17 -уми моҳи мубораки Рамазон: Меъроҷи Расули Худо(с)

182

Достони меъроҷи Расули Худо(с) дар як шаб аз Маккаи Муаззама ба масҷиди Ал-Ақсо ва аз онҷо ба осмонҳо ва бозгашт ба Макка, дар Қуръони Карим дар ду сура ба  таври иҷмол зикр шудааст, ки яке аз онҳо дар сураи “Исро” ва дигарӣ дар сураи муборакаи “Наҷм” омадааст. Аммо дар кайфият ва чӣ гунагии меъроҷ ончи машҳӯр аст, ин аст, ки ин сайр шабона  бо хусусиёте, ки дар зер хоҳем овард, дар солҳои охири иқомати он ҳазрат дар шаҳри Макка иттифоқ афтод, шаби ҳабдаҳуми Рамазон ва шаби бисту якуми он моҳ гуфтааанд.

Маъруф он аст, ки Расули Худо(с)  дар он шаб ба меъроҷ рафт ва маҷмӯи муддате, ки он ҳазарт ба сарзамини Байтулмуқаддас ва масҷиди Ақсо ва осмонҳо рафту бозгашт, як шаб бештар тӯл накашид, ба тавре ки субҳи он шабро дар ҳамон хона буд.

Имом Содиқ(р) фармуд: ”Расули Худо(с) намози  хуфтан ва намози субҳро дар Макка хонд, яъне исро ва меъроҷ дар ин фосила иттифоқ афтод ва дар ривоёт ба ихтилофи иборот аз Расули Худо(с) фармуданд: ”Ҷабраил(а) дар он шаб бар он ҳазрат нозил шуд ва маркаберо, ки номаш Буроқ[1]  буд барои ӯ овард ва Расули Худо(с) бар он савор шуда ба сӯи Байтулмуқаддас ҳаракат кард ва дар роҳ дар чанд нуқта истоду намоз баҷо овард дар Мадина, дар масҷиди Кӯфа,  дар Тури Сино, Байтлаҳм- зодгоҳи ҳазрати Исо(а)- ва сипас вориди масҷиди Ақсо шуд ва дар онҷо намоз хонда аз онҷо ба осмон  рафт.

Сипас ба осмони дунё боло рафт ва дар онҷо  Одами абӯлбашарро дид, онгоҳ фариштагон даста даста ба истиқбол омада бо рӯи хандон бар он ҳазрат салом карда табрику таҳният гуфтанд.

Сипас фармуд: Ва аз онҷо ба гурӯҳе гузаштам, ки пеши рӯи онҳо зарфҳое аз гӯшти поку гӯшти нопок буд ва онҳо нопокро мехӯрданд ва покро тарк мекарданд, аз Ҷабраил(а) пурсидам: Инҳо чӣ касоне ҳастанд?  Гуфт: Афроде аз уммати ту ҳастанд, ки моли ҳаром мехӯрданд ва моли ҳалолро во мегузорданд. Ва мардумеро дидам, ки лабоне чун лабони шутурон доштанд ва гӯштҳои паҳлӯяшонро чида дар даҳонашон мегузоранд, пурсидам: Инҳо чӣ касоне ҳастанд? Гуфт: Инҳо касоне ҳастанд, ки аз мардум айбҷӯӣ мекунанд, мардумони дигареро дидам, ки сарашонро ба санг мекӯфтанд ва чун ҳоли онҳоро пурсидам посух дод: Инҳо касоне ҳастанд, ки намози шомгоҳ ва хуфтанро намехонданд ва мехуфтанд. Мардумеро дидам, ки оташ дар даҳонашон мерехтанд ва аз нишинмангоҳашон берун меомад ва чун  аз вазъи онҳо пурсидам, гуфт: Инҳо касоне ҳастанд, ки  амволи ятимонро ба ситам мехӯранд. Гурӯҳеро дидам, ки шикамҳои бузурге доштанд ва наметавонистанд аз ҷой бархезанд гуфтам: эй Ҷабраил(а) инҳо чӣ касоне ҳастанд? Гуфт: Касоне ҳастанд, ки рибо мехӯранд. Занонеро дидам, ки бар пистон овезонанд, пурсидам: Инҳо чӣ заноне ҳастанд? Гуфт: Занони зинокоре ҳастанд, ки фарзандони дигаронро ба шавҳарони худ мансуб медоранд. Сипас ба фариштагоне бархӯрдам, ки тамоми аҷзои баданашон тасбеҳи Худо мекард[2].

Ва аз онҷо ба осмони дуввум рафтем ва дар онҷо Яҳё(а) ва Исо(а)-ро дидам.

Ва аз онҷо ба осмони севвум боло рафтему дар онҷо Юсуф(а)-ро дидам, бар ӯ салом кардам ва посух дода таҳнияту табрик гуфт.

Аз онҷо ба осмони чаҳорум  боло рафтем ва  дар онҷо Идрис(а)-ро дидам бар ӯ салом кардам, посух дод ва барои ман омӯрзиш хост ва  барои ман ва уммати ман муждаи хайр доданд.

Сипас ба осмони панҷум рафтем ва дар онҷо Ҳорун ибни Имрон(а)-ро дидам, бар ӯ салом кардам, посух дод.

Онгоҳ ба осмони шашум боло рафтем ва дар онҷо Мусо ибни Имрон(а)-ро дидам, бар ӯ салом кардам  ҷавоб дод.

Сипас ба осмони ҳафтум рафтем ва дар онҷо падарам Иброҳим(а)-ро дидам, бар ӯ салом кардам, ҷавоб доду табрику таҳният гуфт ва фариштагонеро дар онҷо дидам, ки дар осмонҳои  пешин монанди онҳоро дида будам ва сипас дарҳое аз нур, ки дурахшандагии онҳо чашмро  хира мекард ва дарҳое аз зулмату торикӣ ва дарҳое аз барфу яхи ларзон дидам ва чун бимнок шудам Ҷабраил(а) гуфт: Ин қисмате аз махлуқоти Худост.

Ва дар ин ки чӣ суханҳое Худо ба он ҳазрат ваҳй кард дар ривоёт ба таври мухталиф нақл шудааст ва Қуръони Карим ба таври иҷмол ва сарбаста мегӯяд:

«فاوحی الی عبده ما اوحی»  “Пас ваҳй кард ба бандааш ончиро ваҳй кард”.

Дар ҳадисе аст, ки он ваҳй се чиз буд: 1-вуҷуби намоз, 2- оёти поёнии сураи Бақара, 3-омӯрзиши гуноҳон аз ҷониби Худои Мутаол ғайр аз ширк.  Дар ҳадисе омадааст, ки Худованд номҳои биҳиштиён ва дӯзахиёнро ба ӯ ваҳй фармуд. Ва бар ҳар сурат Расули Худо(с) фармуд: Пас аз ин ки муноҷот бо Худои  Таоло итмом ёфт, бозгаштам.

Ривоёти дигаре дар ин бора

Дар бораи чизҳое, ки Расули Худо(с) он шаб дар осмонҳо ва биҳишту дӯзах  ва балки рӯи замин мушоҳида кард, ривоёти зиёди дигаре низ ба таври пароканда ворид шудааст, ки мо дар зер қисмате аз онҳоро интихоб карда  нақл мекунем:

Дар ҳадисе ки Садуқ дар  Амолӣ нақл кардааст, чун  Расули Худо(с) ба осмон рафт,  аз онҷо гузашт ва пирамардеро дид, ки рӯи тахте нишаста  ва чун назар ба ҷониби рости худ мекунад, хушҳолу хандон мешавад ва ҳаргоҳ ба самти чапи худ менигарад гирён мегардад, ба Ҷабраил(а) фармуд: Ин пирамард кист? Посух дод: Ин падарат Одам(а) аст, ки ҳаргоҳ мебинад  касе дохили биҳишт мешавад хушҳолу хандон мегардад ва чун касеро мушоҳида  мекунад, ки ба дӯзах меравад гирёну андӯҳнок мешавад…. . То онҷо ки мегӯяд: …. дар он шаб Худои Таоло панҷоҳ намоз бар ӯ ва бар уммати ӯ воҷиб кард ва чун боз мегашт убураш ба ҳазрати Мусо(а) афтод, пурсид: Худои Таоло чӣ қадар намоз бар уммати ту воҷиб кард? Расули Худо(с) фармуд: Панҷоҳ намоз, Мусо(а) гуфт: бозгард ва аз Худо бихоҳ тахфиф диҳад! Расули Худо(с) бозгашт ва тахфиф гирифт, вале Мусо(а) дубора гуфт: баргард ва тахфиф бигир, зеро уммати ту(аз ин назар)заифтарини умматҳо ҳастанд ва аз инрӯ баргард ва тахфифи дигаре бигир, чун ман дар миёни бани Исроил будаам ва онҳо тоқати ин миқдорро надоштанд. Ва ба ҳамин тартиб чанд бор Расули Худо(с) боз гашт ва тахфиф гирифт, то он ки Худои Таоло намозҳоро рӯи панҷ  намоз муқаррар фармуд ва чун боз Мусо(с) гуфт: Боз гард, Расули Худо(с) фармуд: Дигар аз Худо шарм мекунам, ки ба наздаш боз гардам ва чун ба Иброҳими Халилур Раҳмон бархӯрд, аз пушти сар садо зад: Эй Муҳаммад(с) уммати худро аз ҷониби ман салом расон ва ба онҳо бигӯ:  Биҳишт обаш гуворо ва хокаш поку покиза ва даштҳои бисёре холӣ аз дарахт дорад ва бо зикри   ҷумлаи ” Субҳоналлоҳи валҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбару ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ” дарахте дар  он даштҳо кошта мешавад, уммати худро дастур деҳ, то дар он заминҳо дарахти зиёд бикоранд. Шайхи Тӯсӣ дар Амолӣ аз Расули Худо(с) ривоят кардааст, ки фармуд: Дар шаби меъроҷ чун дохили биҳишт шудам, қасре аз ёқути сурх дидам, ки шиддати дурахшандагӣ  ва нуре ки дошт, даруни он аз берун дида мешуд ва ду қубба аз дурру забарҷад дошт. Аз Ҷабраил(а) пурсидам: Ин қаср аз кист? Гуфт: Аз он касе, ки сухани поку покиза гӯяд ва рӯзаро идома диҳад(ва пайваста гирад) ва итъоми таом кунад. Ва дар шаб, ҳангоме, ки  мардум  дар хобанд намози шаб анҷом диҳад. Алӣ(к) гӯяд: Ман ба он ҳазрат арз кардам: Оё дар миёни  уммати шумо касе ҳаст, ки тоқати ин корро дошта бошад? Фармуд: Ҳеҷ медонӣ сухани пок гуфтан чист? Арз кардам: Худо ва Пайғамбар(с) донотаранд, фармуд: Касе ки гӯяд: “Субҳоналлоҳи валҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар”. Ҳеҷ медонӣ идомаи рӯза чӣ  гуна аст? Гуфтам: Худо ва Расулаш донотаранд, фармуд: Моҳи сабр (яъне моҳи Рамазон)ро рӯза гирад ва ҳеҷ рӯз онро ифтор накунад. Ҳеҷ медонӣ  итъоми таом  чист? Гуфтам: Худо ва Расулаш донотаранд, фармуд: Касе ки барои аёл ва нонхӯрони худ (аз роҳи машрӯъ) хӯрокӣ таҳия кунад, ки обрӯи эшонро аз мардум ҳифз кунад. Ва ҳеҷ медонӣ таҳаҷҷуд дар шаб, ки мардум хобанд чист? Арз кардам: Худо ва Расулаш(с) донотаранд, фармуд: Касе ки нахобад, то намози хуфтани худро бихонад, дар он вақте ки яҳуд ва насоро ва мушрикин мехобанд.[3]

[1] – Дар тавсифи Буроқ, дар чанд ҳадис омадааст, ки фармуд: Аз хар бузургтар ва аз қотир кучактар буд, дорои ду бол буд  ва ҳар гоме ки мебардошт то ҷоеро ки  чашм медид мепаймуд, ибни Ҳишом дар сира гуфта: Буроқ ҳамон маркабе буд, ки Паёмбарони пеш аз он ҳазрат(с) низ бар он савор шуда буданд. Ва дар ҳадисе аст, ки фармуд: Буроқ, сурате чун сурати одамӣ, ва ёле монанди ёли асп дошт, ва поҳояш монанди поҳои шутур буд. Ва бархе аз нависандагони рӯз ҳам дар садади тавҷеҳ баромада ва Буроқро аз моддаи барқ гирифта гуфтаанд: Суръати ин маркаб ҳамонанди суръати барқ ва нур будааст.

[2]– Садуқ дар китоби Уюн ба санади худ аз Амирал мӯъминин Алӣ(к) ривоят кардааст, ки фармуд: Ману Фотима(р) назди Паёмбар(с) рафтем ва ӯро дидам, ки ба шиддат мегирист, сабабро пурсидам, фармуд: Шабе, ки ба осмонҳо  рафтам, заноне аз уммати худро дар азоби сахте дидам ва гиряам барои сахтии азоби онҳост. Занеро ба мӯи сараш овезон дидам, ки мағзи сараш  ҷӯш омада буд,   занеро ба забон овезон дидам, ки аз ҳамими(оби ҷӯшон)ҷаҳаннам дар ҳалқи ӯ мерехтанд, занеро ба пистонҳояш овезон дидам, занеро дидам, ки гушти танашро мехӯрад ва оташ  аз зери ӯ фурӯзон буд, занеро дидам, ки поҳояшро ба дастҳояш баста буданд ва морҳову каждумҳо бар сараш рехта буданд, занеро куру кару гунг дар тобуте аз оташ, мушоҳида кардам, ки мағзи сараш аз бинии ӯ хориҷ мешуд ва баданашро хӯраву песӣ фаро гирифта буд.  Занеро ба поҳояш овезон дар тануре аз оташ дидам. Занеро дидам, ки  гӯшти танашро аз поён то боло ба қайчии оташин мебуриданд. Занеро дидам, ки дасту рӯяш буд ва зардобу рӯдаи худро мехӯрд. Занеро дидам, ки сараш сари хӯк ва баданаш бадани улоғ ва ба ҳазорҳо навъ азоб гирифтор буд. Занеро ба сурати саг  дидам,  ки оташ аз поён дар шикамаш мерехтанд ва аз даҳонаш берун меомад ва фариштагон бо гурзҳои оҳанин ба сару баданашон мекӯфтанд.

Фотима(р), ки ин суханонро аз падар шунид, пурсид: Падарҷон онҳо чӣ амалу рафторе доштанд, ки Худованд чунин азобе барояшон муқаррар дошта буд? Фармуд: Духтарам! Аммо он зане, ки  ба мӯи сар овезон шуда буд, зане буд, ки мӯи сари худро аз мардони номаҳрам намепӯшонд. Аммо он зане, ки ба забон овезон буд, зане буд, ки  бо забон шавҳари худро меозурд. Ва он зане, ки аз пистон овезон буд зане буд, ки  аз шавҳари худ дар бистар итоат намекард. Зане, ки аз поҳо овезон буд, зане буд, ки бе иҷозаи шавҳар аз хона берун мерафт. Аммо зане, ки гӯшти баданашро мехӯрд, зане буд, ки  бадани худро барои мардум ороиш мекард. Аммо зане, ки дастҳояшро ба поҳояш баста буданд  ва мору каждумҳо бар  ӯ мусаллат гашта, зане буд, ки ба таҳорати бадану либоси худ аҳамият надода ва барои ҷанобат ва ҳайз ғусл намекарду назофат надошт ва нисбат ба намози худ бе аҳамият буд. Аммо зане,  ки  куру кару гунг буд, зане буд, ки аз зино фарзандор шуда  ва онро ба гардани шавҳараш меандохт. Зане, ки  гӯшти танаашро бо қайчӣ мебуриданд, зане буд, ки худро дар маърази мардон қарор медод. Зане, ки сурату баданаш сӯхта ва аз рӯдаҳои худ мехӯрд, зане буд, ки васоили зино барои дигарон фароҳам мекард. Зане, ки сараш сари хӯк ва баданаш бадани хар буд, зани суханчини дуруғгӯ буд. Зане, ки сураташ сурати саг буд ва оташ дар шикамаш мерехтанд, занони хонандаву  навозанда буданд. Вой ба ҳоли зане, ки шавҳари худро ба хашм оварад ва хушо ба ҳоли зане, ки шавҳар аз ӯ розӣ бошад.

[3] -Баргирифта тафсири ибни Касир, зери ояти1сураи Исро.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.