Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати дуввум

207

Нақл шудааст  паёмбар акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳҳӣ аз хона Фотима(саломуллоҳ алайҳо) ояи 30 сураи «Исро» нозил шуд ва ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ, ки ҳамаи вуҷудашон раҳмат ва утуфат буд Физзаро, ки занеи парҳезгор буд, барои кумак, дар ихтиёри ҳазрати Заҳро саломуллоҳ алайҳо гузошт.

Бар асоси баъзе ривояте вақте Фотима саломуллоҳи алайҳо аз падараш тақозои хидматкор кард, паёмбар гирист ва андаке аз мушкилоти мусулмонҳоро барои ӯ баён кард ва ба Заҳро саломуллоҳ алайҳо фармуд:

Ман дӯст надорам, заррае аз подоши хидмати ту дар хона кам шавад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳҳӣ духтарашонро ба кор ва фаъолият дар хона ташвиқ менамуданд то шавҳараш ва фарзандони ӯ, аз муҳаббати ҳамсарӣ ва модарии ӯ бештар бархурдор шаванд ва ин дар ҳоле буд, ки ӯ дар ҳадди имкон ба анҷоми фазифаҳои хона ҳиммат мегуморид.

Нақши зану мард дар оромиши хона – қисмати аввал

Имрӯз навбат ман аст

Фотима саломуллоҳи алайҳо гарчи дорои хидматкори дилсӯз чун «Физза» шуда буд вале бар худ намеписандид, ки ҳама корро бар дӯши ӯ бигузорад, лизо вазоифи дохили хонаро тақсим намуд ҳазрати Салмон мегӯяд:

Фотима саломуллоҳи алайҳоро дидам, ки канор осиёб нишаста ва машғул орд кардани ҷав, аст. чун осиёб хун олуд буд, фарзандш Ҳусайн аз шиддати гуруснагӣ гиря мекард, арз кардам:

Шумо, ки хидматкоре чун Физза доред, чаро аз ӯ барои анҷом ин умур кумак намегиред?

Фотима саломуллоҳи алайҳо фармуд:

Навбати ӯ дирӯз буд, имрӯз навбати ман аст. Арз кардам мехоҳам ба шумо кумак кунам, кори осиёбро анҷом даҳам ё Ҳусайн (саломуллоҳи алайҳ)ро ором кунам?

Фармуд: ман барои бачадори муносибтарам. Унси кӯдак ба модараш бештар аст, шумо осиёб кунед. Машғул орд кардани ҷав шудам.

Итоат кардан аз шавҳар

Гузориши дигаре, ки баёнгари ранҷҳои Фотима саломуллоҳи алайҳо дар тӯл зиндагонии кӯтоҳи ӯст, гузорише аст, ки Ҷобир нақл кардааст:

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ Фотимаро дид, ки либоси бисёр хашин ва кам арзиш пӯшида буд ва бо даст осиёб мекунад ва дар ҳамон ҳол фарзандонашро шир медиҳад, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ дар ҳоле, ки ашк мерехт фармуд:

Духтарм сахтиҳои дунёро таҳаммул кун то ба ширинӣ ва ҳаловатҳои охират даст ёбӣ.

Фотима саломуллоҳи алайҳо арз кард:

Худоро бар неъматҳое, ки додааст сипосгузорм.

Идома дорад………

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати аввал

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати севвум

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати чаҳорум

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати панҷум

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.