Дарди миён – сабаб ва табобат

170

Барои чӣ миён дард мекунад?

Дарди миён ин беморие аст, ки новобаста аз сину соли кас пайдо мешавад ва азобе ки ӯ ба инсон медиҳад ҳам имконияти кор накарданро медиҳаду ва ҳам асабҳоро хароб мекунад. Сабаби пайдоиши дарди миён гуногун мешавад ва дар байни аз ҳама паҳншудатарин сабаб ин каҷшавии сутунмуҳра мебошад, ки дар натиҷаи он рагҳои асаб пахш шуда ба одам дарди дурудароз медиҳад.

Миён метавонад инчунин аз сабаби бемории гурда ва ё ҷигар ҳам бошад, ки дар ҷомеа чунин беморон ҳам хеле зиёд ҳастанд. Дар саҳифаи мазкур асосан сухан дар мавриди дарди миён ки аз ҳисоби сутунмуҳра пайдо мешавад, сухан меравад.

Сарчашмаҳои пайдоиши дарди сутунмуҳра

Сутунмуҳраи одамон дар замонҳои қадим ҳам азобу дардҳои зиёде медод вале он замонҳо мегуфтанд, ки ин бемории пирӣ буда асосан дар натиҷаи ҷамъ шудани намак гӯё пайдо мешудаст. Лек тибби имрӯза сарчашмаҳои пайдоишро чунин номбар мекунад:

Остеохондроз, спондилез, спондилоартроз;

Сколиоз, кифосколиоз;

Грижа;

Радикулит – шамолхурӣ;

Стеноз;

Захм хурдан ва ё шикастани қабурға;

Ягон чизи вазнинро бардошта мушакҳоро пароканда кардан;

Пайдоиши номгӯи ин намуди дардҳо-бемориҳо асосан аз чунин корҳо ба миён меоянд, ки ҷумлаи онҳо ин бардоштани бори вазнин, зарбаи сахт хурдан, дурудароз – солҳои сол дар кори якҷой менишаста кор кардан, гоҳ-ногоҳ бо миёни гарму тар шамол хурдан, қаҷ нишастан, дурудароз камфаъол будан (масалан занҳои хонашини камкор дар назди телевизор).

Чӣ бояд кард?

Агар миёни шумо дарди тоқатнофарсо медода бошад ва ё аз ҳисоби захм-зарба дидан пайдо шуда бошад фавран ба духтури асаб муроҷиат бояд кард. Лек агар миёни шумо дарди ночиз пайдо карда бошад пас мудати муайян интизор шуд (масалан 1-ҳафта). Агар дард наравад пас ба духтури асаб метавон муроҷиат кард.

Бояд қайд кард, ки дар духтурхонаҳо алҳол табибони ноинсоф бисёр шуда истодаанд, ки дар байни онҳо роҳбарон ҳам ҳастанд ва баъзеи онҳо аз сабаби нафсашон бошад дигарҳояшон аз сабаби бесаводӣ беморонро ба ҷойи аз дард раҳоӣ кардан баракс саломатиашонро баддтар мекунанд ва барои ҳамин ҳам пеш аз ҳама ҳушёрро аз даст надод.

Тавсия мекунем, ки пеш аз рафтан ба назди духтур чунин матнҳоро дар шабакаи интерент ба забонҳои руссӣ ва англисӣ хонда саводи худро зиёд карда ва ҳангоми ҳамсуҳбат шудан бо духтур алакай аз сатҳи хизматрасонии ӯ баҳо дода хулосаи дахлдорро мебароред.

Албатта духтури хуб аввал беморро табобат бо роҳи ғайри ҷарроҳӣ давоми якчанд моҳ ба роҳ мемонад ва баъдан пешниҳод мекунад, ки дар ҳолати ноилоҷӣ ҷарроҳӣ карда шавад. Вале духтури ноинсофу бесавод дарҳол ҷарроҳӣ мегӯяд ва ҳатто рентген ҳам намекунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.