Кайфияти рафтор дар равобити иҷтимоии зану мард

192

Бо нигоҳе бар достони ҳазрати Юсуф(а) дар Қуръон, ба хубӣ бо кайфияти рафтор ошно мешавем. Эшон дар айн бархӯрдорӣ аз мақоми волои маънавӣ, дар муқобили васвасаҳои шайтонӣ ба Худованж паноҳ бурда, аз ӯ мадад меҷӯяд ва мегӯяд:

Парвардгоро! зиндон бароям маҳбубтар аст аз ончи (ҳавасбозон) маро ба он фаро мехонанд ва агар макри эшонро ба лутфу инояти худ аз ман дафъ накунӣ, ба он моил шуда, аз нодонону бехирадон хоҳам буд. (сураи Юсуф, ояти 34).

Дар оятҳои қабл аз он низ мехонем:

«…он зан, ки Юсуф дар хонаи ӯ буд, аз ӯ таманнои комҷӯӣ кард ва дарҳоро баст ва гуфт: «биё (ба сӯи ончи барои ту муҳайё аст).» Юсуф гуфт: «паноҳ мебарам ба Худованд! ӯ ( азизи Миср) соҳиби неъмати ман аст. Мақоми маро гиромӣ медошт (ба ӯ хиёнат намекунам) мусалламан золимон растгор намешванд.» он зан қасди ӯ кард; ва Юсуф низ агар бурҳони Парвардгорро намедид қасди вай менамуд, ин чунин кардем то бадӣ ва фаҳшоро аз ӯ дӯр созем.» (сураи Юсуф, ояти 23 ва 24).

дар ин ояти Қуръон ба хубӣ равшан аст, ки ончи ҳазрати Юсуф(а)-ро наҷот дод, имону эътиқоди ӯ буд; вагарна ба таври табиӣ ӯ низ қасди Зулайхо карда, наметавонист хештандорӣ кунад. Дар натиҷа, бархурди бо номаҳрам ба вежа дар фазое, ки шароити гуноҳ фароҳам аст, бисёр хатарнок аст ва ҷавонон бояд аз он фозо дӯрӣ ҷӯянд.

Нуктаи дигар, парҳез аз таҳрик ва ҷилвагарӣ аст. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

(занон) ҳангоми роҳ рафтан поҳои худро ба замин назананд то зинати пинҳонашон маълум шавад ]ва садои халхол, ки ба по доранд ба гӯш расад. (сураи Нур, ояти 31).

Ин ояти муборака, занонро аз ҳассос намудани мардон ва ҷалби назари онҳо ба зинатҳои пинҳон наҳй мекунад то сабаби таҳрики ғаризаи онҳо нашавад.

Ва ҳамчунин дар достони ҳазрати Мӯсо(а) ва духтарони ҳазрати Шуайб(а) мехонем: замоне, ки ҳазрати Мӯсо(а) бо дидани духтарони Шуайб, ки ба сабаби ҳаё ва ифоф(тафсири Мизон, ҷ16, саз 25) , аз издиҳоми ҷамъияти чӯпонон фосила гирифтанд баъд аз пурсишу сӯҳбат бо эшон, ба кӯмакашон шитофт ва гӯсфандонашонро сероб намуд. Баъд аз муддате яке аз духтарон, дар ҳоле, ки бо ниҳояти ҳаё гом бармедошт, ба думболи ҳазрати Мӯсо(а) омад ва ба даъвати падар, ӯро фаро хонд. (сураи Қасас, ояти 23 то 25). Ба ҳангоми рафтан, ҳазрати Мӯсо(а) ба ӯ гуфт: ман ҷилав меравам ва ту пушти сари ман роҳ биё, ман аз қавме ҳастам, ки ба пушти занон нигоҳ намекунем. (тафсири Мизон, ҷ 16, саҳ 29) .  Баъд аз расидан ба назди Шуайб(а), духтар, аз ҳазрати Мӯсо(а) ба қудрату амонат ёд намуд, ки «амонат» ба ифофу ҳаёи ҳазрати Мӯсо(а) дар сухан гуфтан ва рафтор бо онон ва ба шеваи омадани ӯ тафсир шудааст. (тафсири Мизон, ҷ26, саҳ29).

Замоне, ки ҷавонони поки мо, бар рафтори авлиёи Худо огоҳ шаванд, ки дар мавориди лозим, бо камоли ҳаё ва ифоф ва тақво бархурд менамуданд ва аз ҳамдӯшӣ ва ихтилот парҳез доштанд, ба хубӣ роҳи худро меёбанд ва агар бо навиштаҳои таҳрикомез, ба шакку шубҳа ва ибҳом гирифтор нашаванд, ба дурустӣ ба таълимоти динӣ чанг зада ва «асли ҳарим»-ро мутобиқ бо ифофу саломат ва саодати худ мебинанд. Ба ростӣ, агар дар замонҳои гузашта, ки ҳанӯз ҷавонон ҳамонанди имрӯз, гирифтори ҷилвагариҳо ва ҷаззобиятҳои ҷинсӣ набуданд, ингуна ҳаримҳоро эҳтиром гузоштанд, ҷавони имрӯзӣ бояд чигуна рафтор кунад? Оё ғайр аз ин аст, ки ҳадди ақал бояд ба андозаи онон ба асли «ҳарим» эҳтиром гузошт?

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.