Аҳаммият ва зарурати шаби қадр

322

Сураи ҚАДР (Тақдир) (97-умин сураи китоби Қуръони карим) аст.

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 5 оят дорад

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

  1. Дар ҳақиқат, Мо он [Қуръон]-ро дар шаби «Қадр» нозил кардем.
  2. Ва ту чӣ медонӣ, ки шаби «Қадр» чист?
  3. Шаби «Қадр» беҳтар аз ҳазор моҳ аст.
  4. Фариштагон ва «Рӯҳ» дар он [шаб], ба хости Парвардиго-рашон, барои [тақдири] ҳар коре фуруд меоянд.
  5. Он [шаб], то тулӯи сапедадам, саломат аст.

Дар ҳадиси набавӣ омадааст:

“Шаби қадрро дар шабҳои тоқи даҳ шаби охири Рамазон ҷутуҷӯ куне”.  Паёмбар (саллалоҳу алайҳи васаллам) дар даҳ рӯзи охири Рамазон сахт ба ибодат машғул мешуданд.

Шаби қадр шаби аст, ки Қурони карим бар Паёмбари акрам(с) нозил шудааст ва фазилати ибодат дар ин шаб аз дигар шабҳо болотар аст .

Ба ин хотир дар ҳадисҳо ба зиндадории ин даҳ рузи охир супориши фаровон шудааст.

Шаби қадр беҳтарин фурсат барои талаби бахшиш ва омӯрзиши гуноҳон аз Худованди мутаол аст ва парвардигор дар ин шаб инояти вижае ба бандагони худ дорад ва дар ҳақиқат онро баҳонае ҷиҳати омӯрзиши бандагони худ қарор додааст.

Паёмбари акрам(с) дар ривояте вуҷуди шаби қадрро лутфи Худо ба уммати худ ба ҳисоб оварда мефармояд:

Ба уммати ман дар моҳи рамазон панҷ чиз дода шудааст, ки ба уммати ҳеҷ паёмбари пеш аз ман дода нашудааст .

Неъмати авал: Ҳаргоҳ шаби авали моҳи Рамазон фаро расад Худованд ба сӯи бандагон назар мекунад ва касе, ки Худо ба онкас назар кардааст то абад азоб намешавад .

Неъмати дувум: Бӯи бади даҳони онон, ки дар назди Худо шаб зиндадори мекунанд хушбутар аз бӯи мишк мешавад .

Неъмати севум: Малоика барояшон дар шабу рӯз истиғфор мекунанд.

Неъмати чоҳорум: Ҳамоно Худованд биҳишти хешро амр мекунад,  ки истиғфор кунад ва тазйин шавад барои бандагон. Пас чи наздик аст, ки сахтиҳои дунё онҳоро дар худ фурӯ барад ва мераванд ба сӯи биҳишт ва каромати ман.

Неъмати панҷум: Пас ҳаргоҳ шаби охир фаро расад Худованд ҳамаи бандагонро меомӯрзад.

Дар ривояте омадааст, ки дар маҳзари Расули Худо(с) дар бораи уммати гузашта суҳбат мешуд . Аз фарди аз бани Исроил ном бурда шуд, ки ҳазор моҳ ва беш аз ҳазор моҳ дар роҳи Худо фақат шамшер ба душ кашида ва ҷиҳод кард сипас Паёмбари акрам(с) ба Худои мутаол гуфт: Худоё, дар муқобили ин умри тулоние, ки ба уммати гузашта ато кардӣ ба уммати ман чӣ ато кардаӣ? Онгоҳ Худованд сураи қадрро бар вуҷуди Паёмбари акрам(с) нозил кард; яъне мо ба бараки шумо ба уммати шумо шаби қадр додем ва ниёз ба он даранг ва тавақуфи тулонӣ дар олами дунё нест . Роҳи онҳоро кутоҳ кардем ва онҳо бо ту зудтар ба мақсад мерасанд.

Дуо
Худоё! ба баракати ин шаби бузург, ки худ фармудӣ аз ҳазор моҳ беҳтар аст гузаштагони ҳамаи моро раҳмату мағфират намо ва ба мо тавфиқи тоату ибодат деҳ ва падарону модарон ва бародарону хоҳарони мӯъмину мусалмоне, ки дар ин шароити пандемия дар тахтҳои беморхона бистарӣ ҳастанд аз шафохонаи карамат шифои оҷил иноят фармо ва мусофирону муҳоҷиронро дар паноҳи худ ҳифз ва дар касбу кори онҳо баракат ато намо.

Омин

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.