Кӯмак ба мустамандон

92

Моҳи Рамазон моҳи худсозӣ ва пок кардани рӯҳ аст. Худованд ҳамаи сабабҳои корро дар ин моҳ, барои пок кардани рӯҳу равон аз олудагӣ ва гуноҳ фароҳам намуда ва бо лутфу раҳмати махсуси худ ҳамаи дарҳо ва роҳҳоро барои пок сохтани нафс ва сафо бахшидан ба дарун ва пешрафти маънавӣ кушодааст. Фурсати бисёр хубе барои инсонҳост, то дар канори ин суфраи бузурги раҳмати илоҳӣ бинишинанд ва бо анвои ғизоҳои рӯҳӣ, рӯҳу равони худро парвариш диҳанд.

Пайғамбари Акрам(с) фармуд: Ҳамоно дар даврони зиндагии шумо лаҳзаҳои бисёр судманд рӯй меоваранд, худатонро дар маърази он лаҳзаҳои судманд қарор диҳед ва аз он истифода кунед.[1]

Моҳи Рамазон барои поксозии нафс ва соф гардондани ботин аз ҳар гуна омилҳои гуноҳ, беҳтарин фурсат аст. Бояд дар ин моҳ ҳушёрона дар камини фурсатҳо бошем ва онро шикор кунем ва нагузорем машғалаҳои дунё, онро аз мо бидуздад ва дур созад.

Танҳо сабаби худсозӣ дар моҳи Рамазон, рӯза гирифтан нест, балки хондани Қуръон, дуо ва муноҷот бо Худо, кӯмак ба мустамандон ва маҳрумон, ба даст овардани қудрати сабр ва истиқомат, ёди Худо ва қиёмат, ҳар кадом нақше дар худсозӣ доранд. Яке аз онҳо, ки нақши бисёр муҳимме дар худсозӣ ва наздик шудан ба Худо дорад, кӯмак расондан ба мустамандон ва бечорагон мебошад, ки дар ин навиштор ба таври хулоса ба баёни арзиш ва аҳамияти он дар Ислом, шеваи дурусти кӯмак ба  мустамандон мепардозем.

Аҳамияти кӯмак ба мустамандон

Ислом ба унвони комилтарин дини илоҳӣ ҳамеша ятимон ва мустамандонро зери ҳимояти худ доштааст. Яке аз муҳимтарин фалсафаҳои вуҷуби закот дар Ислом кӯмак расондан ба фақирон ва тақвияти иқтисоди онон мебошад ва дар ривоёт аз он ба қувват-ул-фуқаро ёд шудааст ва дар Қурон омада: Закот барои фақирон ва мискинон аст[2].

Худованд закотро бар сарватмандон ва пулдорон воҷиб гардонд, то ҷомеа аз фақр наҷот пайдо кунад, ки агар сарватмандон ба ин воҷиб амал кунанд, дигар фақире дар ҷомеа боқӣ нахоҳад монд.

Дар Қуръон оятҳои зиёд дар бораи кӯмак расондан ба мустамандон ва ятимон ва ҳамсоягони мустаманд омадааст, то онҷо ки ин корро аз хусусияти мӯъминон донистааст, чунон ки фармуда: Мӯъминон касоне ҳастанд, ки  дар амволашон ҳаққе барои гадо ва маҳрум аст[3]  Ва дар ҷои дигар эҳсон ва некӯкорӣ ба ятимон ва маҳрумонро ба хотири аҳамияти зиёдаш  дар канори тавҳиди худ қарор дода ва мефармояд: “Ва аз Банӣ Исроил паймон гирифтем, ки ҷуз Худои Якторо парастиш накунед ва ба падару модар ва наздикон ва ятимон ва бенавоён некӣ кунед ва бо забони хуш бо мардум сухан бигӯед ва намоз бихонед ва закот бидиҳед…[4]

Ҳамчунин Қуръон пас аз тавҳид ва кӯмак расондан ба хешу ақвом ва ятимону мустамандон, ба риояти ҳоли ҳамсоягон ва некӣ ба онон супориш мекунад ва мефармояд: “Ва Худои Якторо бипарастед ва ҳеҷ чизро шарики вай қарор надиҳед ва нисбат ба падару модар, хешон,  ятимон,  фақирон,  ҳамсоягони дуру  наздик,  раҳгузарону  бардагон ва зердастонатон некӣ кунед, ки Худо мардуми мутакаббири худписандро дӯст намедорад [5]

Дар ривоёти расида аз Пайғамбар(с) низ ба ин масъала ба хусус кӯмак ба ятимон зиёд таъкид шуда, ки дар зер ба чанд маврид ишора мекунем:

Расули Худо(с) фармуданд: »Барои ятим чун падари меҳрубон бош ва бидон, ки он чи кишт кунӣ ҳамон медаравӣ«.

Ва низ Расули Худо(с) фармуданд: Беҳтарин хона дар миёни хонаҳои мусулмонон хонаест, ки дар он ятим буда ва ба он ятим некӣ мешавад. Ва бадтарин хона хонаест, ки дар он ба ятим бадӣ мешавад[6].

Ногуфта намонад, ки дар замони ҷоҳилият ва пеш аз Ислом, ятиму  фақир арзише надошт ва на танҳо онҳоро эҳтиром намекарданд, балки ба онҳо зулму ситам карда ва амволи онҳоро мегирифтанд ва онҳоро ҳатто инсон намешумориданд. Бо омадани дини Ислом ва мабъус шудани пайғамбари раҳмат ҳазрати Муҳаммад(с) ҳаққи ятимон ва маҳрумон ба онҳо бозгардонда шуд ва онҳо аз ҷойгоҳи хоссе бархӯрдор шуданд.

Роҳҳои кӯмак ба мустамандон

Рафъи ниёзи маҳрумон ба се  роҳ қобили фарз аст.

  1. Он ки ин вазифа ба ӯҳдаи афрод гузошта шавад. Ҳар касе ба хешовандони мустаманди худ ё ба ҳамсоягони мустамандаш кӯмак кунад.
  2. Ҳамаи афроди ҷомеа, ҳам мардум (тавонманд) ва ҳам давлат барои рафъи ниёзҳои мустамандон талош кунанд. Ин роҳ ҳамон роҳест, ки дар Ислом матлуб аст. Рафъи ниёзи мустамандон, танҳо ба воситаи фард- фарди ҷомеа ба танҳоӣ, натиҷаи чандоне нахоҳад дод ва бояд ҳама бо ҳам барои бартараф сохтани ин мушкил иқдом кунанд.

Чунон ки пештар гуфтем, яке аз корҳо ва аъмоли мустаҳаббӣ дар моҳи мубораки Рамазон, балки муҳимтарини онҳо, кӯмак расондан ба фақирон ва мустамандон ва ба хусус ятимон ва ба фикри онҳо будан аст. Ин корро ба хусус афроди пулдор ва сарватманди ҷомеа метавонанд ба роҳатӣ анҷом диҳанд ва аз ин фазилати бузург дар ин моҳи муборак баҳраманд гарданд. Бо сер кардани як фақир ва гурусна, бо таҳти пӯшиш қарор додани як ятим, бо зан ё шавҳар додани як ҷавон, ки тавоноии зан гирифтан ё шавҳар карданро надорад, бо ифтор додан ба мустамандони рӯзадор ва садҳо кори дигар, ки барои баъзеҳо бисёр осон аст, метавон ба ин фазилати бузург даст пайдо кард.

Чанд нафар аз ин гуна пулдоронро мешиносем, ки сарват андӯхтанд ва ин фурсатҳои бисёр арзишмандро аз даст доданд, ки ногаҳон фариштаи марг аз роҳ расид ва риштаи ҳаёти ононро қатъ кард ва он ҳама сарват?! Оё боқимондаҳое, ки он ҳама молу сирват ба онон мерасад дар фикри ӯ ҳастанд? Худо медонад, ки не. Пас, то зиндаем бояд ба фикри худ бошем ва ин фурсатҳои тиллоиро аз даст надиҳем ва то метавонем дасти бечораеро бигирем, то дар қиёмат дасти моро бигиранд.

[1] . انّ للّهِ في أيّام دَهْرِكُمْ نَفَحاتٌ ألا فَتَرَصَّدُوا لَها

[2] . Cураи Тавба, ояти  60. إِنَّمَا الصَّدَقاتُ لِلْفُقَراءِ وَ الْمَساكِينِ

[3] -Сураи Маориҷ, ояти 24-25.

[4] – Сураи Бақара, ояти 83.و اذ اخذنا میثاق بنی اسرائیل لا تعبدون الا الله و با الوالدین احسانا و بذی القربی و الیتامی و المساکین و قولوا للناس حسنا و اقیموا الصلاه و آتوا الزکاه… .

[5] -Cураи Нисо, ояти 36. و اعبدوا الله و لا تشرکوا به شیئا و با لوالدین احسانا و بذی القربی والیتانی و المساکین و الجار ذی القربی و جار الجنب و الصاحب بالجنب و ابن السبیل و ما ملکت ایمانکم ان الله لا یحب من کان مختالا فخورا

[6] -Cунани ибни Моҷа, ҳ3679..  خیر بیت فی المسلنین بیت فیه یتیم یحسن الیه و ش بیت فی المسلمین بیت فیه یتیم یساء الیه

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.