба камол мебошад. Баҳси кайфият аст ва на камият. Издивоҷ абзоре аст барои рушди маънавӣ ва иҷтимоии инсон.

17-Шумо ҷузъи асли ҳар робитае мебошед. Бинобар ин ҳаргоҳ мехоҳед як робитаи солим ва муҳаббатомез бо дигарон дошта бошед, нахуст бояд бо худатон робитаи солим ва муҳаббат омез барқарор кунед. Ва ин амр муяссар намешавад магар бо кашф ва шинохти “худи асил” ва “худи ҳақиқӣ” тон.

18-Равобит ва издивоҷ ба мо кумак мекунанд то сифоти мнанди садоқат, дилсӯзӣ, бахшойиш, хидмат кардан, аз худ гузаштагӣ, фидокорӣ, масъулиятпазирӣ, тааҳҳуд, ҳамкорӣ, ҳамдилӣ, эътимод ва ишқи ғайри машрут ро дар худ парвариш диҳем. Издивоҷ ба мо кумак мекунад то маҳоратҳои рафъи ихтилоф, равобити иҷтимоӣ ва иртиботи муассирро биёмӯзем. Равобит ба мо кумак мекунанд то ба булуғи ҳаяҷонӣ ва иҷтимоӣ ноил оем.

19-Таърифи як робитаи муваффақ набуди тазодҳо, ихтилофи салиқаҳо ва ақоиди мутафовит нест, балки ҳунари таҳаммулпазирӣ, пазириш, эҳтиром гузоштан ва канор омадан бо тафовутҳо ва тазоддҳо аст.

20-Дар робита худро шикастнопазир бинамоед. Асаре аз ниёзманд будан, ҳолати дифоӣ доштан, заъф, вобаста будан аз худ нишон надиҳед. Мардум афроди қавӣ, бо салобат ва бо истиқоматро меситоянд дар ҳоле, ки аз афроди заиф безоранд. Дар сурати рӯбарӯ бо тард ва посухҳои манфӣ ҳаргиз ҳолати тадофуӣ ба худ нагиред ва ё исрор, пофишорӣ ва ё хоҳиш накунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.