Моҳи Рамазон, баҳори дуо ва муноҷот бо Худо

48

Моҳи Рамазон моҳи худсозӣ ва тасфияи рӯҳ аст. Худованд ҳамаи асбоби корро дар ин моҳ барои поксозӣ рӯҳу равони одамӣ аз олудагиҳо фароҳам намуда ва бо лутфу раҳматаи махсуси хеш ҳамаи дарҳо ва роҳҳоро дар ростои таҳзиби нафс ва сафои ботин ва такомули маънавӣ кушодааст. Фурсати бисёр хубе барои инсонҳо аст то дар канори ин суфраи бузург ва мутанаввеи раҳмати илоҳӣ бинишинад ва бо анвои ғизоҳои рӯҳӣ, рӯҳу равони худро тақвият кунанд.

Асбоби таҳзиби нафс ва худсозӣ дар моҳи Рамазон, танҳо ба рӯза гирифтан нест, балки тиловати оёти Қуръон, дуоҳо ва муноҷот бо Худо, итъом ва расидагӣ ба мустамандон ва маҳрумон, касби сабру муқовамат, ёди Худо ва қиёмат дар моҳи Рамазон, ки аз дастурҳои мустаҳаббии он аст, ҳар кадом нақше дар худсозӣ доранд. Яке аз онҳо, ки метавон гуфт нақши бисёр муҳимме дар худсозӣ дорад ва моҳи Рамазон баҳори он мебошад, дуо ва муноҷот аст.[1] То ҷое, ки барои ҳар шаб ва рӯзи ин моҳ дуоҳое ворид шудааст, ҳамчун дуоҳои рӯзона, Саҳар, Ҷавшани кабир, дуоҳои пас аз намозҳои воҷиб ва мустаҳаб, дар ин навиштор ибтидо ба баррасии арзиш ва аҳаммияти дуо, шева ва одоби дуо, осор ва фавоиди он баён дошта, сипас ба зикри чанд дуо аз адъия ва муноҷоти воридшуда дар ин моҳ мепардозем. 

Арзиш ва аҳамияти дуо

Арзиш ва аҳамияти дуо ва муноҷот бо Худо то бадонҷо аст, ки Қуръони Карим ба он аҳамият додааст ва дар ҳолоти анбиё, авлиё ва муъминон чунин баён доштааст.

«إِنَّهُمْ كَانُوا يُسَارِعُونَ فِي الْخَيْرَاتِ وَ يَدْعُونَنَا رَغَباً وَ رَهَباً وَ كَانُوا لَنَا خَاشِعِينَ».[2]

Ҳамон гуна ки аз ояти шарифа ба даст меояд онон дар шиддату рахват ва пирӯзӣ ҳамеша аз Худованд дархост ва талаб намуда ва ӯро мехондаанд.

Арзишу аҳамияти инсон ба мизони дуои вай буда ва иртиботи ӯ бо Худованд бастагӣ дорад. Ин гуна ки Қуръони Карим мефармояд:

«قُلْ مَا يَعْبَأُ بِكُمْ رَبِّي لَوْلَا دُعَاؤُكُمْ..»..[3]

ва низ фармуд:

«وَقَالَ رَبُّكُمُ ادْعُونِي أَسْتَجِبْ لَكُمْ إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِي سَيَدْخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِينَ».[4]

Бинобар ин, агар касе аз дуо рӯй гардонад, дигар дар пешгоҳи Худованд арзише надорад.[5]

Бинобар ин, ба чанд нуктаи ба даст омадаи аз ин мабҳас ишора мекунем:

  • Дуо, маҳбуби Худост, ӯ фамон медиҳад, ки дуо кунед ва аҳли дуо ва розу ниёз бошед.
  • Дуо, мӯҷиби иҷобат аст, бо фароҳам кардани шароити истиҷобат, ки ҳамон худсозӣ аст, ба посухи мусбати Парвардигор даст ёбед.
  • Дуо ибодат аст ва подоши ибодатро дорад ва аз нишонаҳои убудият ва бандагӣ аст, балки дуо беҳтарин ибодат аст.
  • Дуркунандагон аз дуо ва ниёиш, мустакбиранд ва дар сафи мутакаббирон ҳастанд.
  • Онон, ки аҳли дуо нестанд, азоби хоркунандаи дӯзах дар каминашон аст.

Пас дуо ба маънои руй овардани банда ба Худованд ва изҳори хушуу хузуъ дар баробари ӯ барои талаби ҳоҷат ва ниёз аз даргоҳи бениёз буда ва ҳадаф аз он наздик шудан ба ӯст. Бар ин асос рӯҳи ибодат дуо буда[6] ва ибодат ҳам ҳадафи офариниш аст.[7] Бинобар ин дуо аз муҳимтарин роҳҳои таҳаққуқи ин ҳадафи ниҳоӣ ба ҳисоб меояд.[8]

Паёмбари Акрам(с) фармуд: «الدُّعَاءُ مُخُّ العِبَادَۀِ وَ لاَ یِهلِکُ مَعَ الدُّعَاءِ أَحَدٌ»

«Дуо мағзи ибодат аст, ҳеҷ кас аз аҳли дуо ба ҳалокат намерасад»[9]. Яъне, дуо фикру андешаи инсонро тақвият ва боз мекунад ва ба он тароват мебахшад ва он ки бо дуо ва ниёиш ҳамдам ва ҳамроз ҳастанд бар асари истифода аз натоиҷи он, ҳамвора дар офият буда ва ҳаргиз ба ҳалокат намерасад.

Баъзе аз одоби дуо

Ҳар ибодате одоб ва шароите дорад, ки бидуни он одобу шароит, асарбахш нахоҳад буд, Бинобар ин бояд одобу шароити дуоро шинохт ва онро фароҳам кард то асарбахш бошад, ба унвони мисол, тасмим бар тарки гуноҳ, соф намудани қалб, ғизо ва касби ҳалол, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, пазируфтани раҳбари одил ва шоиста аз шароити дуо аст, одоби дуо низ бисёр аст, ки ба баъзе аз онҳо ишора мекунем.[10]

  1. Оғоз кардани дуо бо номи Худо ва зикри сифоти илоҳӣ;[11]
  2. Салавот ба Паёмбар)с (ва олаш;[12]
  3. Иқрор ба гуноҳ дар пешгоҳи Худованд;[13]
  4. Тазаррӯъ ва зорӣ ҳангоми дуо;[14]
  5. Ду ракъат намози ҳоҷат, қабл аз дуо;[15]
  6. Рӯ ба қибла дуо кардан;[16]
  7. Умумӣ дуо кардан;[17]
  8. Дуои дастаҷамъӣ;[18]
  9. Гумони нек ба истиҷобати дуо;[19]
  10. Дуо дар вақтҳо ва маконҳои муносиб ва муқаддас;[20]
  11. Дар ҳангоми дуо ду дастро баланд бардоштан[21].

Равшан аст, ки риояти ин шароит ва одоби ҳар кадом, нақши созанда дар тақвияти иртибот бо Худо ва худсозӣ дорад ва инсонро дар поксозӣ ва ҳаракати саҳеҳ ва устувор дар роҳи такомул, омодатар месозад, бар ҳамин асос дар дуои Хизр мехонем:

«اَللَّهُمَّ اغْفِر لِیَ الذُّنُوْبَ الَّتِی تَحْبِسُ الدُّعَاءَ»

«Худоё, биомурз он гуноҳонеро, ки монеи иҷобат ва асарбахшии дуо мегарданд».

Инҳо нишондиҳандаи он аст, ки дуо ва ниёиши саҳеҳ бо одоб ва шароит, пуштибон ва омили устувор ва амиқе барои баҳрагирӣ аз рӯҳи Рамазон дар роҳи худсозӣ аст. Мактаби моҳи Рамазон бо таваҷҷуҳ ба абъоди мухталифе, ки дорад, аз ҷумла дуо дар ин моҳи Худо, олитарин мактаби созанда барои парвариши рӯҳи пок ва қалби салим ва нияти холисона аст.

Бояд саъй кард, ки шеваи дуо карданро аз мактаби анбиё, авлиё ва солеҳон омӯхт, чаро ки ин мавзӯъ яке аз аркони аслии дуо аст, ки дуоҳои муносиб, маъқул, пурмаъно ва бар асоси усули саҳеҳ ва ҳисобшуда бошад, чунон ки дуоҳое, ки аз Паёмбар(с) нақл шуда ва ё дар Қуръон дида мешавад, ба равшанӣ ин матлабро ба мо меомӯзад, ки мазомини дуоҳо бояд аз кайфият ва умқи болое бархурдор бошад, ба унвони мисол, ҳазрати Иброҳими Халил(а)  қаҳрамони тавҳид пас аз таҷдиди бинои Каъба, чанд дуо кард, ки Қуръон дуои ӯро чунин баён мекунад, ӯ ба Худо арз кард:

«Павардигоро! Аз мо бипазир, ки ту шунаво ва доноӣ, Парвардигоро моро таслими фармони худ қарор деҳ ва аз насли мо уммате, ки таслими фармонат башанд, бавуҷуд овар! Ва шеваи саҳеҳи ибодатамонро ба мо нишон деҳ ва тавбаи моро бипазир,  ки ту тавбапазиру меҳрубонӣ. Парвардигоро (пас аз ман) дар миёни мардум паёмбаре аз худашон барангез, то оёти туро бар онҳо бихонад ва китобу ҳикматро ба онҳо биомузад ва покиза кунад зеро, ту бар ин кор тавоно ва огоҳ ҳастӣ»[22].

»Парвардигоро! Ин шаҳр (Макка)-ро шаҳри амне қарор деҳ! Ва ману фарзандонамро аз парастиши бутҳо дур нигаҳ дор, онҳо (бутҳо) бисёре аз мардумро гумроҳ сохтанд, ҳар кас аз ман пайравӣ кунад аз мост ва ҳар кас нофармонӣ кунад, ту бахшандаи меҳрубонӣ. Ту медонӣ ончиро ки мо дар ниҳон ва ошкор анҷом медиҳем ва чизе дар замину осмон бар Худо пинҳон нест.« [23]

Бо таваҷҷӯҳ ба ин оёт ва оёти дигар метавон дар як нигоҳи куллӣ дуоро дар Қуръони Карим ба ин гуна баён дошт.

  • Дуо ҳамроҳи имон ва амалли солеҳ бошад.[24]
  • Бо ихлос бошад.[25]
  • Бо тазаррӯъ ва махфиёна бошад.[26]
  • Бо биму умед бошад.[27]
  • Дар соати хоссе бошад.[28]
  • Дуокунанда аз исмҳои илоҳӣ баҳра бигирад.[29]

Осор ва фавоиди дуо

Дуо, инсоро аз газанди душманон ва мухолифон раҳоӣ бахшида ва дарҳои рўзиро ба рӯи ў мекушояд. Аз вуқуи умуре, ки тақдир шуда ва ё нашуда пешгирӣ мекунад. Дуо, сабаби тандурустӣ ва беҳбудӣ аз ҳар беморӣ аст. Дасти дуокунанда ҳаргиз холӣ аз фазлу раҳмати Худованд барнамегардад.

Бар асоси ривоёте ҳеҷ бандае дасташро ба даргоҳи Худованд намекушояд, магар ин ки Худованди азза ва ҷал шарм мекунад, ки чизе аз фазли раҳмати хеш дар он нагузошта, дасти ўро холӣ баргардонад, пас ҳар гоҳ, ки дуо мекунед, то дастатонро бар рўй накашидаед барнагардонед.[30]

Ва аз ҳама муҳимтар наздик шудан ба Худованди Маннон ва эҳсоси бениёзӣ аз ғайри ў ва танҳо дил бастан ба маъбуди ҳақиқӣ аз дигар осор ва фоидаҳои дуо ба ҳисоб меояд. Нуктаи дигаре, ки бояд ёдоварӣ намуд ин аст, ки таваҷҷӯҳи амиқ ба мӯҳтавои дуоҳо мӯҷиби боло рафтани сатҳи маълумот ва маърифат шуда ва ошноии инсонро ба мафоҳиму арзишҳои баланди созанда ва такомулбахш, ки дар раъси онҳо масъалаи тавҳид ва абъоди он аст, чандин баробар мекунад.

Чаро дуоҳои мо мустаҷоб намешаванд?

Дар инҷо баҳсе матраҳ мешавад, ки дуоҳои мо чаро мустаҷоб намешавад? Пешинаи ин пурсиш ба давраҳои қабл боз мегардад ба гунае, ки гурӯҳе назди Имом Содиқ(а) омаданд ва гуфтанд: «Чаро мо дуо мекунем, вале дуоҳои мо ба иҷобат намерасад? Имом(а) дар посух фармуданд: Чун касеро мехонед,  ки ӯро намешиносед»[31].

Яъне дар канори дуо бояд таваҷҷуҳ ба маориф ва шинохти Худо ва усули такомул низ вуҷуд дошта бошад.

Шахсе назди ҳазрати Алӣ(к) омад ва аз истиҷобат нашудани дуо шикоят кард ва гуфт: Бо ин ки Худованд ваъдаи иҷобати дуо додааст, чаро дуоҳои мо мустаҷоб намешавад? Он бузургвор дар посух чунин баён доштанд: «Қалб ва фикри шумо дар чанд чиз мурдааст. Аз инру дуоятон мустаҷоб намешавад:

  1. Шумо Худоро шинохтаед, аммо ҳаққи ўро адо накардаед; ба ҳамин далел шинохти шумо суде ба ҳолатон надоштааст.
  2. Шумо ба фиристодаи ў имон овардаед, сипас бо суннаташ ба мухолифат бархостаед.
  3. Китоби ўро хондаед, вале ба он амал накардаед.
  4. Шумо мегӯед аз муҷозот ва кайфари Худо метарсед, аммо ҳамвора корҳое мекунед, ки мӯҷиби кайфар мешавад.
  5. Мегӯед ба подоши илоҳӣ алоқа, доред аммо ҳамеша корҳое анҷом медиҳед, ки шуморо аз он дур месозад.
  6. Неъмати Худоро мехӯред ва шукри ўро ба ҷо намеоваред.
  7. Ба шумо дастур додааст: Душмани шайтон бошед, вале шумо иддаои душманӣ бо шайтонро доред, аммо дар амал бо ў мухолифат намекунед.
  8. Шумо айбҳои мардумро ҳадафи худ сохта ва айбҳои худро фаромӯш кардаед. Бо ин ҳол чӣ гуна интизор доред дуоҳоятон ба иҷобат бирасад? Дар ҳоле ки худатон дарҳои онро бастаед?

Тақво пеша кунед ва аъмоли хешро ислоҳ намоед.[32]

Ин ҳадиси пурмаъно бо сароҳат мегӯяд: ваъдаи Худованд ба иҷобати дуо якбор машрут аст на мутлақ, машрут ба он ки шумо ба ваъдаҳо ва паймонҳои худ амал кунед дар ҳоле ки шумо аз ҳашт роҳ паймоншиканӣ кардаед, ва агар ба ин паймоншиканӣ поён диҳед дуои шумо мустаҷоб мешавад. Ва амал ба дастуроти ҳаштгонаи фавқ, ки дар ҳақиқат шароити истиҷобати дуо аст барои табияти инсон ва ба кор гирифтани нерӯҳои ӯ дар як масири созанда ва самарабахш кифоят мекунад.

Мафоҳими дуоҳои ин моҳ

Дуоҳои исломӣ ба хусус дуоҳои воридшуда дар ин моҳ гавҳаре аз дарёи маорифи баланди мактаби ҷовидони Ислом, ки дар ин қолиб баён шудааст. Барои касоне, ки хостори наздик шудан ба даргоҳи Худои мутаол, муносиб ва лозим аст, ки дар мазмуни дуоҳо диққат ва таваҷҷуҳ бештар намоем.

Бо ин нигоҳ ба чанд нукта аз омузаҳои волои ин адъия ишора мекунем то битавонем истифодаҳои кофиро бибарем.

  1. Омӯрзишхоҳӣ

Моҳи Рамазон моҳи омурзишу мағфирати илоҳӣ аст. Ба таносуби ҳамин маъно бахши умдае аз хостаҳои мо дар дуоҳо, талаби омурзиш аз даргоҳи Худованд аст ва ин ки аз гуноҳон даргузарад ва мабодо ин моҳ сипарӣ шавад ва ҳамчунон бори гуноҳони нобахшудашуда бар гардани мо сангинӣ кунад. Ии мазмун дар бисёре аз дуоҳо ва муноҷотҳои ин моҳ дида мешавад ва ба ростӣ ҳам бидуни он инсон аз баракоти ин моҳ маҳрум мемонад.

  1. Ҳаҷ ва зиёрати хонаи Худо

Анҷоми ҳаҷ ва аъмоли он заминае барои дарбар гирифтани мағфирати илоҳӣ аст. Дар дуоҳои гуногуни ин моҳ тавфиқи зиёрати хонаи Худо ва ҳарами Паёмбар(с) хоста шудааст. Ва чун шабҳои қадр тибқи хостаҳои мо ва иродаи илоҳӣ шабҳои таъини сарнавишт аст, бо исрор аз Худо хоста шуда, ки дар муқаддароти ҳатмии ин моҳ номамонро ҷузъи зоирони Байтуллоҳилҳаром сабт кунад.

  1. Шаҳодатталабӣ

Аз арзишҳои муҳимми дуоҳои ин моҳ шаҳодатталабӣ ва орзуи кушта шудан дар роҳи Худост. Шаҳодатталабӣ марҳалаи болотаре аз дилбастагиҳои дунявӣ ва ёди охират аст.

  1. Наҷот аз дӯзах ва вуруд ба биҳишт

Дар охират саранҷоми ҳамаи инсонҳо равшан мешавад. Баранда касе аст, ки бо аъмолаш ё бо бархурдорӣ аз ғуфрони илоҳӣ аз азоб наҷот ёбад ва биҳиштӣ шавад. Дархости наҷот аз ҷаҳаннам ва бароат аз оташ ва ҳамчунин вуруд ба биҳишт ва бархурдорӣ аз анвои неъматҳои илоҳӣ аз хостаҳои дигари матраҳ дар дуоҳои ин моҳ аст.

  1. Неъматҳои дунявӣ

Ислом ҳам дунёи инсон ва ҳам охирати ӯро таъмин мекунад. Дар дуоҳои ин моҳ ҳам хостаҳои маънавӣ ва ниёзҳои ухравӣ ва ҳам хостаҳои дунявӣ ва моддӣ матраҳ гардидааст, ки ин нигариш ҷомеияти Исломро мерасонад. Дар дуоҳои ҳар рӯзи моҳ, аз ҷумла хостаҳои мо бениёзии фақирон, серии гуруснагон, пӯшиши беҷомагон, адои қарзи бидеҳкорон, кушоиш барои гирифторон, бозгашти ғарибон, озодии асирон, ислоҳи умур ва шифои бемориҳо матраҳ гардидааст.

  1. Авсофи Худо ва дарси тавҳид

Ин масъала на ба унвони як хоста, балки ба сурати таваҷҷӯҳ додан ба авсофи Худованд дар бештари дуоҳои ин моҳ баён шудааст ва дарси тавҳидро метавон аз дуои Ҷавшани кабир, ки сартосари он номҳои Парвардигор ва авсофи ӯст омӯхт ва ҳама баёнгари ин нукта аст, ки чӣ гуна Худовандро бишиносем ва бо шинохт Худоро бихонем.

  1. Нузули Қуръон

Моҳи Рамазон моҳи нузули Қуръон аст, ба хусус шаби Қадр, ки ба тасреҳи сураи Қадр дар ин шаб Қуръон нозил шудааст. Бар ҳамин асос дар дуоҳо низ ба ин мазмун ишора шуда то бандагони илоҳӣ ба фазилати ин моҳ ва вазифаи ибодӣ дар тиловати каломи Худо бештар таваҷҷӯҳ кунанд.

Мазомини дуоҳои рӯзона

Аз ҷумла дуоҳое, ки ҳамаҷо дар аёми моҳи Рамазон хонда мешавад, дуоҳои рӯзонаи он аст. Шарҳи мафоҳими ҳар як аз ин дуоҳо дар як барномаи рӯзона метавонад судманд ва асарбахш бошад. Аз ин рӯ ба таври ишора мазмунҳои куллии онро зикр мекунем.

Дуои рӯзи аввал: Намозу рӯзаи воқеӣ, бедорӣ аз ғафлат ва бахшоиши ҷурм.

Дуои рӯзи дуввум: Хашму ризои Худо, қироати Қуръону тадаббур дар он.

Дуои рӯзи сеюм: Зеҳни бозу ҳақҷӯ, дурӣ аз сафоҳату тазвир ва бархӯрдорӣ аз некиҳо.

Дуои рӯзи чаҳорум: Иқомаи амри Худо, ёди Худо ва зикр, шукри неъматҳо, саттор будани Худо.

Дуои рӯзи панҷум: Истиғфору тавба, абди солеҳ, авлиёи илоҳӣ.

Дуои рӯзи шашум: Гуноҳ, интиқоми илоҳӣ аз муҷримон, дурӣ аз мӯҷиботи хашми Худо.

Дуои рӯзи ҳафтум: Имдоди илоҳӣ барои ибодат, ёди мудовими Худо, тавфиқи илоҳӣ.

Дуои рӯзи ҳаштум: Ятимнавозӣ, итъом ва расидагӣ ба маҳрумон, салом, ҳамнишинӣ бо хубон.

Дуои рӯзи нӯҳум: Дар камини фурсатҳои камёб, зиндагии бурҳониву ақлонӣ, талош дар масири ризояти илоҳӣ.

Дуои рӯзи даҳум: Мафҳуми таваккул, фавзу комёбӣ, қурб ба Худо дар сояи зиндагӣ.

Дуои рӯзи ёздаҳум: Рӯҳияи эҳсону некӯкорӣ,  парҳез аз гуноҳ ва таваҷҷӯҳ ба зиштии он, саранҷоми гунаҳкорон ҷаҳаннам аст.

Дуои рӯзи дувоздаҳум: Пӯшишу сатри илоҳӣ, қаноату кафоат, адолату инсоф, эминӣ аз авоқиби гуноҳ.

Дуои рӯзи сенздаҳум: Покӣ аз гуноҳ, сабру муқовимат дар баробари мушкилот, тақво ва ҳамнишинӣ бо  солеҳон.

Дуои рӯзи чаҳордаҳум: Гуноҳу тавба, эминӣ аз балоҳои илоҳӣ, офатшиносӣ, иззат дар сояи бандагӣ.

Дуои рӯзи понздаҳум: Хушӯъ дар тоат, шарҳи садру зарфият доштан, Худо такягоҳи бандагон.

Дуои рӯзи шонздаҳум: Ҳамнишинӣ бо некону бадон ва таъсири муҷолисат, осоиш дар хонаи охират.

Дуои рӯзи ҳабдаҳум: Амали солеҳ, хостаҳо ва орзуҳо, илми илоҳӣ ба замири инсон ва ниёти ӯ.

Дуои рӯзи ҳаждаҳум: Саҳархезӣ ва баракоти он, нуронияти дил, дар хидмати Худо будан.

Дуои рӯзи нуздаҳум: Мафҳуми баракат, баракоти ин моҳ, анҷоми кори хайр,  милоки корҳои қабулии Худост.

Дуои рӯзи бистум: Аъмоли солеҳ дарҳои биҳишт аст, гуноҳ аз дарвозаи ҷаҳаннам аст, тиловат ва унс бо Қуръон, оромиш дар сояи имон.

Дуои рӯзи бисту якум: Касби ризояти илоҳӣ, наҷот аз султаи шайтон ва нафси аммора, дар талаби биҳишт будан.

Дуои рӯзи бисту дуввум: Тафаззулоти илоҳӣ, баракоти ин моҳ, кор барои ризои  Худо, биҳишт подоши холисон.

Дуои рӯзи бисту сеюм: Тавба аз гуноҳон, покӣ аз разоили ахлоқӣ, решаи дарунии тақво.

Дуои рӯзи бисту чаҳорум: Шинохти ризояти илоҳӣ,  парҳез аз мӯҷиботи ғазаби илоҳӣ, тоату тарки гуноҳ  бо тавфиқи Худост.

Дуои рӯзи бисту панҷум: Нафси муҳаббат дар созандагӣ, маҳбубҳо чӣ касоне ҳастанд? Тавалло ва табарро, улгугирӣ аз Паёмбар(с).

Дуои рӯзи бисту шашум: Талошҳои самарбахш, талош барои омӯрзиши гуноҳон, милок дар амал қабулии он аст, айбпӯшӣ.

Дуои рӯзи бисту ҳафтум: Мафҳуми шаби қадр ва сарнавишт, нақши иродаи инсон дар худсозӣ, муҳиммтарин хоста бахшоиши гуноҳон аст.

Дуои рӯзи бисту ҳаштум: Амал ба мустаҳаббот, расидан ба хостаҳо, тавассул, илтимос ба даргоҳи Худо.

Дуои рӯзи бисту нӯҳум: Бархӯрдорӣ аз раҳмати восеаи илоҳӣ, тавфиқи  Худо барои тарки гуноҳ, дурӣ тӯҳмату бӯҳтон.

Дуои рӯзи сиюм: Қабулии аъмол, поёни хуби корҳо, ризои Худо ва Расул, тавассул ва пайванд бо он Паёмбар(с).

[1] . Софӣ, Моҳи мубораки Рамазон мактаби олии тарбият ва ахлоқ, саҳ.224.

[2]. Сураи Анбиё, ояти 90.

[3]. Сураи Фурқон, ояти 77.

[4]. Сураи Ғофир, ояти 60.

[5]. Барои огоҳии бештар дар ин замина, р,к, ба: Сиддиқ Ҳусейн, Риёзул обидин, саҳ.16-17.

[6].  Маҷлисӣ, Биҳор, ҷ.93, саҳ.300.

[7].  «وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ» сураи Зориёт, ояти 56.

[8]. Онгуна  ки нақл шудааст : Дуо калидҳои пирузӣ ва ганҷинаҳои растагорӣ аст. «الدُّعَاءُ مَفَاتِیْحُ النَّجَاحِ وَ مَقَالِیْدُ الفَلاَحِ»

[9]. Маҷлисӣ, Баҳор, ҷ.93, саҳ.300.

[10]. Ба хотири тӯлонӣ нашудани матлаб, матни арабии ривоятҳоро дар пайнавишт меоварем.

[11]. Сураи Аъроф,180. Паёмбари Ислом фармуданд: Сунани Абидовуд, ҷ.2, саҳ.77.«إِذَا صَلَّی أَحَدُکُمْ فَلْیَبْدَأْ بِتَحْمِیدِ رَبِّهِ عَزَّ وَ جَلَّ وَ الثَّنَاءِ عَلَیْهِ».

[12].  Канзулуммол, ҷ.2, саҳ.78 .«الدُّعَاءُ مَحْجُوبٌ عَنِ اللهِ حَتَّی یُصَلِّیَ عَلی مُحَمَّدٍ وَ آلِ بَیْتِهِ»

[13]. Сураи Аъроф, ояти 55.«رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنْفُسَنَا وَ إِنْ لَم تَغفِرْ لَنَا وَ تَرحَمْنَا لَنَکُونَنَّ مِنَ الخَاسِرِینَ»

[14]. Сураи Аъроф, ояти 55.«ادْعُواْ رَبَّکُمْ تَضَرُّعاً وَ خُفْیَۀً إِنَّهُ لاَ یُحِبُّ المُعْتَدِینَ»

[15].  Мизонулҳикма.

[16].  Саҳеҳи Муслим. Ҷ3. Саҳ. 1320.

[17]. Сунани Абидовуд, ҷ.1, саҳ.22.

[18]. Алмустадрак, ҷ.3, сақ.47.

[19]. Сунани Тирмизӣ, ҷ.5, саҳ.517.

[20]. Вақтҳо ва маконҳои муқаддасро метавон чунин баён дошт:  Баъд аз намозҳои фарзӣ, дар нисфи шабҳо, ҳангоми саҳар, рӯзҳои ҷумъа, дар саҷда, дар моҳи мубораки Рамазон, рӯзи Арафа, дар Сафо, дар Марва ва Машъарулҳаром, дар ҳангоми ифтори рӯза, баъд аз вафоти мурда, байни азону иқома. Ва ба таври куллӣ дар ҳар замон ва маконе чаро, ки фармуд:

 «وَ إِذَا سَأَلَكَ عِبَادِى عَنىّ‏ِ فَإِنىّ‏ِ قَرِيبٌ  أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ  فَلْيَسْتَجِيبُواْ لىِ وَ لْيُؤْمِنُواْ بىِ لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُونَ».сураи Бақара, ояти186.

[21]. Сунани Абидовуд, ҷ.3, саҳ.89, Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ, 198.

[22] . Сураи Бақара, ояти 127-129.

[23] . Сураи Иброҳим, ояти 35-38.

[24] .  Сураи Шуро, ояти 26. «وَ يَسْتَجِيبُ الَّذِينَ آمَنُوا وَ عَمِلُوا الصَّالِحاتِ»

[25] . Сураи Ғофир, ояти 14. «فَادْعُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ»

[26] . Сураи Аъроф, ояти.55. «ادْعُوا رَبَّكُمْ تَضَرُّعاً وَ خُفْيَةً»

[27] . Сураи Аъроф, ояти.56. «وَ ادْعُوهُ خَوْفاً وَ طَمَعاً»

[28] . Сураи Анъом, ояти.52. «يَدْعُونَ رَبَّهُمْ بِالْغَداةِ وَ الْعَشِيِّ»

[29] . Сураи Аъроф, ояти. 180«وَ لِلَّهِ الْأَسْماءُ الْحُسْنى‏ فَادْعُوهُ بِها».

[30] . Кофӣ, ҷ.2, саҳ.471, Сунани Абидовуд, ҳадиси 1488, Сунани Тирмизӣ, ҳадиси 3556.

[31] . Биҳор, ҷ.93, саҳ.386.  «قَالُواْ: فَمَا بَالَنَا نَدْعُوا فَلاَ یُسْتَجَابُ لَنَا؟ قَالَ: لِأَنَّکُمْ تَدْعُونَ مَنْ لاَ تَعْرِفُوْنَهُ»

[32] .  Шайх Аббос, Сафина, ҷ1. Саҳ 448-449.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.