21-уми моҳи мубораки Рамазон: Шаҳодати ҳазрати Алӣ(к)

151

Ҳазрати Алӣ(к) дар соли сиюми омулфил даҳ сол пеш аз беъсат дар дохили хонаи Худо (Каъба) ба дунё омад. Падари он ҳазрат Абӯтолиб ибни Абдулмуталиб ибни Ҳошим шайхи бани Ҳошим ва амакии Пайғамбари Акрам(с) буд, ки  вай Пайғамбари Акрам(с)-ро сарпарастӣ намуда ва дар хонаи худ ҷой дода бузург кард. Пас аз беъсат низ то зинда буд, аз он Ҳазрат дар баробари шарри куффори Араб ва Қурайш дифоъ намуд. Модари он ҳазрат Фотима бинти Асад ибни Ҳошим буд.

Баъд аз шаш солагӣ, он ҳазрат дар асари қаҳтие, ки дар Макка ва атрофи он иттифоқ афтод, бо дархости Паёмбари Акрам(с) аз хонаи падар ба хонаи писарамаки худ, Пайғамбари Акрам(с) мунтақил гардид ва таҳти сарпарастӣ ва парвариши мустақими он Ҳазрат(с) даромад.[1]

Пас аз чанд сол Пайғамбари Акрам(с) ба неъмати нубувват ноил шуд ҳазрати Алӣ(к) нахустин касе буд, ки ӯро дар ин роҳ ҳамроҳӣ мекард.

Ҳазрати Алӣ(к) пайваста мулозими Пайғамбари Акрам(с) буд, то он ҳазрат аз Макка ба Мадина ҳиҷрат намуд ва дар шаби ҳиҷрат низ, ки куффор хонаи он ҳазратро муҳосира карда буданд ва тасмим доштанд охири шаб ба хона даромада ва он ҳазратро дар бистари хоб қитъа-қитъа намоянд, Алӣ(к) дар бистари Пайғамбари Акрам(с) хобид ва он Ҳазрат аз хона берун омада раҳсипори Мадина гардид.[2] Пас аз ҳиҷрати он Ҳазрат, Алӣ(к)мутобиқи васияти Паёмбар(с) амонатҳои мардумро ба соҳибонашон баргардонд ва модари худ ва духтари Пайғамбар(с)ро бо ду зани дигар ба Мадина бурд.[3]

Дар Мадина низ ҳамеша ҳамроҳи Пайғамбари Акрам(с) буд ва он Ҳазрат ягона духтари маҳбуби худ Фотимаро ба ақди вай даровард. Ҳазрати Муҳаммад(с) дар ҷараёни ақди ухувват байни асҳоб Алиро бо худаш бародар намуд.[4]

Алӣ(к) дар ҳамаи ҷангҳое, ки Пайғамбари Акрам(с) ширкат мекард, ҳозир мешуд ҷуз ҷанги Табук, ки он Ҳазрат ӯро дар Мадина ба ҷойи худ нишонда буд.[5] Ва дар ҳеҷ ҷанге пой ба ақаб нагузошт ва аз ҳеҷ ҳарифе рӯй нагардонд ва дар ҳеҷ амре мухолифати Пайғамбар(с) накард, чунон ки он Ҳазрат фармуд: “Ҳаргиз Алӣ аз ҳақ ва ҳақ аз Алӣ ҷудо намешаванд.”[6]

Пас аз  халифаи севвум ҳазрати Усмон(р), мардум бо он ҳазрат байъат намуда ва ӯро ба хилофат баргузиданд.

Он Ҳазрат дар аҳди хилофати худ, ки тақрибан чаҳор солу нӯҳ моҳ тӯл кашид, сира ва равиши Пайғамбар(с)-ро дошт ва ба хилофати худ ранги наҳзат ва инқилоб дод, то он ҳад дар корҳо ва равишҳои ҳукумат ислоҳ ворид кард, ки баъзе аз саҳоба бо равиши он ҳазрат мухолифат намуданд ва ҳатто аз ҳукуматаш  хориҷ ва бо ӯ ошкор мухолифат ва мубориза намуданд, ки ҷанги Ҷамал яке аз он ҷангҳо буд ва асҳоби зиёде кушта шуданд дар натиҷа байни онҳо ихтилоф пеш омад.

Саранҷом субҳи рӯзи нӯздаҳуми моҳи Рамазони соли чаҳоруми ҳиҷрӣ дар масҷиди Кӯфа, дар сари намоз ба дасти Ибни Мулҷам яке аз Хавориҷ зарбате хӯрд ва дар шаби 21 ҳамон моҳ шаҳид шуд.[7]

Амиралмӯъминин Алӣ(к) ба шаҳодати таърих ва эътирофи дӯсту душман дар камолоти инсонӣ нуқсоне надошт ва дар фазоил, илм ва ахлоқ намунаи комиле аз тарбияти Пайғамбари Акрам(с) буд.

[1] – Фусул-ул-муҳимма, (чопи дуввум) саҳ.14, Маноқиби Хоразмӣ, саҳ.17, Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ.550

[2] – Фусул-ул-муҳимма, саҳ.28-30, Янобеъ-ул-маваддат, саҳ.105, Маноқиби Хоразмӣ, саҳ.73-74

[3] – Фусул-ул-муҳимма, саҳ.34

[4] – Ҳамон, саҳ.20, Тазкират-ул-хавос, саҳ.20-24, Янобеъ-ул-маваддат, саҳ.63-65

[5] – Тазкират-ул-хавос, саҳ.20, Фусул-ул-муҳимма, Маноқиби Хоразмӣ, саҳ.74

[6] – Маноқиби оли Абутолиб, таълифи Муҳаммад ибни Алӣ ибни Шаҳрошуб, ҷ.3, саҳ.62-218, Ғоят-ул-маром, саҳ.539, Янобеъ-ул-маваддат, саҳ.104

[7] – Маноқиби Абутолиб, ҷ.3, саҳ.312, Фусул-ул-муҳимма, саҳ. 113-123, Тазкират-ул-хавос, саҳ.172-183

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.