Рафиқи кӯҳнакори шайтон

71

 

Ҳаргоҳ сӯҳбате аз “нафс” мешавад нохудогоҳ мо ба ёди он “нфсе” меафтем, ки моро ба некбатҳо ва бадбахтиҳо мекашонад дар сурате, ки нафси мо абъоди се гонае дорад, ки манбаи хайрҳо ва баракатҳо низ ҳаст. Ва ин бадбинӣ ба хотири таъсирҳои баде аст, ки нафси аммора дар мо дорад.

Уламои ахлоқ барои нафс (эҳсосот ва ғароиз ва авотифи одамӣ ) се марҳала қоиланд, ки дар Қуръони Маҷид ба онҳо ишора шудааст.

Нафси аммора:

Нахуст нафси аммора нафси саркаш аст, ки инсонро ба гуноҳ фармон медиҳад ва ба ҳар су мекашонад ва ба ҳамин далел амморааш ‍ гуфтаанд яъне амр кунанда ба бадӣ ва ин нафс беҳтарин ва самимитарин дӯсти шайтон аст.

Дар ин марҳала ҳанӯз ақл ва имон он қудратро наёфта, ки нафси саркашро маҳор занад ва онро ром кунад балки дар бисёре аз маворид дар баробари ӯ таслим мегардад ва ё агар бихоҳад бо он биҷангад нафси саркаш ӯро бар замин мекӯбад ва шикаст медиҳад. Ин марҳала ҳамон аст, ки ҳамаи бадбахтиҳои инсон аз он аст ва албатта ин тешаро мо худ бар решаамон мезанем бо борвар кардани ин душмани дерина.

 Нафси лаввома:

Дувум нафси ливома(сарзанишгар) аст, ки пас аз таълим ва тарбият ва муҷоҳидат, инсон ба он мақом мерасад, дар ин марҳала мумкин аст бар асари саркашӣ ва туғёни ғароиз гаҳгоҳ муртакиби хилофҳое бишавад аммо зуд пушаймон мегардад ва худро маломат ва сарзаниши мекунад, ва тасмим бар ҷуброни гуноҳ мегирад, ва дилу ҷонро бо оби тавба мешуяд, ва ба таъбири дигар дар муборизаи ақлу нафс гоҳе ақл пирӯз мешавад ва гоҳе нафс, вале ба ҳар ҳол қудрат аз они ақл ва имон аст.

Албатта барои расидан ба ин марҳала ҷиҳоди акбар лозим аст ва тамрини кофӣ ва тарбият дар мактаби устод ва илҳом гирифтан аз сухани Худо ва суннати пешвоён.

Ин марҳала ҳамон аст, ки Қуръони маҷид дар сураи Қиёмат ба он савганд ёд кардааст, савганде, ки нишонаи азамати он аст «Савганд ба рӯзи растохез ва савганд ба нафси сарзанишгар!».1

Нафси мутмаина:

Марҳалаи севум нафси мутмаинна аст ва он марҳалае аст, ки пас аз тасфия ва таҳзиб ва тарбияти комил , инсон ба марҳалае мерасад, ки ғароизи саркаш дар баробари ӯ ром мешаванд, ва тавоноии мубориза ва пайкор бо ақл ва имон дар худ намебинанд чаро, ки ақл ва имон онқадар неруманд шудаанд, ки ғароизи нафсонӣ дар баробари он тавоноии чандоне надорад. Ин ҳамон марҳалаи оромиш ва сакина аст.

Ин мақоми анбиёъ ва авлиё ва пайравони ростини онҳо аст , онҳое, ки дар мактаби мардони Худо дарси имон ва тақво омӯхтанд ва солҳо ба таҳзиби нафс пардохта ва ҷиҳоди акбарро ба марҳалаи ниҳоӣ расондаанд.

Ин ҳамон аст, ки Қуръон дар сураи Фаҷр ба он ишора мекунад онҷо, ки мегӯяд: «Эй нафси мутмаина ва ором боз гард ба сӯи Парвардигорат, ки ҳам ту аз ӯ хушнуд ҳастӣ, ва ҳам ӯ аз ту, ва дохил дар зумраи бандагони хосси ман шав, ва дар биҳиштам қадам гузор!». 2

Парвардгоро! ба мо ёрӣ кун, ки дар партави оёти нуронии Қуръонат нафси аммораро ба лаввома ва аз он ба марҳалаи нафси мутмаинна боло барем, рӯҳи мутмаин ва ором пайдо кунем, ки тӯфони ҳаводис мутазалзил ва музтарибаш насозад, дар баробари душманони қавӣ ва неруманд ва дар муқобили зарқу барқи дунё беэътино ва дар сахтиҳо бо сабру шакебо ва бурдбор бошем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.