20-уми моҳи мубораки Рамазон: Фатҳи Макка

168

Пас аз онки бистуду моҳ аз паймони сулҳи Ҳудайбия мегузашт Қурайш бо ҳам паймони худ қабилаи Банибакр дар қатли 23 тан аз қабилаи Банихузоа шарик шуд, ин ба маънои нақзи паймон буд, зеро Қурайш ва Расули Худо(с) набояд бар зиди ҳампаймонони якдигар ҳамла мекард. Ҳарчанд ҳамаи Қурайш оқибати бади ин паймоншиканиро намефаҳмид вале сарони он аз ҷумла Абусуфиён хуб медонист, ки Расули Худо(с) ин гуноҳи Қурайшро намебахшид. Дар муддати ду сол теъдоди мусалмонон зиёд шуда буд ва қудрати яҳудиён дар Мадина аз байн рафтабуд ва фурсати хубе буд, ки Расули Худо(с) мушрикони Қурайшро тамом кунад. Абусуфиён барои пешгирӣ аз ҳамлаи мусалмонон ба Мадина рафт вале қабл аз ӯ чиҳил нафар аз Банихузоа ба Мадина рафта ва дар масҷид аз коршикании Қурайш шикоят кард. Расули Худо(с) баъд аз шунидани шикояти Банихузоа ба ҳадде ғазабанок шуд, ки Уммулмуъминин Оиша(р) мегуяд Расули Худо(с)-ро ҳеҷгоҳ ғазабноктар аз онрӯз надида будам. Ҳазрат фармуд: Худованд маро ёрӣ накунад агар Баникаъбро (Хузоиёнро) ёрӣ накунам ва ин кори Қурайшро хости Худованд донист, ки натиҷаи он фатҳи Макка аст. Вақте Абусуфиён чанд нафар Хузоиро дар роҳ дид фаҳмид, ки хабар ба Мадина расидааст ва худ ба Мадина рафт. Расули Худо(с) фармуд: магар ҳодисае рух додааст? Абусуфиаён инкор кард. Расули Худо(с) фармуд: мо бар паймони худ ҳастем. Бо ин суханаш фаҳмонд, ки паймонро таҷдид намекунад. Абусуфиён барои расидан ба мақсадаш ба хонаи духтараш Умми Ҳабиба, ки ҳамсари Расули Худо(с) буд рафт вале духтараш гуфт: ту мушрик ва наҷис ҳастӣ ва иҷоза надод бар фарши Расули Худо(с) биншинад ва аз бутпарастиаш интиқод кард. Абусуфиёнҳам ҳамон ҷавоби куҳнаро дод, ки оё аз дини падаронам рӯй гардонам ва дини Муҳаммадро бипазирам. Сипас ба назди Фотимаи Заҳро(с) ва Алии Муртазо рафт ва аз онон дархости ҳимоят кард вале онду бузургвор гуфтанд, ки ихтиёр ба дасти Расули Худо(с) аст. Ҳазрати Алӣ(а) ба ӯ гӯфт: роҳи чораи ту ин аст, ки дар миёни мардум худат бархезӣ ва дархости ҳимоят кунӣ ҳарчанд медонам, ки ин корҳам бароят ҳеч фоидае надорад ва ҳаминтаврҳам шуд. Абусуфиён бе ҳеч натиҷае ба Макка баргашт ва бо Қурайш мунтазири ахбори ҷадид монд.

Расули Худо(с) ба ҳамаи мусалмонон паём дод, ки ҳаркас ба худо ва ба рӯзи қиёмат имон дорад дар моҳи Рамазон дар мадина ҷамъ шавад ки дар асари ин даъват даҳ ҳазор нафар ҷамъ шудаанд дар ҳоле, ки аз мақсади Расули Худо(с) хабар надоштаанд. Сипоҳи Ислом то мантаҷаи Муррузаҳрон, ки фақат чанд километр аз Макка фосила дош, рафт. Дар ин минтақа буд ки ба дастури Расули Худо(с) дар ҷоҳои зиёде оташ равшан кардаанд. Абусуфиён, Ҳаким бин Ҳазом ва Бадил ибни варқоб, ки барои бохабаршудан омада буданд бо дидани оташи зиёд гумон карданд, ки қабилаҳои Ҳавозан қасди ҳамла ба онҳоро доранд вале вақте Абусуфиён наздиктар рафт сипоҳи Ислом ва Аббос ибни Абдулмутталибро дид. Аббос ӯро ба қабулии дини Ислом даъват кард. Умар ки дар онҷо буд ба Расули Худо(с) гуфт: гардани ин душмани Худоро бизанед Аббос ба Умар гуфт: агар ӯ аз қабилаи Удай буд чунин намегуфтӣ. Абусуфён аввал ба тавҳид гувоҳӣ дод аммо барои гувоҳӣ ба нубувват каме фикр кард ва гуфт ҳануз дар дилам чизе ҳаст то фардо субҳ ба ман муҳлат диҳед вақте субҳ азон гуфтанд Абусуфён пурсид ин чист? Гуфтанд ин вақти намоз аст. Гуфт дар шабонаруз чандбор ин намоз хонда мешавад? Гуфтанд панҷбор. Гуфт ба Худо қасам зиёд аст пас назди Расули Худо(с) рафт ва ба нубуввати эшон гувоҳӣ дод сипас бо эътироз гуфт чаро бо теъдоди авбош ба ҷанги қавму қабилаи худ омадӣ? Расули Худо(с) фармуд шумо ситамгортар ва фоҷиртаред, паймонатонро шикастед ва Банихузоаро дар ҳарами амни илоҳӣ куштед. Абусуфиён гуфт: оё беҳтар нест бо қабилаи Ҳавозан, ки дар хешӣ бо ту дуртаранд биҷангем, Хазрат фармуд умедворам, ки бо фатҳи Макка ба ҳамаи ин умур даст ёбам чун фатҳи Макка метавонад Ҳиҷозро дар ихтиёри Ислом дароварад бо тадбири Расули Худо(с) Абусуфиён азамати сипоҳи Исломро дид гуфт то кунун чунин сипоҳеро надидаам ва ҳеҷкас тавони ҷангидан бо ин сипоҳро надорад. Иддае дар Макка мардумро барои ҷанг бо мусалмонон даъват кардаанд ва қаст доштанд ки нагузоранд сипоҳи Ислом ба Макка дарояд. Расули Худо(с) дар минитақаи Зитуво истод ва сипоҳро тақсим ва ҳаркадомро аз тарафе вориди Макка кард. Сипоҳи Ислом дар рӯзи 20 моҳи мубораки Рамазони соли 8 ҳиҷрат бо азамат вориди Макка шуд. Расули Худо(с) фармуд то эълом кунанд, ки ҳаркас дар хонаи худаш ё Масҷидулҳаром ё хонаи Абусуфиён бошад дар амон аст. Замоне, ки Расули Худо(с) аввалин бор такбиргуён ба Масҷидулҳаром даромад мусалмонон ҳамроҳаш такбир гуфтанд ва иддае аз мушрикон аз болои куҳ ин саҳнаро тамошо мекарданд. Он ҳазрат баъд аз тавоф ба суроғи бут ҳо рафт ва яке-яке 360 бутро, ки бузургтарини он Ҳубал буд бо асояш шикаст ва бо хондани ояи جاء الحق و زحق الباطل ... Ҳақ омад ва ботил новбуд шуд бе шак ботил новбуд шуданист.

ҳамаи осори ширкро нобуд кард сипас сарашро бо оби замзам шуст ва мусалмонон қатраҳоеро, ки аз сари муборакаш мерехт ба қасди табаррук ба сару сурати худ мемолиданд.

Расули Худо(с) дар Макка хутбае хонд ва дар он баъзе аз масоили ахлоқӣ ва ахкоми шаръӣро ва тафовути ҳуқуқи мардум қабл аз Ислом ва баъд аз онро баён фармуд. Ба дастури Расули Худо Билол ба болои Каъба рафт ва азон гуфт. Ҳангоме, ки мушрикин садои азонни онро шуниданд изҳори таассуф мекарданд ба ҳадде, ки ҳорис ибни Ҳушом гуфт: эй кош мемурдам ва ин рӯзро намедидам. Абусуфиёнҳам дар назди ӯ буд гуфт: ман чизе намегуям, зеро агар сухане бигуям ҳамин регҳо Муҳаммадро хабар диҳанд.

Расули худо дар он рӯз ғайр аз чанд нафан ҳамаи мушрикинро бахшид фақат дар мавриди чанд мард ва зани мушрик фармуд ки ҳаркас онҳоро дар ҳар ҷое биёбад бикушад ҳарчанд бар пардаи Каъба часпида бошад. Бадин тариқ шавакат ва азамати мушрикони Қурайш шикаста шуд ва Макка баъд аз 20 сол муқовимат ва сарсахтӣ таслими Ислом шуд ва таҳти ҳукумати Паёмбари Аъзам(с) даромад.

Расули Худо дар фатҳи Макка касеро барои қабули Ислом маҷбур нкард ва ҳаркас бо интихоб ва ихтиёии худ мусалмон шуд ҳарчанд бархе аз мушрикон барои ҳифзи ҷони худ дар зоҳир изҳори Ислом карданд. Бархе ҳам то соли нуҳуми ҳиҷрӣ ҳамчунон мушрик буданд. Муддати 15, 20 рӯзе, ки Расули худо дар Макка буд дар ҳеҷ хонае зиндагӣ накард балки дар минтақаи Ҷуҳаун хайма зад ва барои намоз ба Масҷидулҳаром рафт.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.