Аъмоли шаби қадр

191

Шаби қадр ҳадяи бисёр гаронқадре аст, ки Худованд онро ба уммати беҳтарин банда ва бартарин Пайғамбараш ҳазрати Муҳаммад(с) бахшидааст. Расули Худо(с) фармуд:

«إِنّ اللهَ وَهَبَ لِأُمَّتِی لَیلَةَ القَدرِ وَ لَم یُعطِهَا مَن کَانَ قَبلَهُم»

 Худованд шаби қадрро бар уммати ман бахшид ва онро ба умматҳои пешин ато накард.[1]

Ибодат дар ин шаб аз ибодати ҳазор моҳ, ки бештар аз ҳаштод сол умри инсон аст,  беҳтар ва бартар мебошад. Чунонки Худованд фармудааст:

  ‹‹‹لَیلَةُ القَدرِ خَیرٌ مِن أَلفِ شَهرٍ›››   Шаби қадр аз ҳазор моҳ беҳтар аст.[2]

Ба ростӣ чи шаби бо азаматест, ки ба андозаи як умри дарози бобаракат арзиш дорад. Ва албатта арзиши он ба хотири ибодат ва бедор мондан дар ин шаб аст. Дар баъзе аз тафсирҳо дар бораи сабаби нозил шудани ин оят омадааст, ки яке аз бани Исроил либоси ҷанг бар тан карда буд ва ҳазор моҳ аз тан берун наёвард ва пайваста машғул -ё омодаи- ҷиҳод дар роҳи Худо буд. Асҳоб ва ёрон тааҷҷуб карданд ва орзу доштанд чунин фазилате насиби онон низ гардад. Ин оят нозил шуд ва баён кард, ки шаби қадр аз ҳазор моҳ бартар аст.[3]

Чаро ба ин шаб қадр мегӯянд?

Дар китобҳои тафсири Қуръон барои шаби қадр маъноҳои гуногун баён шудааст аз ҷумла:

  1. Шаби қадр ба ин хотир қадр номида шудааст, ки тақдири як солаи бандагон дар он таъйин мешавад.[4] Яъне дар ин шаб таъйин мегардад, ки инсон зинда монад ё бимирад, солим бошад ё мариз, рӯзиаш танг гардад ё зиёд ва ғайра.

Пас  бояд  дар ин шаб бедор бимонем ва бо зориву тазарруъ ба даргоҳи илоҳӣ аз ӯ бихоҳем, ки тақдири моро ба беҳтарин ваҷҳ таъйин кунад, зеро Худованд бар ҳар чиз тавоно ва дар айни ҳол меҳрубону карим аст ва агар аз ӯ содиқона бихоҳем ва ба салоҳи мо бошад дуои моро қабул хоҳад кард ва худи ӯ фармудааст:

   «یَمحُوا اللهُ مَا یَشَآءُ وَ یُثبِتُ»   Худованд ҳарчиро бихоҳад маҳв ва ё исбот мекунад.[5]

Албата ин маъно ҳеҷ гуна тазод бо озодӣ ва иродаи инсон надорад, зеро тақдири илоҳӣ ба василаи фариштагон бар тибқи шоистагиҳо ва лаёқатҳои афрод ва андозаи имон ва тақво ва покии ният ва аъмоли онҳост.

  1. Ин шабро ба ин хотир шаби қадр номидаанд, ки дорои қадр ва шарофати бузург аст.[6]
  2. Ин шабро ба ин хотир шаби қадр номидаанд, ки агар касе ин шабро зинда бидорад соҳиби қадр ва мақому манзилат мешавад.[7]
  3. Қадр ба маънии зайқӣ ва тангӣ мебошад, зеро дар ин шаб замин бо фуруд омадани зиёди фариштагон, танг мешавад.[8]

Шаби қадр кадом шаб аст?

Баъзе аз бузургон гуфтаанд: Пинҳон будани ин шаб дар миёни шабҳои моҳи мубораки Рамазон ба ин хотир аст, ки мардум ба ҳамаи ин шабҳо аҳамият диҳанд, ҳамон гуна, ки Худованд ризои худро дар миёни анвои тоатҳо пинҳон карда, то мардум ба ҳамаи онҳо рӯй оваранд ва ғазаби худро дар миёни гуноҳон пинҳон карда, то аз ҳама дӯрӣ кунанд, дӯстонашро дар миёни мардум пинҳон сохта, то ҳамаро эҳтиром кунанд, иҷобатро дар ҳамаи дуоҳо пинҳон крда, то ба ҳамаи дуоҳо рӯй оваранд, исми аъзамро дар миёни исмҳояш пинҳон сохта, то ҳамаро бузург доранд, вақти маргро пнҳон дошта, то дар ҳама ҳол омода бошанд.[9]

Дар шаби қадр чи гӯна ибодат кунем?

Чунонки гуфтем ибодат кардан дар шаби қадр аз ҳазор моҳ ибодат дар ғайри шабҳои қадр беҳтар аст. Бинобар ин ҳар ибодате дар ин шаб ба хусус хондани Қуръон, аз анҷоми он дар дигар шабҳо ва рӯзҳои сол ба маротиб беҳтар ва бартар аст. Вале дар бархе ривоятҳо аъмоли махсус барои ин шаб зикр шудааст, ки беҳтар аст онҳоро анҷом диҳем.

  1. Бедор будан то субҳ

Авалин кор  дар ин шаби муборак ин аст, ки тасмим бигирем он шабро то рӯз нахобем ва ба розу ниёз бо холиқ ва беҳтарин ва вафодортарин дӯсти худ бипардозем ва аз бевафогӣ ва носипосии, ки то имшаб анҷом додаем аз ӯ пӯзиш биталабем ва аз ин кор хаста нашавем.

Магӯ шабе ба ибодат чӣ гуна рӯз кунам,

                                            Ки дӯстро нанамояд шаби висол дароз,

Барор дасти тазарруъ, бибор ашки надам,

                                           Зи бениёз бихоҳ, ончи боядат бе ноз.

Расули Худо(с) фармуд:

«مَن قَامَ لَیلَةَ القَدرِ إِیمَانًا وَ احتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِن ذَنبِهِ»

Ҳар кас шаби қадрро бо имон ва ҳисобраси(и корҳо ва аъмолаш) зинда бидорад, ҳамаи гуноҳони гузаштааш бахшида шавад.[10]

Ҳазрати Мусо(а) ба Худо арз кард:

«اِلهی! أُرِیدُ قُربَکَ، فَقَالَ اللهُ تَعَالی قُربِی لِمَن استَیقَظَ لَیلَةَ القَدرِ»

Бор Илоҳо! Ман қурб ва наздикии туро мехоҳам. Худованди Муттаол дар ҷвоб фармкуд: Қурб ва наздикии ман барои касест, ки дар шаби қадр бедор бошд.[11]

Аз Умулмуъминин Оиша(р) нақл шуда, ки мегуфд:

«کَانَ النَّبِیُّ(ص) إِذَا دَخَلَ العَشَرَ شَدَّ مِئزَرَهُ وَ أَحیَا لَیلَهُ وَ أَیقَظَ أَهلَهُ»

Ҳаргоҳ даҳ рӯзи охири моҳи мубораки рамазон дохил мешуд, Расули Худо(с) аз занон канора мегирифт(ва фақат ба ибодат мепардохт) ва шабҳо намехобид ва ба аҳли худ низ сифориши бедор мондан мекард.[12]

  1. Хондани намоз

Худованд ба воситаи Ҷабраил(а)  ба Пайғамбар(с) фармуд:

«یَا مُحَمَّدُ(ص) رَکعَتَانِ فِی لَیلَةِ القَدرِ خَیرٌ لَکَ وَ لِأُمَّتِکَ مِن ضَربِ السَّیفِ فِی زَمَانِ بَنِی إِسرَائِیلَ»

Эй Муҳаммад(с) ду ракъат насоз дар шби қадр барои ту ва умматат беҳтар аз ҷиҳод бо шамшер дар замони бани Исроил мебошад.[13]

Тариқаи хондани намози махсуси ин шаб:

Ду ракъат намоз, дар ҳар ракъат як мартаба сураи Фотиҳа(Алҳамд) ва ҳафт мартаба сураи Ихлос(Қул ҳув-ал-лоҳ) ва баъд аз салом ҳафтод бор астағфир-ул-лоҳа ва атубу илайҳ мегӯӣ. Дар риваяте расули Худо(с) фармуд:

«مَن صَلَّی فِی لَیلَةِ القَدرِ رَکعَتَینِ فِی کُلِّ رَکعَةٍ بِفَاتِحَةِ الکِتَابِ مَرَّةً وَ الإِخلاَصِ سَبعَةَ مَرَّاتٍ فَإِذَا سَلَّمَ یَقُولُ: استَغفِرُ اللهَ وَ أَتُوبُ إِلَیهِ سَبعِینَ مَرَّةً فَلاَ یَقُومُ مِن مَقَامِهِ حَتَّی یَغفِرُ اللهُ لَهُ وَ لِأَبوَیهِ وَ یَبعَثُ اللهُ تَعَالی مَلاَئِکَةً إِلی الجِنَانِ یَغرِسُونَ لَهُ الأَشجَارَ وَ یَبنُونَ القُصُورَ وَ یَجرُونَ الأَنهَارَ…».

Ҳар кас дар шаби қадр ду ракъат намоз бигзорад ва дар ҳар ракъат як мартаба Фотиҳа ва ҳафт мартаба Ихлос бихонад ва пас аз салом ҳафтод бор бигӯяд: Аз Худованд омурзиш металабамва ба сӯи ӯ тавба мекунам, пас аз ҷояш намехезад, магар инки Худо ӯ ва падару модарашро мебахшад ва Худованд малоикаҳоеро бармеангезад, ки дар биҳишт барои он шахс дарахтҳо мешинонанд ва барои ӯ қасрҳо месозанд ва (дар зери дарахтон) наҳрҳо ҷорӣ мегардонанд… .[14]

  1. Тасбеҳ ва истиғфор

Дар ин шаб зиёд гуфтани тасбеҳ (субҳоналлоҳ, алҳамдулиллоҳ, аллоҳу акбар) ва истиғфор(астағфируллоҳа таоло) бисёр савоб дорад ва аз аъмоли ин шаб ба шумор меравад. Дар ривояте омадааст, ки ҳазрати Мусо(а) ба Худованд арз кард:

«إِلهی! أُرِیدُ أَن أَقعُدَ تَحتَ ظِلِّ أَشجَارِ الجَنَّةِ وَ آکِلٌ مِن ثِمَارِهَا، فَقَالَ للهُ تَعَالی: ذَالِکَ لِمَن سَبَّحَ تَسبِیحَةً لَیلَةَ القَدرِ»

Бор Илоҳо! Мехоҳам зери дарахтони биҳишт биншинам ва аз меваҳои он бухӯрам, Худои Таоло фармуд: Ин(хостаи ту) барои касе аст, ки дар шаби қадр як тасбеҳ бигӯяд.[15]

Ва арз кард:

«إلهی! أُرِیدُ النَّجَاةَ مِنَ النَّارِ، فَقَالَ اللهُ تَعَالی: ذَالِکَ لِمَن استَغفَرَاللهَ تَعَالَی لَیلَةَ القَدرِ إِلی الصُّبحِ»

Бор Илоҳо! Мехоҳам аз оташи дӯзах наҷот пайдо кунам, Худои Таоло фармуд: Ин барои касе аст, ки дар шаби қадр то субҳ астағфируллоҳа таоло бигӯяд.[16]

  1. Садақа додан ва раҳм кардан ба мискинон

Ва дар ҳамон ривоят ҳазрати Мусо(а) арз мекунад:

«إلهی! أُرِیدُ رَحمَتَکَ، فَقَالَ اللهُ تَعَالی: رَحمَتِی لِمَن یَرحَمُ المَسَاکِینَ لَیلَةَ القَدرِ وَ قَالَ إِلهی! أُرِیدُ الجَوَازَ عَلی الصِّرَاطِ کَالبَرقِ، فَقَالَ اللهُ تَعَالی: ذَالِکَ لِمَن تَصَدَّقَ لَیلَةَ القَدرِ»

Бор Илоҳо! Раҳмататро мехоҳам, Худои Таоло фармуд: Раҳмати ман барои касе аст, ки дар шаби қадр ба мискинон раҳм кунад. Ва он ҳазрат дубора арз кард: Бор Илоҳо! Мехоҳам иҷозат диҳи, то аз сирот мисли барқ бигзарам, Худои Таоло фармуд: Он барои касе аст, ки дар шаби қадр садақа бидиҳад.[17]

  1. Дуо

Дуо аз муҳимтарин аъмолест, ки дар ин шаб метавон анҷом дод, зеро бинобар қавле дар ин шаб тақдири одамҳо таъйин мегардад ва метавон дар ин шаб бо дуо ва зорӣ ба даргоҳи Худо аз ӯ хост, ки тақдири моро, он гуна ки тақдири бандагони солеҳашро андозагирӣ мекунад, таъйин кунад.

Аз беҳтарин дуоҳо, ҳамон дуоест, ки Расули Худо(с) дастур доданд, то дар ин шаб бихонем. Ҳазрати Оиша(р) аз Расули Худо(с) пурсид:

 «یَا رَسُولَ اللهِ أَرَئَیتَ إِن عَلِمتُ أَیَّ لَیلَةٍ لَیلَةَ القَدرِ مَا أَقُولُ فِیهَا؟ قَالَ: قَولِی: اللَّهُمَّ إِنَّکَ عَفُوٌّ کَرِیمٌ تُحِبُّ العَفوَ فَاعفُ عَنِّی»

Эй Расули Худо(с)! Агар шаби қадрро дарёбам дар он чӣ бигӯям? Фармуд: Қавли ман: Аллоҳумма иннака афууввун карим, туҳибб-ул-афва фаъфу аннӣ(Худовандо! Ту бахшанда ва карим ҳастӣ, бахшандагиро дӯст медорӣ, пас маро бибахш.

[1] . Дурр-ул-мансур, ҷ.6, саҳ.371, тафсири Намуна, ҷ.27, саҳ.190.

[2] . Сураи Қадр, ояти 3.

[3] . Дурр-ул-мансур, ҷ.6, саҳ.371, тафсири Намуна, ҷ.27, саҳ.183.

[4] . Тафсири Кабир, ҷ.16, саҳ.29, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.15, саҳ.286.

[5] . Сураи Раъд, ояти, 38.

[6] . Тафсири Кабир, ҷ.16, саҳ.29, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.15, саҳ.286.

[7] . Ҳамон, тафсири Намуна, ҷ.27, саҳ.187-188.

[8] . Ҳамон.

[9] . Ҳамон, саҳ.29.

[10] .Саҳеҳи Бухорӣ,китоб-ус-савм,ҳ.1951.

[11] . Дуррат-ун-носиҳин, саҳ.204

[12] . Саҳеҳи Бухорӣ, китоб-ул-эътикоф, ҳ.2024

[13] . Дуррат-ун-носиҳин, саҳ.204

[14] . Ҳамон ба нақл аз Тафсир-ул-ҳанафӣ.

[15] . Ҳамон ба нақл аз Зубдат-ул-воизин.

[16] . Ҳамон.

[17] . Сунани Тирмизӣ,ҳ.3513, Муснади Аҳмад, ҷ.6, саҳ.171.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.