Эҷоди рӯҳияи китобхонӣ дар кӯдакон

103

 

Илму доноӣ аз ҷозибаҳое аст, ки инсонро ҳатто дар давраи кӯдакӣ ҳам ба сӯи худ мекашонад ва ошно кардани кӯдакон бо дунёи китобу китобхонӣ, яке аз усули омӯзишӣ ва тарбиятӣ аст, ки сабаби рушди фикрӣ ва рӯҳии онон мешавад.

Баҳсу гуфтугӯ дар бораи китоби махсус, метавонад диди интиқодӣ ва нуктабиниро дар кӯдакон ба вуҷуд оварад. Дар чунин шароит кӯдакон назароти худро дар бораи китоб мегӯянд, дар бораи шахсиятҳо изҳори назар мекунанд ва эҳёнан думболаи достонро ба шакле, ки худ салоҳ медонанд, тамом мекунанд, аммо волидайну алоқамандон ағлаб намедонанд чигуна бояд дар роҳи густариши фарҳанги мутолиа гом бардоранд. Онҳо шояд воқеан орзу доранд фарзандони аҳли мутолиа дошта бошанд, вале бино ба сабабҳое дар расидан ба ин орзу номуваффақ ҳастанд ва ҳамин сабаби афзоиши сатҳи бесаводӣ дар ҷавонон шудааст.

Мусаллам аст, ки барои ҳалли як мушкил, ибтидо бояд сабаби эҷоди онро баррасӣ ва сипас барои рафъи он иқдом кард. Бархе далелҳои густариш наёфтани фарҳанги мутолиа иборат аст аз:

Набуди ҷойгоҳи хубу муносиб барои китоб дар хонавода; надоштани вақту энергӣ ва барномаи вежа барои мутолиа дар хонавода; бетаваҷҷӯҳӣ ба салиқа ва алоқамандии кӯдакон; ҳазина накардан барои китоб ба сабабҳои иқтисодӣ; бетаваҷҷӯҳе ба китобу китобхонӣ дар мадрасаҳо. Баростӣ чӣ бояд кард?

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.