Фазилат ва ҷойгоҳи моҳи Рамазон дар Қуръон ва аҳодис

100
  • Азамат ва эҳтироми моҳи мубораки Рамазон

قال رسول الله(ص): لا یکونَنَّ شهرُ رَمَضانَ عِندَکُم کَغَیرِهِ مِنَ الشُّهُور؛ فَإِنَّ لَهُ عِندَ اللهِ حُرمَةً و فَضلاً عَلی سائِرِ الشُّهُورِ، و لا یَکُونَنِّ شَهرُ رَمَضانَ یَومُ صَومِکُم کَیَومِ فِطرِکُم.1

Моҳи Рамазон дар назди шумо мисли моҳҳои дигар набошад; зеро, ки назди Худованд, эҳтиром ва бар соири моҳҳо бартарӣ дорад. Дар моҳи Рамазон, рӯзи рӯзадории шумо мисли рӯзи хӯрданатон набошад! (адаб ва ҳурмати ин моҳро нигоҳ доред)

Дар ин моҳ то ҷое метавонем аз корҳое, ки сабаби беэҳтиромӣ ба рӯза ва  поин овардани арзиши рӯзаамон мешавад худдорӣ кунем ва онҳо иборатанд аз: 1-афкори нописанд, 2-туъмаи нопок, 3- суханчинӣ, 4- оқи волидайн, 5- бадрафторӣ, 6- мардумозорӣ, 7- дуруғ гуфтан, 8- ҳасодат, 9- ғайбат, 10- айбҷӯӣ, 11- такаббур. [2]

Бикушем даст ба корҳое бизанем, ки сабаби боло рафтани арзиши рӯзаи мо мешаванд, монанди 1- зикри Худо, 2- инфоқ, 3- таҳсили дониш, 4- афву гузашт, 5- истиғфору тавба, 6- таваккул бар Худованд, 7- силаи раҳм, 8- амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, 9- ҳалли мушкили дигарон, 10- сабру бурдборӣ.[3]

 Аҳамияти моҳи мубораки Рамазон

رسول الله ص يقول و قد أهل رمضان لَو يَعلَمُ العِبادُ ما فِي رَمضانَ لَتَمَنَّت أَنْ يَكُونَ رَمَضانُ سَنَةً.4

Паёмбари Худо(с) фармуданд: “Агар бандагон медонистанд, ки дар Рамазон чӣ (баракоте) ҳаст, орзу мекарданд, ки Рамазон, як сол бошад.

Дар моҳи Рамазон, мӯъминон бо даъватномаи

«يا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيامُ» ба меҳмонии Худованд даъват шудаанд, ва ин меҳмонӣ хусусиёте дорад:

Замони пазироӣ, моҳи мубораки Рамазон аст, ки аввалаш раҳмат, мобайнаш мағфират ва охираш подошу наҷот аст.

Хӯроки ин моҳ хӯроки рӯҳ аст, барои рушди маънавӣ лозим аст, на хӯроки ҷисм. Лутфи хӯроки ин меҳмонӣ оёти Қуръон аст, ки тиловати як ояти он дар моҳи Рамазон монанди тиловати тамоми Қуръон дар моҳҳои дигар аст.

Дуоҳо мустаҷобанд ва нафасҳо подоши тасбеҳро доранд.[5]

 Тавсифи Моҳи Рамазон аз забони Расули Худо(с)

قال رسول الله (ص): هُوَ شَهْرٌ دُعِيتُمْ فِيهِ إِلَى ضِيَافَةِ اللَّهِ وَ جُعِلْتُمْ فِيهِ مِنْ أَهْلِ كَرَامَةِ اللَّهِ أَنْفَاسُكُمْ فِيهِ تَسْبِيحٌ وَ نَوْمُكُمْ فِيهِ عِبَادَةٌ وَ عَمَلُكُمْ فِيهِ مَقْبُولٌ وَ دُعَاؤُكُمْ فِيهِ مُسْتَجَاب‏.6

«Он моҳе аст, ки дар он ба меҳмонии Худо даъват шудаед ва дар он, аз аҳли каромати Худованд қарор дода шудаед. Нафасҳоятон дар он тасбеҳ,  хобатон дар он ибодат, амали [хайри] шумо дар он, пазируфта ва дуои шумо дар он, мустаҷоб аст».

 Моҳи нузули Қуръон ва кутуби осмонӣ

“Аз оятҳои Қуръон метавон чунин натиҷа гирифт, ки Қуръон дорои ду навъ нузул будааст: Аввал нузули дафъӣ ва ҷамъӣ, ки ҳамаи Қуръон якбора аз сӯи Худованд бар қалби Паёмбар(с) дар моҳи Рамазон ва дар шаби қадр нозил гардидааст. Дуввум нузули тадриҷӣ, ки мутобиқ бо шароит ва ҳаводису ниёзҳо дар муддати 23 сол нозил шудааст”.[7]

Қуръони Карим дар бораи ин моҳ мефармояд:

شهَْرُ رَمَضَانَ الَّذِى أُنزِلَ فِيهِ الْقُرْءَانُ هُدًى لِّلنَّاسِ وَ بَيِّنَاتٍ مِّنَ الْهُدَى‏ وَ الْفُرْقَانِ»

Моҳи Рамазон моҳе аст, ки Қуръон дар он фуру фиристода шуд, дар ҳоле, ки [Қуръон] роҳнамои мардум ва нишонаҳое аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст.

“Дар ояти мавриди назар сабаби бартарии ин моҳ бар моҳҳои дигар ин аст, ки Қуръон китоби ҳидоят ва роҳнамои башар, ки “Фурқон” аст, (яъне  бо дастурҳо ва қонунҳои худ равишҳои саҳеҳро аз носаҳеҳ ҷудо карда саодати инсонҳоро замонат кардааст), дар ин моҳ нозил гардидааст”.[9]

«Албатта бояд ба ин нуктаи бисёр муҳим низ таваҷҷӯҳ дошт, ки гарчи тиловати Қуръон дар моҳи Рамазон дорои савоби зиёде аст, вале тиловат поинтарин мартабаи истифода аз ин китоби бузурги инсонсоз аст ва набояд мӯъминон ба он иктифо кунанд, балки лозим аст ибтидо талош кунанд, то бо мафоҳим ва омӯзаҳои Қуръони Карим ҳарчи бештар ошно шаванд ва он қадар ба тадаббур дар Қуръони Карим идома диҳанд, ки битавонанд дар муҳимтарин масоили зиндагӣ назари Қуръонро вориди матни зиндагии хеш намуда, ба оёти нуронии он амал кунанд, зеро амал ба Қуръон аст, ки инсонро ба саодати воқеъӣ раҳнамуд месозад». [10]

أَنَّ النَّبِى (ص) قَالَ :« نَزَلَتْ صُحُفُ إِبْرَاهِيمَ أَوَّلَ لَيْلَةٍ مِنْ رَمَضَانَ وَأُنْزِلَتِ التَّوْرَاةُ لِسِتٍّ مَضَيْنَ مِنْ رَمَضَانَ وَأُنْزِلَ الإِنْجِيلُ لِثَلاَثِ عَشْرَةَ خَلَتْ مِنْ رَمَضَانَ وَأُنْزِلَ الزَّبُورُ لِثَمَانِ عَشْرَةَ خَلَتْ مِنْ رَمَضَانَ وَالْقُرْآنُ لأَرْبَعٍ وَعِشْرِينَ خَلَتْ مِنْ رَمَضَانَ»

«Паёмбари Акрам(с) фармуданд: Суҳуфи Иброҳим(а), дар шаби аввали моҳи мубораки Рамазон нозил шуд. Таврот, шаш [шаб] аз Рамазон гузашт, нозил шуд. Ва Қуръон, дар бисту чаҳоруми моҳи Рамазон нозил гашт».

Ба ин тартиб моҳи Рамазон ҳамвора моҳи нузули китобҳои бузурги осмонӣ ва моҳи таълиму тарбият будааст, чаро ки тарбият ва парвариш бе таълим ва омӯзиши саҳеҳ мумкин нест.

  • Баракоти моҳи мубораки Рамазон

Моҳи бахшиши гуноҳон

خَطَبَ رَسُولُ اللَّهِ (ص): هُوَ شَهْرٌ أَوَّلُهُ رَحْمَةٌ وَ أَوْسَطُهُ مَغْفِرَةٌ وَ آخِرُهُ ْعِتْقُ مِنَ النَّار.11

«Расули Акрам(с) фармуданд: Рамазон Моҳе аст, оғоз он раҳмат, мобайни он омӯрзиш ва поёни он озодӣ аз оташ аст».

Асбоби мағфират: Истиғфору талаби омӯрзиш, тавба ва бозгашт, касби ҳасанот, салавот фиристодан бар Паёмбари Ислом(с), зикри Худо, хондани Қуръон, намозҳои нофила, инфоқ, шабзиндадорӣ хусусан дар шаби қадр, муҳаббати Расули Худо(с) ва хонадонаш, бароварда кардани ҳоҷати мӯъминон, намози ҷумъа ва намози ҷамоат, дуо, гиря аз хавфи Худованд, ва…[12]

قَالَ  رَسُل الله (ص): مَنْ صَامَ شَهْرَ رَمَضَانَ وَ قَامَهُ إِيمَاناً وَ احْتِسَاباً غَفَرَ اللَّهُ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ وَ مَا تَأَخَّر.13

«Ҳар кас моҳи Рамазонро аз рӯи имон ва  барои Худо ва подоши ӯ, рӯза бигирад ва ба ибодат бархезад, гуноҳони гузаштааш омӯрзида мешавад; ва ҳар кас шаби қадрро аз рӯи имон ва ба умеди подоши илоҳӣ, ба ибодат биистад, гуноҳони гузаштааш бахшуда мегардад».

Рӯзадоронро ба се даста тақсим кардаанд: Дастаи аввал касоне, ки танҳо шиканандаҳои рӯзаро тарк мекунанд, вале аз анҷоми ҳаромҳои дигар худдорӣ намекунанд. Ин гурӯҳ, танҳо сахтии гуруснагӣ ва ташнагӣ ва тарки дигар шиканандаҳои рӯзаро таҳаммул мекунанд ва рӯзаи онон назди Худованд чандон арзише надорад. Аз ин рӯза ба рӯзаи авом таъбир мешавад. Дастаи дуввум касоне ҳастанд, ки илова бар тарки шиканандаҳои рӯза тамоми аъзои зоҳирии вуҷудашон низ рӯза аст ва ҳамаи гуноҳони дигарро ҳам дар моҳи Рамазон тарк карда ва тақвои илоҳиро ба таври комил риоят мекунанд, яъне чашми худро аз дидани ончи ҳаром аст, ҳифз мекунанд ва гӯши худро аз шунидани ҳаром бозмедоранд ва бо забони худ гирифтори гуноҳоне монанди ғайбат, тӯҳмат, носазогӯӣ ва дурӯғ намешванд ва бо пои худ ба ҷое, ки рафтан ба онҷо ҳаром аст, намераванд бо дасти худ коре, ки ҳаром аст, анҷом намедиҳанд. Рӯзаи ин гурӯҳ, ки аз он ба рӯзаи хавос таъбир мешавад, назди Худованд арзиши бисёре дошта ва мӯҷиби покии тинату ботин, сафои дил ва ҷалои рӯҳи чунин рӯзадороне мешавад. Подоши ин рӯза афзун бар наҷот аз азоби ҷаҳаннам, бархӯрдорӣ аз неъматҳои бепоёни илоҳӣ дар биҳишти ҷовидон аст. Дастаи сеюм, бандагони махсуси илоҳӣ ҳастанд, ки дар моҳи Рамазон афзун бар тамоми аъзо ва ҷавореҳи зоҳириашон, қалби онон низ рӯза аст. Онҳо қалби худро аз таваҷҷӯҳ ба мубоҳҳо ва корҳои оддӣ манъ карда, пайваста машғули зикри Худованд ва таваҷҷӯҳ ба асмо ва сифоти зоти аҳадӣ ҳастанд. Дар дилҳои онон касе ҷуз Худо вуҷуд надорад.[14]

Таъкид бар баҳрабарӣ аз баракоти моҳи Рамазон

« قَالَ رَسُولُ اللَّهِ (ص): « أَتَاكُمْ رَمَضَانُ شَهْرٌ مُبَارَكٌ فَرَضَ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ عَلَيْكُمْ صِيَامَهُ تُفْتَحُ فِيهِ أَبْوَابُ السَّمَاءِ وَتُغْلَقُ فِيهِ أَبْوَابُ الْجَحِيمِ وَتُغَلُّ فِيهِ مَرَدَةُ الشَّيَاطِينِ لِلَّهِ فِيهِ لَيْلَةٌ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ مَنْ حُرِمَ خَيْرَهَا فَقَدْ حُرِمَ».15

«Моҳи Рамазон шуморо фаро расидааст; моҳи муборак аст, моҳе аст, ки Худованд рӯзаи онро бар шумо фарз гардондааст, дарҳои осмон дар он моҳ боз ва шаётин дар он моҳ дар банд мебошанд ва дар он шаби қадр аст, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст. Маҳрум касе аст, ки аз он шаб маҳрум бимонад».

قال رسول الله (ص): إنما سمى رمضان لأنه يرمض الذنوب وإن فى رمضان ثلاث ليال من فاتته فاته خير كثير ليلة تسع عشرة وليلة إحدى وعشرين وآخرها سوى ليلة القدر فمن لم يغفر له فى شهر رمضان ففى أى شهر يغفر له16

«Паёмбари Акрам (с) фармуданд: Ин моҳро Рамазон номиданд, ба хотири ин ки гуноҳонро месӯзонад ва дар ин моҳ се шаб аст, ки касе ин се шабро аз даст бидиҳад хайри бузургеро аз даст додааст (он шабҳо иборатнд аз) шаби нуздаҳум, шаби бисту якум ва шаби дигараш шаби қадр аст. Ҳар касе дар моҳи Рамазон бахшида нашуд, пас дар кадом моҳ бахшида мешавад?»

Дар ин ду ривоят чанд хусусияти махсус барои моҳи Рамазон зикр шудааст: Моҳи зиёфати Худованд, моҳи муборак, шаётине ки сабаби анҷоми гуноҳ мешаванд дар банд, дарҳои осмон (биҳишт) дар он боз, дарҳои ҷаҳаннам дар он бастаанд, дар он шаби қадр аст, ки аз ҳазор моҳ бартар ва моҳи сӯзонандаи гуноҳон аст.

Дар ҳақиқат Худованд томоми шароити бахшиши бандагонро фароҳам намудааст ва маълум аст, ки бо ин ҳама шароит агар бандагони гунаҳкор коре накунанд, ки гуноҳонашон бахшида шавад, аз ҷумлаи маҳрумон қарор мегиранд ва ҷо дорад, ки Паёмбари Акрам(с) бигӯянд, ки «Ҳар касе дар моҳи Рамазон бахшида нашуд, пас дар кадом моҳ бахшида мешавад?»

Масали касе, ки аз ин моҳ баҳра набарад масали шахси гуруснае аст, ки аз сари суфраи зиёфат бо шиками гурусна ва лаби ташна бархезад.

قال رسول الله (ص): الصلوات الخمسُ؛ و الجُمُعَه إِلی الجُمُعَه؛ و رَمَضانُ إِلی رَمَضان، مُکَفِّراتٌ ما بَینَهُنَّ إِذا اُجتُنِبَ الکَبائرُ17

«Паёмбари Акрам (с) фармуданд: Намозҳои панҷгона, намози ҷумъа то намози ҷумъа ва моҳи Рамазон, поккунандаи гуноҳони миёни онҳоянд, ҳаргоҳ, ки аз  гуноҳони кабира парҳез шавад».

[1] .  Фазоилул ашҳуруссалоса, саҳ.

[2] . Сафои ботин дар партави Рамазон, Сайид Муҳаммад Шафеӣ, саҳ.51то84.

[3] . Сафои ботин дар партави Рамазон, Сайид Муҳаммад Шафеӣ, саҳ.89.

[4] . Фазоилул ашҳуруссалоса, саҳ.140, саҳеҳи Ибни Хузайма, ҷ.3, саҳ.113, ҳадиси 1779, Муснади Абияъло, ҷ.11, саҳ.36.

[5] . Тафсири Нур, ҷ.1, саҳ.289.

[6] .  Биҳор, ҷ.93, саҳ.356, боби 46.

[7] . Тафсири Намуна, ҷ.21, саҳ 161.

[8]. Сураи Бақара, ояти.185.

[9] . Тафсири Намуна, ҷ1, саҳ.635.

[10] . Раҳтӯшаи роҳиёни нур, вижаи моҳи мубораки Рамазони 1428 қамарӣ,1386 шамсӣ, саҳ.21.

[11] .  Кофӣ, ҷ4, саҳ66, Саҳеҳи Ибни Хузайма, ҷ.3, китоби сиём, боби фазоили моҳи Рамазон, саҳ.193, ҳадиси 1887.

[12] . Арзиш ва аҳамияти моҳи мубораки Рамазон, саҳ.118.

[13] .  Мустадракулвасоил, ҷ.7, саҳ, 397, Сунани Тирмизӣ, ҷ.3, боби мо ҷоа фи фазли Рамазон, саҳ.162 ҳадиси.685, Саҳеҳи Бухорӣ, китоби Аймон, боби Савми Рамазон, ҷ.1, саҳ.76, Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ.18, саҳ.182, ҳадиси 8640.

[14] . Раҳтӯшаи роҳиёни нур, вижаи моҳи мубораки Рамазони 1428 қамарӣ,1386 шамсӣ, саҳ.24.

[15] .  Таҳзибулаҳком, ҷ.4, боби фарзуссиём, саҳ 152, бо каме тафовут, « أَبْوَابُ الْجِنَانِ» Сунани Нисоӣ, ҷ.7, саҳ.297 ҳадиси.6851, Муснади Ибни Ҳанбал, ҷ.19, саҳ. 176.

[16] .  Ҷомиъулкабири Суютӣ, ҷ.1, ҳарфи ҳамза, ҳадиси.9259, Ҷомеъулаҳодис, боби ини мушаддада маа ҳамза, ҷ.10, саҳ.3, ҳадиси.8936.

[17] .  Саҳеҳи Муслим, китоби Таҳорат, боби салотулхамс валҷамоа, ҷ.1, саҳ.144, ҳадиси.574, Муснади Ибни Ҳанбал, ҷ.15, саҳ.106.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.